ХАБАРИ ДОҒ

Восеъ: Раис дар аёдати бемор

  • Чоршанбе, Авг 10 2022

 

28.07.2022. Соат ба вақти Душанбе 08:23 дақиқа. Ба н. Восеъ, ба аёдати дӯсти овони ҷавонӣ, шарикдарсам (УДТ ба номи Ленин 1983-90), подполковники мустаъфии қушунҳои марзбонии ҶТ, Умед (Бахтиёр) Нурматов, ки мутаассуф, моҳи 8-ум аст, дар ҳолати сангини садамавии мағзисарӣ бистарист,  рафта, бо 1 манзараи аҷибе дучор омадам, ки мехоҳам онро бароятон қисса кунам…

 

Ношиноси шинос

Дар даҳони дар, бо 1 ҷавонмарди чусту чолок во хӯрдам, ки низ хонаи маризро мепурсид. Гуфтам бояд ҳамин ҷо бошад. Аввал ин кӯча ба номи Душанбе буд, ҳоло намедонам… Он мард гуфт, ҳоло ба номи Рустами Холалӣ гузошта шудааст ва афзуд ин номи Рустам Амакиев-қаҳрамонписари ноҳияст, ки дар дараи Ромит, дар ҷанг бар қиболи генерали вазорати мудофиа, ҳоҷӣ Ҳалим Назарзодаи хоин ҷон нисор карда буд. Кӯча ба номи ӯ гузошта шудааст.

Ҳайрон мондам, ки аз куҷо ин ҳамаро медонад. Дар сӯҳбат будем, ки модари шарикдарсам, муаллимаи собиқадор, нафари ба хурду калони шаҳраки Ҳулбук шинос, Ниҳолбӣ Мирзоева баромада моро пешвоз гирифт ва ба хона ҳидоят кард.

 

Шинос шавед-раиси ноҳия

Дар хона, сари бистари бемор, маълум шуд, ки ин ҷавонмарди нимашиноси ман, Ҷамшед Шарифзода -раиси нави н. Восеъ будааст!!!

Раис дар сӯҳбати муаллима (ниг.ба акс) «шиква» кард, чаро писаратон, ки умри худро ба таъмини амният ва оромии марзҳои кишвар бахшида, ҳудуди 30 сол дар сарҳади Афғонистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон хизмат карда ва имрӯз бемор аст, касе моро хабар накард? Муаллима ва ман ҳам гуфтем, ки усулан Баха Нурматов дар Душанбе бистарӣ буданд. 7 моҳ бо кӯшишу талоши шахсии Вазири тандурустӣ, доктори илми тибб, муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Беморхонаи Истиқлоли пойтахт-Хуршед Рустамзодшифо меёфтанд ва ҳафтаи пор ба Восеъ, ба ҳавлии падарӣ рухсат шудаанд…

Воқеан ҳам дар ин муддат, ки вазири тандурустӣ борҳо аз ҳоли бемор шахсан хабар мегирифт, 1 масъул аз кумитаи марзбонӣ беморхона наомад, то аз ҳоли полковники мустаъфӣ хабардор шуда, дили хонаводаашро гарм созад. Шояд вазъият дар сарҳад вайрон асту онҳо ҳама дар он ҷо шабу рӯз хобанд???

 

Хоксор ва мардумӣ

Ман ростӣ, раисеро бо ин шеваи мардумӣ ва хоксорӣ бори аввал медидам. Ӯ бо бемор тарзе сӯҳбату ишорот мекард, ки гӯиё 100 сол ӯро мешиносад. Муаллима Ниҳолбиро очаҷон гуфта, навозишу дилвардорӣ мекард. Бо бародарону хоҳарони бемор самимӣ сӯҳбат мекарду бо кӯдакон шӯхиву бозӣ. Ҳол он ки инҳоро нахустин бор медид. Ба дил гуфтам: Раис бояд чунин бошад!!!

Пасон маълум шуд, ки бо ташаббуси раиси ноҳия хона-музейи қаҳрамонписари тоҷик-Рустам Амакиев пурра бунёд ёфта, манзили зисти волидайнаш низ таъмир шудааст. Раис ҳар боре роҷеъ ба низомиён, муаллимон, афроди хидматгузори ҳукуматӣ сухан мерафт, бе шакку тардид такрор мекард:

-Ҳукумат ҳиҷ вақт шуморо фаромӯш намекунад. Мо то ҳастем, бо супориши сарвари давлат дар хидмати шумо-афроди бунёдгузор ва муҳофизи ин ватан камари хидмат бастаем.

Браво раис!!!

 

Восеъро кӣ ободу ким нообод мекунад?

Баъд аз аёдати бемор бо чанд тан аз дӯстон ноҳияро, гуфти афғонҳо, чакар задам. Шаҳрак бешубҳа ободу зеботар мешавад. Ба вежа бо кӯшиши раиси нав ва вазири молияи ҶТ, муҳтарам Файзиддин Қаҳҳорзода, ки роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба ободкориҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ин мавзеъ буданд. Маркази ноҳия то солҳои наздик валангортарин маркази шаҳрак шояд дар тамоми Тоҷикистон буд. Хушбахтона, Файзиддин Қаҳҳорзода тавонист сохтмонҳои ҷазирро канда, ҷояшон чанд маркази тиҷоратии замонавӣ созад. Вале бо ба итмом расидани ҷашни 30-солагӣ дигар мардум на Қаҳҳорзодаро дидаанду на дигар масъулинро…

Воқеан ҳам Восеъ ин Чеҳраи водии Кӯлоб аст! Зеро тамомии меҳмонон тавассути он убур мекунанд.

 

Идизода ва бозори валангори ӯ

Зишттарин мавзеъ дар ноҳия ин бозори тобеъ бар Тоҷикматлуботи ҶТ аст, ки раисиашро Ҳусейн Идизода бар дӯш дорад. Надонам чаро, вале ба назар мерасад, ки дар ин кишвар касе пишаки Идизодаро пишт гуфта наметавонад. Зеро ӯ на бозорашро ба меъёрҳои замона мутобиқ месозад, на парвои обрӯи миллату давлатро дорад, ки ин бозори дақюунусӣ имиҷи водии Кӯлоб ва дар ҷамъ Тоҷикистонро пеши туристони хориҷӣ, ки ҳини сафар ба Бадахшону Муъминободу Ховалингу Балҷувону Кӯлобу Дарвоз…ҳатман аз ин роҳ мегузаранд, мерезонад. То ҷое мо медонем, 3 раиси қаблӣ борҳо ба ҷаноб-оғои Идиев муроҷиат карда буданд, ки бозорро навсозӣ кунад, вале гуфти бобои Одина Ҳошим «Ба кӣ мегӯй???». Ба пиндори одамон ва овозаҳои восеъгӣ то худи Шахси Аввал фармон надиҳад, ин Идиев ҳич гоҳ бозорро ремонт намекунад ва намегузорад, ки ҳукумати маҳаллӣ низ онро обод созад. Ҳол он ки бозор аз Тоҷикматлубот ҳам бошад, замин моликияти истисноии Давлат аст!!!

 

Зеботарин ва холитарин бозор

Тазодди моҷаро ин аст, ки ҳамагӣ 50 метр дуртар аз ин харобабозори Идизода, хуштарҳтарин бозор дар водии Кӯлоб-Бозори Султони Кабир ҷойгир аст. Ин бозорро 20 сол пеш Авазхон Кабиров-шахси ватансоз бунёд кард, вале холист! Ҳолдонҳо ва муфассирини вазъ мегӯянд, дар даврони раисии Султон Валиев, Мӯсо Ғафурзода ва ҳатто Шарбатулло Азизуллоҳукумат борҳо талош кардааст, тоҷирон ба ин бозор гузаранд, вале Идизода нахостааст ва кор ба ҳамин хатм шудааст. 

-Идизода- мегӯянд ин овозаҳо- ҳатто аз тарси мабодо савдогаронаш рафта дигар наоянд, намехоҳад бозорашро таъмир кунад. Дар натиҷа дар н. Восеъ зеботарин бозор-Султони Кабир холист ва зишттаринаш-бозори Тоҷикматлубот, ки набояд ҳатто фаолият барад, пури савдогар…

Мо на ҷонибдори ун бозорему на аз инаш. Ҳар 2 як бало-гуфти мардум. Вале ин масхарабозӣ то кай давом мекарда бошад?

Файзиддин Қаҳҳорзода дар маҷлиси ҳукумат чаро ин масъаларо намебардорад? Чаро раиси ноҳия дар маҷлисҳои ҳукумати вилоят ин масъларо матраҳ намесозад? Ё Идизода ба ҳадде «зӯрай», ки зӯри ҳукумат ба ӯ намерасад??? Ва аз ҳама муҳим, агар ин бозори валангори дақюнусӣ фаолият кунад, аз ин қадар ободкориҳо чӣ суд? Ва ё Идиев ҳатман бояд Муъминобод-ватани падарии худро обод кунаду Восеъро на? Майдамаҳалчигии бунёдкорӣ низ дар ҷамъияти мо ривоҷ ёфтааст, чӣ бало???

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

М.Мубориз

Душанбе-Восеъ-Душанбе

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter