Салом СССР-и мардумӣ! Оморҳо мегӯянд, ки адади ҷудошавии оилаҳои ҷавон рӯ ба афзоиш аст. 1 роҳи пешгириро пешниҳод менамоям, шояд кор диҳад: қонуне қабул карда шавад, ки мутобиқи он ҳар ҷавонписар ва ҷавондухтаре, ки мехоҳанд оила барпо кунанд, бояд зиёда аз 100 китоб хонанд. Комиссия ташкил карда шаваду мисли озмуни «Фуруғ...» суолу ҷавоб карда, дониши арӯсу домоди ояндаро санҷанд, он гоҳ нур болои нур мешавад. Ман аминам, ки ин амал кор хоҳад дод, зеро китоб қудрати бузург дорад.
Қаландар Норов,
ш. Душанбе