ХАБАРИ ДОҒ

Ҷӯгӣ қариб маро хонавайрон кард

  • Чоршанбе, Авг 10 2022

 

   Нурмуҳаммад Раҳимӣ, хонанда ва муаллифи доимии газетаи мардумӣ аз ш.Роғун бо редаксия тамос гирифта (Тел: 907336909), назари худро дар бораи мақолаи Саиди Тарма хонандаи дигари мо, ки 1 шумора пеш вобаста ба ҳаёти ҷӯгиён нашр шуда буд, баён дошт.  

   - Ман матлаби Саиди Тармаро хонда, ҳуш аз сарам парид! Ӯ ин қадар қавми ҷӯгиро поку беолоиш ва росткору вафодор гуфтааст, ки мондан гиред. Аз рӯи мақолаи ӯ ҷӯгиён фариштаи сайёраанду мо тоҷикон ҳама разилу сияҳкору дуруғгӯ ва ҷинояткор! Ин гуна ақидаро дар умрам бори аввал мешунавам. Ҳатто русҳо ин қадар тоҷикронро таҳқир накарда буданд, ки Саиди Тарма кард.

Ҳоло 1 воқеа ба ёдам омад: боре 2 зани ҷӯгӣ дарамонро кӯфтанд, занам боз карду чизе доданӣ шуд. Онҳо хостанд, ки дасти занамро гирифта, фол бубинанд ва ҳамин корро карданд. Зимни «фолбинӣ» якеаш ба занам гуфт: шавҳарат зани 2-юм дораду ҳоло дар хонаи ӯст! Қариб занам ба онҳо бовар кунад, хайрият инро шунида, ман аз хонаи дигар баромада, ҳардуро пеш кардам! Худое накарда, ҳамон лаҳза ман дар хона намебудам, хонавайрон мешудам. Ана кори ҷӯгии поку тамизкор!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter