ХАБАРИ ДОҒ

Исфара:бозорчаи сунъӣ дар бинои истиқоматӣ

  • Чоршанбе, Авг 10 2022

 

  Аброри Воҳид, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ ба идора занг зада (тел: 83222 2 04 00), аз бунёди бозорчаҳои сунъӣ дар назди биноҳои истиқоматии ш.Исфара шикоят кард.

   - Даромадгоҳи бинои баландошёнае, ки дар қабати бозори марказии ш.Исфара бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуда буд, имрӯз ба бозорчаи нав табдил ёфтааст. Доду фиғони савдогарон аз субҳ то шом моро нороҳат мекунанд, илова бар ин фурӯшандагон партовҳои худро ҷамъ намекунанд. Чаро шаҳрдорӣ ба ин проблема таваҷҷӯҳ намекунад? Мо сокинон чанд маротиба ба мақомоти дахлдор шикоят кардем, аммо ягон натиҷае нест. Ин «бозорча»-и сунъӣ бояд  бардошта шаваду мо бо роҳат дар хонаҳои худ истироҳат кунем!  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter