ХАБАРИ ДОҒ

Биҳишти мо VS дӯзахи онҳо…

  • Чоршанбе, Авг 17 2022

 

Суханро сар аст, эй хирадманд, бун,

Маёвар сухан дар миёни сухун!!!

Вале ман меорам. Дар аввал, дар миён ва дар охир. Зеро бе ин, бо ун сакалтуҳои мо намешавад. Ҷамъияти мо мариз аст. Ҷамъиятро бояд дору дод, укол кард, капел монд ва аз дарун бубояд шуст. Зеро чӣ қадар пеш наравем, ҳамон қадар ба қафо майл дорем. Ман агар гӯям, ки аз «ҷумъа муборак!» ба дод омадаам, шояд ба куфр муттаҳамам кунанд. Вале ҳамин тавр аст охир!!!

Аз кӯдак то солхӯрда, аз рядовой то полковник, аз муаддаб то ҷалаб…мӯд шудааст, ки ҳамдигариро ҷумъатабрик кунанд. Гӯиё дигар рӯзҳо рӯз нест. Кор то ҷоест, ки мабодо дар рӯзи ҷумъа касе мурд, мусибатзадаро бо ифтихор табрик мекунанд: -Муборак! Дар ҷумъа-ҳа??? Дар ин рӯзи муқаддас…

Ин даҳшат нест. Даҳшат он аст, ки мурдадор бо табассум ва фахр раҳмат-ака, раҳмат…мегӯяд…

Чизе ёдатон наомад? О, нуриҳову қозиҳову наҳзатиҳо бачаҳои мардумро ба ҷангу ҷиҳод тела медоданд, дар соли 1992-97 ва мурдадорро табрик мекарданд, «шаҳид муборак»!

1 қисса ёдам омад: 1 дӯсти бадахшонӣ доштам. Номаш Алик (шояд тахаллусаш буд). Соли 1992 наҳзатиҳо ба бинои КГБ ҳуҷум карданд. Ин Алик аз роҳ мегузашт. Хеле фаол буд дар майдони Шаҳидон. Мулло Ғаффор фарёдаш зад:

-Алик! Биҳишт рафтан намехоҳӣ?-ва сӯи толпаи фанатҳо ишорат кард, ки дар пешона латтаи «Ф» ба ҳуҷум омодагӣ медиданд. Алик гуфт:

-Мехоҳам, вале бо шумо неъ!

Чанд дақиқа пас садои мусалсил баромаду Ғаффор пеш-пеш, шаҳидонаш аз пас, бо думбаҳои харгӯшин мегурехтанд…

Воқеан ҳам, агар ҷумъа муборак аст, мантиқан дигар рӯзҳо номубораканд?! Ва агар мо биҳиштием, аҳли дигари олам дӯзахиянд? Ва агар мо мусалмонем, пас 7 млрд сокини дигари сайёра кофар?

1 муллобашарае ҳаст, ки ба ман посух диҳад, агар мо мусалмону биҳиштӣ бошем, пас ин дунё ва ин қадар Одамро, бо шумули 6 рӯзи дигари ҳафта (ҷумъа несчитается) Худо барои чӣ халқ кардааст???

 

Ашки риёи зоҳидон рехт ба Хонаи Худо,

Қаҳба (проститутка) ба масҷид афганад, тифли ҳаромзодаро…

Усулан бадбахтии мо пешвоёни бесаводи мо шудаанд. Аввал гӯш кун, хонанда, ки чӣ мегӯям, сипас барошӯб: Мо Аврупову Амрико, Чину Мочин, Русияву Африқову Исроилро кофир ва дӯзахӣ эълон мекунем, ва мунтазирем, ки онҳо лаббайка гуфтаву тамғаи куфрро чун медали Олимпиада аз дастони мо мегиранд ва мегӯянд: Дуруст мегӯед, эй мусалмонҳои биҳиштӣ, мо дӯзахием?!

На-ме-ша-вадддд! Мо бо аблаҳона приватизатсиясозии биҳишти Худо оламро зидди Ислом шӯронидаем. Дигар коре надорем, ки дар намозҳои худ лаънати Худоро бар онҳо мехонему парчами исломро ҳар намози ҷумъа бурда, бар боми Рейхстаги Аврупову Амрико мезанем. 1 бор, аз аспи ифрот, хари таассуб ва саги ғазаб фуруд о, хонанда, биандеш, вақте ки мо олами бутуну пешрафтаеро куфр хонему дӯзахӣ, магар ин рафтори мо ба кадом талаботи таҳаммулпазирии мазҳаби Эмоми Аъзам, ки поягузори толерантност шинохта шуда буд (умедворам саҳ-10ро мехонӣ), посухгӯст? Чаро неоэмомҳои мо ҳадди ақалл дар пояи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳиммати андеша надоранд? Ва умуман чаро мо дар асри 21 ҳомии мазҳабие ақаллан дар пояи Мавлавӣ надорем?

Туро намедонам, хонанда, аммо ман фикр намекунам, ки ҳама оламиён бидуни ману ҳаммазҳабҳоям дӯзахиянд. Ва агар ҳукми тақдир ба дасти ман мебуд, шахсан ман, Худо маро бубахшад, зеро ман куҷову ҳиммати Раҳмати Ӯ куҷо, ҳамаро ба биҳишт роҳ медодам. На мисли пешвоёни шумо, ки худро ва танҳо муридони худро ва сипас 1-2-3 хайркунандаи худро биҳишт бурданианд:

Чу дарёи раҳмат талотум кунад,

Гунаҳ соҳиби хешро гум кунад!

Аслан шармандагист оламеро тамғаи куфру бидъат ва дӯзахӣ задан. Шармандагии ин шармандаҳо 2 аср шуд, ки олами исломро бар қиболи олами тамаддуни насорову яҳудову буддоиён гузоштаву нагунвортар кардааст. Нафаре, ки боре чунин даъво дошт, гуфтамаш, Тавроту Инҷилро хондаӣ? Гиребон гирифту ба тавба даромад. Гуфтам, эй, тиҳихирад, чаро аз шунидани номи Китоби Худо тавба мекунӣ? Ӯ аслан бовар надошт, ки инҳо ҳам китоби Худовандиянд! Майнашӯӣ!

Ту чӣ донӣ, к-андар ин баҳри амиқ,

Сангреза қадр дорад, ё ақиқ???

Ман 1 фарди мусалмонам. Аммо ҳеч қабул надорам, ки аҳли дигар адён дӯзахиву кофару гирифтори дӯзаханд. Ҳикмати Худованд, ки дар Қуръон омадааст, ки «Шумо намедонед он чиро, ки ман медонам!» (тахминан дар тарҷума чунин аст), дасту забони моро аз ҳукм бояд нигаҳ дорад. Зеро бо қориазёд кардани Қуръон ва хондану фаровардани даҳҳову садҳо тафсир мо намедонем, чизеро, ки Ӯ медонад! Ва агар бигирем, ки дар ин ҷумла мухотаб фариштаҳоянд, пас вой бар мо, ки фикр кардаем, ки ҳама чиро медонем…

1 муллои «крутой» (таъбири Шарифхони Тағаймурод) чанде қабл амри маъруф мекарду дар бораи нутфа-оби манӣ чунон бо пафос сухан мегуфт, ки типа, бинед, аз 1 оби ҳароми 1 кабк чашм, гӯш, даҳону бинӣ, симову садо ва ғ. ва ҳ. офаридааст. Ва…ҳозирин ғирев бардошта мегиристанд. Нафареро, ки дар гиряаш ғарқ буд, гуфтам, братан, оё медонӣ, ки ин протсеси физио-биологист ва ба гунаи мисол, кабке, ки ин мулло мисол меорад, бо ин минқору чашму қошу пару пои зебо…аслан бе оби маниву узвҳои таносул таваллуд мешавад? Мисли ҳама паррандагон. Ҳайрон монду чашмонашро молида, нидо дардод: НАХОДДДДДД!

 Меходдд! Бачаҳо, инҳо, ки протсесҳои физиологиву биологиро намедонанд, магар ба онҳо мисоли географӣ овардан, ки ба гунаи мисол, дар Ленинград-ватани дувуми ман, аслан иҷрои 1 рукни Ислом-Рӯза дар 3 моҳи тобистон (10 соли рамазонӣ) имкон надорад, зеро бояд тибқи дастур аз баромадан то фурӯ рафтани офтоб даҳон бандӣ, магар мегузарад? На-ме-гу-за-раддд.

Формулаи оддии ҳифозавист: динҳои дигарро иззат гузор, вале дар динат мустақар бош, то олами ислом аз вартаи нестӣ вораҳад. Вале ба кӣ мегӯӣ? Барои 99% гуфтаҳои ман куфранду сафсаттаи муллову ишонҳои адамуттафаккур боми андеша. Зеро намехонемммм…Ҳарчанд на ман гуфтаамат, хонанда, ки «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз»…Ва агар ҳоло аз муллоҳои «крутой», ки болотар аз мазҳабанд, пурсӣ, хонанда, ки Сайёф мегӯяд, ҳайкали Буддо, ки дар Хитойу Ҷопон ҳаст, пайкараи Худо нест, ки мо мепиндоштем, балки ҳайкали паёмбарашон асту барои ишон низ Худо ло макон аст, чӣ мегуфта бошад?

PS: Шоҳбайтҳо тибқи анъана ба ҳукми озмун медароянд. Кобу ёбу пешкаш намо ва соҳиби китоб шав. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter