ХАБАРИ ДОҒ

Алихон Шарипов, муаллифи доимии мо, аз ш. Кӯлоб бо телефони 981019106 занга зада, атрофи эҷоди Ҳошим Гадоев сӯҳбат кард:

-Ман ростӣ, китобхон нестам-газитхонам. Тамомии газетаҳои республикаро аз А то Я мехонам. Ба вежа СССР-ро. Вале имрӯз китоби Ҳошим Гадоро, ки рӯзе сардабири СССР тӯҳфа карда буд, аз бекорӣ кадукорӣ гуфта, хондам. Ҳар нафаре, ки Ҳошимро девона мегуфту мегӯяд, худаш девона будааст!!!

 Ман дар ин феҳрист худам дар мақоми аввал будаму миегуфтам ӯ 1 девона аст, актёрӣ кам буд, ки ба китобнависӣ даромад. Вале китоби "Абсурды" собит кард, ки девона ман ва мо будаем. Ман намедонам, ки ин кутубро кӣ менависаду кӣ тарҷума мекунад. Аксарият бар боваранд, ки ин моли Ҳошим нест. Вале ман дакқиқан мегӯям, ки чунин нависанда, то имрӯз, дар ҶТ на буд ва на ҳаст!!! Нобиғахо воқеан ҳам девонабашараанд. Ҳошим дар саҳна нобиға буд, вале дар нависандагӣ нобиғае дигар таваллуд шуд. Боварам намеояд, ки ин Ҳошим аст. Вале бовар дорам, ки бидуни ӯ дигар нафаре чунин китоб навишта набитвонад. Ва агар касе ҳаст, ки тавре душманонаш фикр доранд, «ҷои Ҳошим менависад», пас он нафар 1000% девона бояд бошад, ки чунин шедеврҳоро, ки фардо ангуштнамои башар мегарданд, ба номи дигаре «списат» кунад. Ҳошимро хонед ва ҳиссиёти билотасвири Таваллуди Нобиғаи адабиёти муосири Тоҷикро дарк кунед...Савганд, ки пушаймон намешавед...Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter