Эпилог: Мактаби ҷавонмардӣ

Мактаби ҷавонмардии Лангариевҳо бесобиқа аст. Номашон ҳарчанд дар водии Кӯлоб  шинохташуда буд, вале рӯзи нахустини муқовимат ба давлати исломӣ, ки дар Тоҷикистон, ҳудуди 8 моҳи соли 1992 ҲНИТ эълон кардаву демократу растохезчиён, Лаъли Бадахшону Ҷавонони Душанбе ва даҳҳо созмонҳои хомталош дар домаш шуданд, номи ин хонаводаро маъруф намуд.

Ба оппозитсияи исломӣ ҳич маълум набуд, ки Лангарӣ Лангариев-1 афсари Тоҷик аз куҷо пайдо шуд ва чаро ҳаракати муқовимати Кӯлоб атрофии ӯ зич ба ҳам омад.

Газетаҳои происломӣ он замон Лангариевро бо тамомии хадамоти ҷосусии ҷаҳон-КГБ, ЦРУ, МОССАД ва ҳатто МИ-6 мепайвастанд. Руиҳамрафта касе намедонист ӯ кист ва чаро дар саргаҳи муқовимат қарор гирифт.

Бехабар аз он ки лейтенанти калон Лангариев дастпарвари мактаби олии милисаи советӣ дар РСС Тоҷикистон буда, дар Ӯзбекистону Қирғизистону Маскав маҳорати касбиашро сайқал дода, милисаи советӣ буд ва муҳимтар аз ҳама дар миёни халқи оддии Кӯлобшаҳр эҳтирому эътибори вежа дошт. Ин аст, ки мардум аз паяш сари по шуд…

Вале дар оянда номи ин хонавода бо чандин моҷарои дигар низ печид, ки атрофии он якояк назар медӯзем. Мо Метавонем!

 

 Сӯҳроб Лангариев

Сӯҳроб дар замони ҷанги гражданӣ ҳамагӣ 13 сол дошт ва табиист, ки дар ин набард иштирок накардааст. Вале дар оғоз овардани номаш бе сабаб нест. Бародари кенҷаи Лангарӣ ва домоди Сангак Сафаров наметавонист дар ин айём бе ному нишон монад. Зимнан, ошӯбе, ки ӯ дар шаҳри Кӯлоб зидди давлат бардошта буд, исми дигар аъзои ин хонадонро пушти сар кард ва то дерҳо аз хотир зудуда нахоҳад шуд…

27.05. 2008.  Дар пайи 1 амалиёти густардаи нерӯҳои интизомии ҳукумат фарзанди хурдии Салмон ва бародари Лангарӣ Лангариев-Сӯҳроби Лангарӣ, дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуд. Сӯҳроби он замон 29-сола, ҳамроҳ бо Аъзам Лангариеви он замон 24-сола (фарзанди Лангарӣ Лангариев), Нурмуҳаммад Сафарови он замон 22-сола (фарзанди Сангак Сафаров ва додарарӯси Сӯҳроб Лангариев) ва дигар ҳамроҳонаш боздошт шуданд. Ба қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он замон Сӯҳроб сӯи кормандони интизомӣ тир кушодааст ва даргирӣ байни гурӯҳи ӯ ва нерӯҳои ҳукуматӣ наздик ба 15 соат тӯл кашидааст.

 Суди олӣ Сӯҳроб ва 7 нафар ҳамроҳи ӯ, аз ҷумла фарзанди Сангак Сафаровро, дар муқовимати мусаллаҳона бо ҳукумат, нигоҳдории ғайриқонунии лавозимоти ҷангӣ, тиҷорати ҳаҷман бузурги наркотик ва убури ғайриқонунии марз, муҷрим дониста, ба ҳукми абад маҳкум кард. Аъзам-писари Лангарӣ Лангариев, ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

 

 Юриши Сӯҳроб…

Мурофиаи гурӯҳи Сӯҳроб пушти дарҳои баста дар зиндони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузашт.

07.04.2009. Суди олӣ Сӯҳроб, бародари Лангарӣ ва домоди Сангак Сафаровро ҳамроҳ бо 4 тан аз шариконаш бо ҷурми даст доштан дар мухолифати мусаллаҳона зидди давлат, қочоқи миқдори бузурги наркотик ва марзшиканӣ ба зиндони умрбод маҳкум кард. 11 муттаҳами дигар дар иртикоби ин дело аз 6 то 21 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Нурмуҳаммад Сафарови 22-сола, фарзанди Сангак Сафаров низ ҳамроҳ бо Сӯҳроб Салмонович ҳукми ҳабси абад гирифт. 2 тани дигар аз маҳкумшудагон ба ҳабси абад шаҳрвандони Афғонистон буданд. Аъзами 24-сола, фарзанди Лангарӣ ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

16.07.2009. Ҳайъати мушовараи Суди олӣ баррасии аризаи шикоятии Сӯҳроб Лангариев ва шарикони ӯро дида баромада, ҳукми аъзои ин гурӯҳро бе тағйир боқӣ гузошт…

 

Салмон Лангариев

Бобои Салмон, яке аз фармондеҳони шинохтаи Фронти Халқӣ, падари Лангарӣ, Бахтиёр, Файзалӣ ва Сӯҳроб аст.  Зуҳури Салмон Лангариеви 66 сола, мӯсафеди солхӯрда, ҳамчун қумандон дар ҷабҳаи ҷанги граждании Тоҷикистон далели бебозгашти даҳшати ҷанги шаҳрвандист. Ингуна падарҳо чӣ қадар бисёр буданд, ки ҷои насиҳату панди ҷавонон, тифоқо силоҳ гирифтанд ва ба хунбаҳои фарзандон ба ҷанг рафтанд?!

 Бобои Салмони бознишаста, чун марди асил, пас аз қатли писараш Лангарӣ Лангариев силоҳ гирифт ва ба даъвии хунбаҳои ӯ ба набардҳои хунин пайваст ва аз худ корномаҳои Рустамона нишон дод!

Зимнан Бобои Салмон ҷанговари қаторӣ набуд. Ӯ авторитет буд ва суханаш қурбу манзалати вежа дар миёни ҷангиёни Фронти халқӣ дошт!

 

Насиҳати падар

Ӯ дар таърихи 29.03.2010, дар синни 84-солагӣ аз дунё даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, ӯ пас аз боздошти фарзанди эркааш Сӯҳроб, дар 2 соли ахир аз фишори хун ва маризии қалб азият мекашид.

 Дар вақти зинда буданаш ин пири 84 сола ҳамеша таъкид мекард, ки ӯ дар "барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ саҳми арзанда" дорад ва писаронаш набояд зидди ин ҳукумат амал кунанд. Ӯ ҳатто таъкидан мегуфт, «мабодо Бахтиёр ё Файзалӣ-фарзандони ман зидди ҳукумат коре кунанд, онҳоро оқ мекунам!!!»

Дар ҳамин ҳол, Салмон Лангариев, падари Сӯҳроб, аксари иттиҳомот нисбат ба фарзандашро рад карда, ҳукми Суди олиро ноодилона медонист. Ӯ то охирин лаҳзаи умр умед дошт, ки бо президент мулоқот мекунад ва бегуноҳоии Сӯҳробро исбот менамояд…

 

Бахтиёр Лангариев

16.05.2014.  Умаралӣ Қувватови раҳматӣ, собиқ раҳбари “Гурӯҳи 24” пас аз 8 моҳи канораҷӯӣ аз сӯҳбат бо расонаҳо, ниҳоят ба гап даромада, бо расонаҳо сӯҳбат кард. Дар ин сӯҳбатҳо перомуни овозаи гӯё ба Умаралӣ пайвастани Бахтиёр Салмонович Лангариев-бародари Лангарӣ Лангариеви маъруф, ӯ гуфт:

«Не, мо ҳамроҳ нестем. Ин ҳарфҳо дуруст нестанд».

Ҳини ҷустуҷӯ дар сайти иҷтимоии www.odnoklassniki.ru бо номи «Бахтиёр Лангариев, 42 года, Таджикистан, Душанбе» саҳифае пайдо шуд, ки 100% мутааллиқ ба Бахтиёр Лангариев, фарзанди бобои Салмон аст. Боварии инҷониб аз он аст, ки соҳиби ин саҳифа 1 акси бобои Салмонро бо айнаки сиёҳ зери унвони «Падари Бузургворам!!!» (дар таърихи 24 март) ва 1 сурати дигарро аз Сӯҳроб бо мӯи сари дароз гузошта, рӯи ин акс «Сӯҳроб Лангариев» навиштааст. Ҳамчунин дар ин саҳифа Бахтиёр чанд акси худ бо фарзандонашро низ ҷойгир сохтааст. Ва дақиқ намудан мумкин, ки ӯ ин аксҳоро дар хориҷа бардоштааст.

Дар ин сайт саҳифаи махсуси Аъзам Лангариев низ бо аксаш мавҷуд аст, аммо бо иллати он, ки саҳифа дер боз истифода нашудааст, масдуд шудааст. Акси худи Аъзам низ он ҷо ҳаст.

Бахтиёр Лангариев баъдан дар сӯҳбат бо СССР гуфт, усулан дар ҷануби Россия ба сар мебурд ва бо корҳои мулкӣ ва бизнеси фардӣ банд буд. Дар наздиктарин фурсат, чун ба Ватан даъваташ карданд, омад ва корро дар Вазорати мудофиа шуруъ кард.

 

Бахтиёр ЛангарӣVSСӯҳроб Қосимов

Бахтиёр Лангариев шахси тасодуфӣ нест. Полковники милитсия, дар оромсозии вазъ дар Тоҷикистон, ба вежа дар Душанбе, ширкати бевосита дошт. Баъди шикаст ва фирори тарафдорони Маҳмуд Худойбердиеву Ёқуб Салимов дар соли 1997-98, бедодгариҳои «ғолибон»-сарбозони қисмати низомии 3502, маъруфтар бар бачаҳои Сӯҳроб ва Мустафо Қурбонов (Қурбошӣ) ба авҷи воло расид. Албатта, аз ин бедодгариҳо худи генерал Қосимов воқиф набуд, зеро он шабу рӯз бо ҷангҷӯёну пархошҷӯён даргир буд. Вале Душанбе ба майдони тохтутози гурӯҳҳои саркаш, ки худро дигар қаҳрамони олам мепиндоштанд, табдил шуд. Қатлу ғорату куштору абвошӣ авҷ мегирифт.

Ва дар ана ҳамин соатҳо гурӯҳи зудамали Бахтиёр Лангариев зуҳур карда, дар муддати кӯтоҳе тавонист, аксарияти кулли ин бедодгару беспределшикҳоро хунсо ва аз пойтахт пеш кунад. Ин хизмати Бахтиёрро ягон сокини пойтахт набояд фаромӯш кунад. Зеро дар он шабу рӯзҳо ягона муттакои низом ва ҳуқуқ ӯ буд!

  

Файзалӣ Лангариев

06.04.1964.  Дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст, генерал-майор (с.2005), генерал-лейтенант (25.08.2021). Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №5-и ш.Кӯлоб (1971-1981) гирифтааст. Афсари касбист. Мактаби махсуси милитсияи шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон (с.1988), Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ҳуқуқшинос, с.1988) ва Академияи ҳарбии шаҳри Москваи Федератсияи Россия (с.2002)-ро хатм намудааст.

То соли 1994 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилаи ҶТ кор мекард. Соли 1995 барои идомаи хидмат ба ихтиёри Вазорати мудофиаи ҶТ гузаронда шуд. Командири баталёни алоҳидаи 2-уми тирандозии кӯҳгарди Бригадаи 5-уми тирандозии савора (аз соли 1995 то 2000) ва сардори Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи ҶТ (аз соли 2002). Бо ордени «Спитамен» (1999), ордени «Ҷасорат» ва медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст. Ба наздикӣ ба нафақа рафт.

 Файзалӣ Лангариев аз зумраи ангуштшумор генералҳои Тоҷик аст, ки пас аз ҷанг ба зиндагонии мулкӣ рӯ наовардааст. Касбияти низомӣ дар хуни ӯст ва афсари таборист. Падараш Салмон Лангариев афсари касбии даврони шӯравӣ буд ва дар ин ҷода аз пушти падар рафтааст. Файзалӣ ягона нафарест аз ин табори номии ҷанги гражданӣ, ки то мансаби генералӣ расид. Ҳолдонҳо мегӯянд, акнун навбати Бахтиёр Лангариев аст, ки кайҳо зеби унвони генералӣ дорад…

 

Ҷанги қирғиз

28.04.2021. Марзбонҳои қирғизӣ чун анъана аҳдшиканона ба Хоҷаи Аъло ва Ворух ҳуҷум карданд, то Ворухро ба анклав табдил кунанд. Хотиррас мешавем, ки пеш аз ин Садир Жапаров-президенти собиқаи зиндонӣ доштаи ҳамсоякишвар бо генерал Ташиев-раиси кумитаи амният, ки чанде пеш бо ҳам дар зиндон мешиштанд, изҳор намуданд, ки Ворухро пурра мегиранд ва бо поразамине дар дигар мавзеъ иваз мекунанд. Дар пасманзари ин иддаои авомона ва популистӣ Президенти ҶТ аз Ворух дидан карда, сареҳатан гуфтанд:

-Ворух иваз карда намешавад!!!

Зимнан иғвоҳои қирғизӣ шуруъ ва то даме давом карданд, ки ахиран Бахтиёр Лангариеви корозмуда ба марз наомад. Шербаччаҳои Бахтиёр рӯзи 29.04.2022, пас аз оне, ки низомиёни қирғиз чандин нафарро кушта, ҳатто раиси ш. Исфараро захмӣ карданд, ба амалиёт ворид шуд. Дар натиҷа марзбонони қирғиз талафоти калон дода, думро хода карданд. Бахтиёр то 2 май дар хоки ҳамсоякишвар монд ва танҳо баъди оташбаси Душанбе ва Бишкек бозпас ба ватан баргашт.

Ин набард, чашми қирғизро, ки то ин дам даҳҳо маротиба ба марзи мо шабехун мезад, тӯронид…Сахт тӯронд!

   

Пролог: Ҳайкалшиканӣ ва фаромӯшӣ

Дар соли 2008 дар минтақаи Кӯлоб ҳайкалу нимпайкараҳои фармондеҳони собиқ Фронти Халқиро, ки чандин сол «ороиш»-и шаҳр буданд, барчиданд. Ба иттилои Музаффар Азизови марҳум, пайкараҳо ғайриқонунӣ қомат афрохтаву дар сабти феҳристи ҳайкалҳо ҳич вақт шомил набудаанд. Аз ин рӯ барафкандани онҳо кори вақт буд.

 Яъне пайкараҳои ғайриқонунии фармондеҳону пешвоёни Фронти Халқии собиқ ҳамонгуна, ки ғайриқонунӣ барафрохта шуданд, ба ҳамин тартиб бе қарору қоидае барафганда шуданд. Ва бо ҳамин нимпайкараҳои бешумори Сангак Сафаров, Рустами Абдураҳим…нест шуданд. Аммо нимпайкараи Лангарӣ Лангариев дар мактаби ҳамномаш то ҳанӯз боқист. Зеро барои Кӯлоб исми Лангарӣ синоними ғурур, нанг ва фахри миллист. Ва дар ин шаҳр агар 100 сол ҳам ҷӯед, 1 нафареро нахоҳед ёфт, ки сухани баде дар ҳаққи ин Шахсият гӯяд.

Лангарӣ Лангариев дар тӯли умри кӯтоҳаш тавонист ба фаворити 1 водии бузург барои садсолаҳо табдил ёбад. Зиндагиномаи лейтенанти ҷавони юститсия, Лангарӣ Лангариев, далел аст, ки набояд фикр кунем, ки ҳар кӣ силоҳ гирифт, дар сар андешаи имтиёзоти хешро дошту қотил буд.

Лангарӣ ин силоҳро барои ҳифзи ватан бардошт. Дар Кӯлоб медонанд, ки Лангарӣ вақте аз ҷанг бармегашт, ҳамаи маҳбусонро, ки бо тамғаи «демократ ва вовчик» дар такхонаҳо маҳкам буданд, озод мекард ва чун ба ҷабҳа мерафт, шағолҳои маҳаллӣ, «қумандон»-у муллоҳои маҳаллӣ… боз онҳоро ба зиндон мекашиданд.

Лангарӣ талош дошт, ҳукумати конститутсионӣ барқарор ва Тоҷикистон ҷумҳурии дунявӣ эълон шаваду тухми дасисаи давлати исломии наҳзатӣ аз ҷаҳон гум ва дар ин роҳ худро қурбон кард, ки офаринаш бод.

Бешак, ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад. Ба шарте, ки он кас- ШАХСИЯТ бошад. Мисли Лангарӣ…Мо Метавонем!

 

Шаҳрзоди Амин

махсус барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase