ХАБАРИ ДОҒ

Ёвон: Роҳбарон ва муомилаи нохуб…

  • Чоршанбе, Авг 17 2022

 

 Хонандаи доимии СССР, Музаффар Қодиров аз ноҳияи Ёвон ба идораи СССР занг зада (83222-2-04-00), изҳори нигаронӣ аз муомилаи баъзе роҳбарони ташкилоту идораҳо намуд.

Бо тақозои зиндагӣ маро лозим омадааст, ки ба бисёр идораву муассисаву корхонаҳо сар халонда, муроҷиат намоям. Дар ин давра бо инсонҳое дучор шудаам, ки бо муомила, муошират, ҳавобаландӣ, кӯрдилӣ корафтодагонро  дилишикаста аз утоқи корияшон мебароранд, ки ин боиси нигаронӣ аст. Лекин на ҳама роҳбарон чунин хислатро доранд. Маро хислату одамгарии корманди САҲШ-и н. Ёвон, Абдураҳмон Лолаев ба ваҷд овард. Он кас ба корафтодагон чун ман рафтору муомила кард, ки ман аз ин рафтораш хушҳол шуда, лозим донистам, ки ба дастам қалам гирифта, тавассути газетаи мардумии СССР ба он кас  арзи сипос бигуям, ки воқеан шахси хушмуомила, хоксору бо эҳтиром аст. Мо метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter