Ба кадом духтур бовар кунам?

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

 

Ғуломалӣ Асоев, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Файзобод ба идораи СССР занг зада (тел: 83222-2-04-00), гуфт, ки касе дарди ӯро аниқ карда наметавонад.

   - Қариб 20-сол мешавад, ки ман ба бемории брусселёз гирифторам. Аниқтараш табибон мегӯянд, ки камтар брусселёз доред. Вале ин камтар брусселёз на аз бадани ман мераваду на маро мекушад. 2 сол пеш ман тавассути ҳафтаномаи СССР 1 дархост навишта, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хоҳиш намудам, ки ба ман аз ҳисоби вазорат кӯмак расонанд. Баъди чопи мақола хушбахтона маро дар беморхонаи Зарафшон бистарӣ намуданд. Ман онҷо 15-16 рӯз, сипас дар беморхонаи «Шифобахш» ва боз дар беморхонаи ноҳияамон бистарӣ будам. Ман барои ин некӣ аз газетаи СССР, собиқ вазир Насим Олимзода ва корманди дигари ҳамин вазорат Шайдулло Шарипов минатдорам.

Вале бояд қайд намоям, ки ҳамаи ин табобатҳо ягон натиҷае надоданд. Саломатиам ҳеҷ беҳ нашуд, ки нашуд. Дар давоми хамин 2-3 соли баъдӣ аҳволам боз ҳам бадтар шуд. Ҳоло ба ман қариб, ки 5-6 диагноз мондаанд. Яке мегӯяд брусселёз дорӣ, дигаре мегӯяд ревматизм аст, сеюмӣ мегӯяд остеохондроз дорӣ, дигараш мегӯяд не асабхастагӣ аст…Ба кадом духтур бовар кунам?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase