ХАБАРИ ДОҒ

Нафақаи маъюбон зиёд шуд ё на?

  • Чоршанбе, Авг 17 2022

Дар шумораи гузашта Аббосалӣ Ҳамроев, 1 хонандаи газетаи мардумӣ, ки бо фурӯш ва паҳн намудани матбуоти даврӣ, аз ҷумла газетаи СССР дар ш.Ваҳдат машғул аст, гила аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кард, ки нафақаи ӯ ва писараш, ки ҳарду маъюбият доранд, хеле кам ҳисоб шуда, он тибқи Фармони Президенти кишвар аз моҳи июли соли ҷорӣ зиёд нашудааст.

Воқеан ҳам ин гуна арзу муроҷиат ва шикваҳо ба идораи мо хеле зиёд ворид мешаванд ва дар пайи ин мо тасмим гирифтем дар якҷоягӣ бо мутахассисони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дар бораи нафақаи маъюбон, кай ва аз кадом сол афзудани онҳо матлаби муфассал омода намоем, то ин ки дигар суолҳо вобаста ба каму зиёд будани нафақаи ин қишри ҷомеа камтар гардад.

 

Нафақаи 62 ҳазор маъюб афзуд, аммо...

Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт,          дар натиҷаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 28.05.2021, №186  Дар бораи  зиёд намудани  андозаи нафақаҳои  гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад”, андозаи нафақаи 62 445 нафар нафақагирони маъюбиятдошта зиёд гардида, нафақаи онҳо ба ҳисоби миёна аз 249,07 то 295,34 сомонӣ баланд гардид.

Аз ҷумла: нафақаҳои 7 307  нафар маъюбони гурӯҳи 1, ки то 1 сентябри соли 2021 ба ҳисоби миёна андозаи нафақаашон307,46 сомониро ташкил медод, дар натиҷаи зиёд намудани нафақаҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 387,65 сомонӣ баробар карда шуд.

Нафақаҳои 26 578 нафар гирандагонӣ нафақаҳои маъюбӣ аз овони кудакӣ зиёд карда шуда, андозаи зиёдшавии нафақаи онҳо 41,90 сомониро ташкил намуда, пас аз зиёдшавӣ андозаи нафақаи миёна 281,93 сомониро ташкил намуд.

Инчунин барои 35 867 нафар гирандагони нафақаи суғуртавӣ ва иҷтимоӣ  аз рӯи маъюбӣ, ки ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъйин ва пардохт гардида истодаанд, андозаи зиёдшавии нафақаи онҳо 49,50 сомониро ташкил дода, андозаи нафақаи миёнаи онҳо пас аз зиёдшавӣ (ба ҳолати 1 октябри соли 2021) 305,27 сомониро ташкил намуд.

 

...танҳо 46,26 сомонӣ

Ҳамзамон аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи 20 232 нафар кудакони маъюбӣ то 18 сола, ки то бозҳисобӣ, нафақаи миёнаашон 268,92 сомониро ташкил медод, андозаи нафақаашон пас аз зиёд кардани он ба 310,61 сомонӣ баробар  шуд.

Дар маҷмӯъ дар соли 2021 ба зиёдшавии нафақа 62 445 нафар шахсони маъюбиятдошта фаро гирифта шудаанд, ки пас аз татбиқи Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 майи соли 2021, №186  Дар бораи  зиёд намудани  андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад” андозаи нафақаи миёнаи онҳо аз 249,07 сомонӣ ба 295,34 сомонӣ зиёд гардида, андозаи зиёдшавӣ ба ҳисоби миёна 46,26 сомонӣ ё  18,6 %-ро ташкил намуд.

 

Маъюбони то 18 сола фаромӯш нашуданд!

Бояд ба инобат гирифт, ки солҳои каблӣ, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.08.2020, №1480 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” дар доираи теъдоди умумии 513 047 нафар нафақагирон, ки нафақаашон тибқи татбиқи Фармони болозикр ба зиёдшавӣ фаро гирифта шудааст,  андозаи нафақаи 78 766 нафар маъюбон, аз ҷумла 11 589 нафар кӯдакони маъюбӣ то 18 сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин ва пардохт мегардид, ба андозаи 50% аз нишондиҳандаи ҳадди ақалли нафақа, ё ин ки ба 103,5 сомонӣ зиёд гардида буд ва андозаи нафақаи миёнаи ин гурӯҳи нафақагирон паз аз зиёдшавӣ дар 2020 сол 285,7 сомониро ташкил менамуд.

 

Танҳо нафақаи ятимон зиёд шуд

Бояд қайд намуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.01.2022, №312 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” зиёд намудани андозаи нафақаҳои кӯдакони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо нафақа таъин ва пардохт мегардад, аз 1 июли соли 2022 ба андозаи 25 % аз андозаи нафақаи заминавӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ин маврид барои маъюбон ва дигар гурӯҳи нафақагирон муқаррароти Фармони мазкур татбиқ намегардад. Яъне, аз 01.07.2022 танҳо нафақаи кӯдакони ятим ва ноболиғон зиёд шуд, на нафақаи маъюбони гурӯҳҳои 1, 2 ва 3-ву парасторони онҳо. Нафақаи маъюбон ва кӯдакони маъюби то 18 сола соли 2020 зиёд шуда буд.

 

Нафақаи маъюбӣ чанд сомонист?

Тибқи омори аз Агентии мазкур расида, ба ҳолати 01.09.2021 шумораи маъюбони гуруҳи 1 –ум дар кишвар 7 307 нафарро ташкил дода, андозаи нафақаи онҳо баъд аз бозҳисобӣ ба 387,65 сомонӣ расид.

Шумораи гуруҳи 2-юми маъюбон 22 749 нафарро ташкил дода, нафақаи онҳо пас аз зиёдшавӣ 306,53 сомониро ташкил менамояд.

Теъдоди маъюбони гуруҳи 3-юм ба 12 157 нафар расида, андозаи нафақаи онҳо пас аз афзоиш аз 193,49 сомонӣ иборат аст.

Кӯдакони маъюби то 18 сола дар кишвар 20 232 нафарро ташкил намуда, нафақаи онҳо пас аз бозҳисобӣ 310,61 сомониро бояд ташкил намояд. Ин андозаи нафақа тайи 1 соли ахир иваз нашудааст ва агар шумо каму зиёд мегиред, ҳатман бояд ба шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоии худ муроҷиат намуда, нафақаи худро бозҳисобӣ намоед.

Газетаи СССР дар сурати ноадолатӣ дар нисбат ба нафақаи шумо рух додан, пуштибони шумост. Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter