Асрори «Сартарошон» чист?

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

 

Дустмурод Ёрматов, мухлиси газетаи мардумии СССР аз ш.Кӯлоб ба идора занг зада (тел: 985408149), аз Маркази исломшиносӣ, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ИЖТ, зиёиёни кишвар, буту зардуштпарастон хоҳиш намуд, ки оиди оини «Сартарошон» маълумот ё тавзеҳе бидиҳанд.  

   - Тайи 3 сол аст, ки вазифаи нозири ёдгориҳои таърихии ноҳияи Восеъро ба ӯҳда дорам. Дар раванди кориам бо 1 оини хело ҳам қадимаву муқаддас барои тоҷикон «Сартарошон», ки тамоми мардуми кишвар онро дар тӯйи домодӣ бо шаҳомату шукуҳи хос таҷлил менамоянд, рӯ ба рӯ шудам. Сабаби пайдоиши ин оини суннатӣ то ҳол кушода нашудааст. Мехостам  фаҳмам, ки он аз кадом сарчашма ғизо ёфтааст?

Бузургии миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ошкор ва оини «Сартарошон»-ро метавонем ба феҳрасти анъанаҳои миллии тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ созем. Аз ин рӯ аз тамоми уламои дин, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ИЖТ, ИРТ, тамоми зиёиёни кишвар, бутпарасту зардуштпарастон ва кулли мардуми кишвар эҳтиромона хоҳиш дорам, оиди оини «Сартарошон» маълумот ё тавзеҳе дошта бошанд, тавассути нашрияи мардумии СССР нависанд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase