ХАБАРИ ДОҒ

М.Навҷувонов: Шумо маро ба зону шинониданӣ…

  • Чоршанбе, Авг 17 2022

 

03.08.2022. Мамадаёз Навҷувонов, (03.08.1942 деҳаи Богеви Шуғнони РСС Тоҷикистон- 28.07.2015, ДушанбеҶТ) агар зинда мебуд, ба синни 90 мерасид. Ӯ рафт, вале мисли Қаҳҳор Маҳкамов дилу гурдае накард, ки 1 бор дар бораи зиндагиномаи худ мардона ва ошкоро сӯҳбат кунад. Ҳол он ки Навҷувоновро бисёриҳо «асосгузори ҷанги гражданӣ дар РСС Тоҷикистон» мехонанд. Ва гумон аст, ки дигар ӯро сапед карда шавад. Зеро худаш хомӯш буд. Ин дарси ибрат ба дигаронест, ки «ҳон, ҳанӯз, ки зиндаед, гап занед, тавба кунед, сирру асрорро кушоед, то фардо дер нашаваду авлодонатон чирки сиёсии гиребони шуморо шуста набитвонанд!». Дарҳои СССР кушодаанд, биоед ва сӯҳбат кунед, то таърихи навини ун ҷанги нангинро бо ҳам бинависем. Мо Метавонем!!!

 

25.03.1992. Номи Мамадаёз Навҷувонов баъди намоиши телевизионии ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олӣ дар ҳамин рӯз сари забонҳо уфтод. Ва ин иртибот дошт бо муҳокимаи фаъолияташ дар Раёсати Шӯрои Олӣ зери роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев. Дар ҷаласа прокурори собиқ С.Кенҷаев вазири корҳои дохилиро истинтоқ карда, ҳамчунин ӯро дар содир намудани 1 қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ ва берун шудан аз ваколатҳои хизматӣ муттаҳам намуд. Ҳамин ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олӣ рафти воқеаҳоро дар Тоҷикистон тағйир дод ва дар натиҷа қувваҳои сиёсӣ дар муқобили ҳам қарор гирифта, ахиран дар моҳи майи соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки бар асари он даҳҳо ҳазор нафар ҷон бохт.

Кадри Маскав…

М.Навҷувонов моҳи марти соли 1989 ба вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Бархе манобеъ таъкид мекунанд, ки ба ин мансаб номзадии 12 нафар пешниҳод шуда буд, аммо Маскав маҳз ӯро интихоб мекунад. Тавре худи ӯ соли 1998 дар 1 мусоҳиба бо Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ҳамагӣ баъди 4 ё 5 моҳи ба ин мансаб таъйин шуданаш, дар шаҳри Исфара низоъ бо қирғизҳо сар зад. Вазъи Исфара ором нашуда буд, ки дар моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоӣ шуруъ шуд ва дар пайи он 25 нафар куштаву садҳо тани дигар захм бардоштанд. Тибқи қонун Навҷувонов дар ҳардуи ин шаҳр вазифаи комендантиро ба ӯҳда дошт. Аммо вазъият дар ҷумҳурӣ дар пайи афтондани ҳайкали Ленин рӯзи 23 сентябри соли 1991 муташанниҷ ва дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии 2-ҳафтаина шурӯъ шуд. Дар ин шароит ВКД зери роҳбарии генерал Навҷувонов ҳозир нашуд, ки онро пароканда кунад.


                  Тағоҳои Навҷувонов

Чаро маҳз Навҷувонов? Кенҷаев иддао мекунад (китоби “Табаддулоти Тоҷикистон”), ки собиқ раиси Президиуми Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев мусоидат мекунад, ки ҳамшаҳраш Навҷувонов ин курсиро ишғол намояд. Нарзулло Дӯстов менависад (китоби “Захм бар ҷисми ватан”), ки Навҷувонов бо ёрии ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода вазири ВКД ҶШС Тоҷикистон шуда буд…

Истинтоқи Кенҷаев

25.03.1992. Раиси Шӯрои Олӣ С.Кенҷаев фаъолияти Навҷувоновро мавриди баррасӣ қарор дод, аммо он бештар ба истинтоқ ва таҳқир монанд буд. Ба қавли Кенҷаев, фаъолияти ВКД ва вазир Навҷувоновро дар давоми 2 моҳ кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД, кормандони чандин вазоратҳо бо роҳбарии мутахассисони калони Шӯрои Олӣ санҷида буданд. Дар ҷаласаи мазкур бо истинод ба натиҷаҳои санҷиш Навҷувонов барои чораҳои зарурӣ надидан нисбат ба сардорони ШКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Қумсангир айбдор шуд. Ҳамчунин, ӯ ба он гунаҳкор шуд, ки 139 адад мошини хидматиро бо нархҳои арзон фурӯхтааст, аз ҷумла, як қатор мошинҳо ба корхонаҳои бегона ва ё берун аз ҷумҳурӣ ба савдо рафтаанд. Тазаккур дода шуд, ки Навҷувонов адолати иҷтимоиро поймол намуда, ба рӯйхати кормандони системаи ВКД, ки бояд барои манзили истиқоматӣ дар минтақаи Теппаҳои шарқӣ замин мегирифтанд, танҳо 1  милисаи қаториро дохил кардаасту халос. Гузашта аз ин, вазири ВКД ба он муттаҳам шуд, ки баъди кӯчидан аз маҳаллаи Гулбутта ба хонаи нав, хонаи пештараашро ба фарзандонаш додааст, инчунин ӯ 1 бӯстонсарои дуошёнагӣ ҳам доштааст. Баъди шунидани гузориши мазкур Кенҷаев бо лаҳни хеле дурушт Навҷувоновро истинтоқ кард. Азбаски лаҳни С.Кенҷаев хеле дағал буд, Навҷувонов бо эътироз гуфт: “Шумо бо ин амалатон мехоҳед, ки мо кӯҳистониҳоро ба зону шинонед!”


                               «Бадахшониҳо ба майдон мебароянд»

Пахши ин ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олӣ тавассути телевизиони ҷумҳурӣ шоми ҳамон рӯз боиси норизоиятии бисёриҳо гардид. Аз ҳама бештар ҳамшаҳриҳои вазир худро таҳқиршуда ҳисобиданд. Лиҳозо, субҳи рӯзи дигар даҳҳо нафар ҳамшаҳриҳои Навҷувонов дар майдони Шаҳидон ба пуштибонии ӯ гирди ҳам омаданд. То шом теъдоди эътирозгарон ба чанд ҳазор нафар расид. Аслиддин Соҳибназаров дар китоби худ “Субҳи ситоракуш” менависад, ки соати 12-и шаб тариқи телефон бо О.Оламов, собиқ мудири шӯъбаи КМ ҲКТ дар ин мавзӯъ сӯҳбат доштааст. Ба қавли Соҳибназаров, Оламов мегӯяд, ки 2 бор ба хонаи Набиев занг зада, норозигии худро баён кардааст, аммо Набиев ҷавоб додааст: «Ман хабар надорам. М.Навҷувонов коргари нағз аст. С.Кенҷаев истинтоқро аз пеши худ оғоз кардааст. Вай гапи маро намегирад». Баъди шунидани ин суханон Оламов мегӯяд, ки бадахшониҳо ба майдон мебароянд. «Ба фикрам мумкин дигар илоҷ набошад. Сафаралӣ бояд донад, ки ин кораш хатост», -ҷавоб додааст Набиев.

Бозии Набиев

Дар асл, тавре Кенҷаев ва Навҷувонов баъди бӯҳронӣ шудани вазъият менависанд, президент Набиев аз баррасӣ шудани фаъолияти ВКД ва вазир Навҷувонов дар рӯзи 25 март хабар дошт. Дар ин иртибот Навҷувонов зимни мусоҳиба бо Додоҷон Атовуллоев (“Шараф чизи таҷовузнопазир аст”, “Чароғи рӯз”, №15, с.1992), ки баъди чанд рӯзи ҷаласаи мазкур чоп шуд, мегӯяд: “Ҳамон рӯзе, ки маро муҳокима мекарданд, саҳари барвақт ба Набиев телефон кардам ва ҳамаашро гуфтам. «Ман ё ба Кенҷаев занг зада мегӯям, ё худам иштирок мекунам!», - ваъда дод президент”.    Кенҷаев ҳам дар китобаш менависад, ки ӯ қаблан на танҳо президент Набиев, балки витсе-президент Н.Дӯстов ва сарвазир Акбар Мирзоевро низ дар ҷараён гузошта буд, аммо ин 2 нафар бо баҳонаҳои гуногун аз ширкат дар ҷаласа худдорӣ карданд. Ба гуфтаи Кенҷаев, тибқи маслиҳати пешакӣ, баъди анҷоми ҷаласаи Раёсати Шӯрои олӣ бояд ӯ қарорро дар масъалаи барканор кардани Навҷувонов ба дастгоҳи раиси ҷумҳур мефиристод ва Набиев онро имзо мекард. Ҳамин тариқ, соати 12 қарор ба Набиев фиристода мешавад, аммо ӯ онро имзо намекунад. Кенҷаев бегоҳ барои фаҳмидани ин мушкилот ба дафтари кории Набиев меравад, аммо раиси ҷумҳур гапро дигар тараф бурда, гуфтааст: «Як омӯзем. Реакция нашавад. Ин нуктаро низ бояд зикр намуд, ки аслан муҳокимаи вазир ба салоҳияти Президент ва Ҳукумати кишвар дохил мешуд, на раис ва на Раёсати Шӯрои Олӣ. Аммо тавре ки дидем, Набиев ин миссияро бар дӯши С.Кенҷаев вогузошт, дар ниҳояти кор Навҷувоновро ба истеъфо нафиристод ва Раиси Шӯрои Олиро зери зарба монд.

Нуралӣ Давлатов,

журналист

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter