ХАБАРИ ДОҒ

Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

 

ДОҒНОМА

Рафтӣ, устод Аслиддин, з - ин олами пурмоҷаро,

Моҷароҳои зиёде: Дар куҷо? Кай? Чун? Чаро?

Баъд аз ин асло намегӯӣ чи хуб асту чи зишт,

Эй бародар, эй азиз, эй дӯст, маъвоят биҳишт!

Хайриддини Хайрандеш

 ************ 

ЁДИ НЕКАТ ГИРОМӢ БОД, АКАИ АСЛИДДИН!

Имрӯз, Кӯлобшаҳри бостонӣ мотам дошт! Мо, бо 1000 ҳасрату андӯҳ ҷавонмардеро ба дасти хок супурдем, ки баҳои 100 ҷаҳон буд!

Журналисти оташсухан, ҳақгӯй, ҳақталош, ҷавонмарди бонангу номус, дар маҷмуъ 1 инсони бисёр шарифу шарафманд Аслиддин Достиев бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 64 солагӣ моро тарк гуфта, ба раҳмати Ҳақ бупайваст.

Бобои Эшон ба тамоми рӯзноманигорони водии Кӯлоб, аз ҷумла ба банда низ ҳаққи устодӣ дошт. Маслиҳатгар ва роҳбаладамон буд.

Ӯ тавонист дар тӯли умри кӯтоҳ, вале пурбаракат номи неки худро дар дили мардуми ин водӣ бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ кунанд. Дарди мардум дарди дили ӯ буд ва ҳамеша бо сари баланд ба ин дард дармон меҷуст. Афсӯс, ки ниҳоят барвақт моро тарк кард:

САБТИ НОМИ ХЕШТАН БАР САНГИ ХОРО ШАРТ НЕСТ,

ЗИНДА ОН НОМЕ, КИ ДАР ДИЛҲОИ МАРДУМ ҶО ГИРИФТ!

Нуралӣ Хоркашев,

журналист

 ************

 

Ёдат ба хайр, ҳамкор ва дӯсту бародари хеле хубам!

Бо "Бобии Эшон"- Аслиддин Достиев (Худо раҳматаш кунад) аз аввали солҳои 2000-ум ошноӣ доштам ва бо амри тақдир, аз поёни соли 2004 то 2014 ҳамкор будем. Ӯ намояндагии минтақавӣ ва комилҳуқуқи "Русское радио-ориёно", радиои "Имрӯз" ва баъдан хабаргузории "Озодагон" -ро дар Кӯлоб ба зимма дошту инҷониб масъулияти сардабирии ин расонаҳоро дар марказ.

Фаврияти хоси дарёфти иттилоъ, коркард ва ироаи он аз хусусияти аслии эшонбобо дар вақти кор буд. Ҳеч гоҳ шиква (шикоят) намекард, ки аз ин ё он мақомот, сохтор, идора ё мансабдор маълумот гирифта намешавад, баръакс, ҳамеша мегуфт, ки "мушкил нест, ҳал мешавад".

Чунон хушмуомила, хушрафтор ва хушсухан буд, ки то ба беохир

Афсӯс пояи тобуташро бардоштан ва дар намози ҷанозаи эшон ширкат кардан наметавонам. Бо сабаби маризӣ чанд рӯз боз дар бемористонам...

Худо раҳмату мағфиратат кунад, акаи Аслиддин! Аз даргоҳи Аллоҳи таъоло барои хонаводаи муҳтарами ӯ ва куллияи бозмондагонаш сабри ҷамил талабгорем!

Хилватшоҳ Маҳмуд

журналист

 

 ************

ДАР ҲАСРАТИ АСЛИДДИН, ҶӮРАИ ДАВРАИ ҶАВОНИЯМ

Оҳҳ! Афсӯс,

100 дареғат!

Нолаву дод!

 Доду фарёд!!!

Тоқии кӯлобиям аз сар фитод.

Дина рӯзак

Бо Сафармад мурда будам,

Ин пагоҳӣ бо ту мурдам.

Нозирҷон Ёдгорӣ

журналист

 ************

 

Устод!

"Мақолаи интиқодиро тарзе таҳия кун, ки баъди нашраш "чиновник" ҳарф барои вокуниш нишон додан наёбад".

Кулли насиҳату суханҳои баландмуҳтавои устод Аслиддин Достиевро дар лавҳаи хотираам ҷой кардаам. 1 калима мегуфтанд, дохилаш 1 ҷаҳон муаммо дошт.

Дар ин дунё қарзи инсонӣ, рисолати касбию виҷдониро адо кардед. Худованд дар Ҷаннатулмаъво ҷоятон диҳад, устод!

Ёқуби Содиқ

журналист

************ 

Журналисте, ки МАНи худро дошт...

Устоди шодравон Аслиддин Достиевро хеле сол боз мешинохтем. Ҳамнишиниҳои зиёд дар нишастҳои матбуотии раиси вилояти Хатлон, дар Бохтару Кӯлоб доштем. Дар нишастҳое, ки дар Кӯлоб ҷараён мегирифт, устод ҳатто суоле ҳам намедоданд. Журналистмеҳмонҳои Бохтарро эҳтиром мегузоштанд, ки масофаи зиёд омадаанду фурсати муносиби пурсиши иттиллои гуногунро дошта бошанд. Дар Бохтар ӯ меҳмони мо буд. Мо ҳам ба вуҷуди мубораку ҳузурашон навбатро бешак ба онҳо медодем.

Акаи Аслиддин марди оромтабиату босалобате буданд. Ҳарфи зиёду баланди ноҷо надоштанд. Ҳадафноку нишонрасу дақиқу возеҳу қаблан огаҳ аз масъала пурсиш мекарданд. Ин табиати ӯ дар кору пешаи журналистиаш буд. То нуқтаи ниҳоӣ хостгори расонидани дарди мардум ва ҷӯёи роҳи ҳалли масъала мешуданд. Аз касеву чизе ҳазар надоштанд. Яъне тавонманду бомаҳорату нотарс ва содиқи касби хеш буданд.

Ӯ Мани хешро дошт!!! Боре нафаре аз кӣ буданаш суолам кард, бо ифтихор Бародари Сайёфи Мизроб ҳастанд, гуфтам, ки гуфт:

-Абдурозиқ, маро бо номи худам муаррифӣ кунед! Бигузор Сайёфро ҳамчун додари ман шиносанд!!!- изофа карданд Ака!

Бале ӯ дар зиндагӣ ному маъруфияту маҳбубияту шӯҳрати худро соҳиб буд.

Бо қалам атрофи мардуми одӣ буд. Аз нуқсу камбудҳои ҷомеа менавишт. Дубора масъалагузорӣ мекард, то ҳақ ба ҳақдор бирасад.

ИНСОН ва МАРД бо ҳарфҳои бузург буданд. Зиндагӣ ҳамин аст. Наздиктарин ва хубтарин инсонҳо зудтар ба Ҳақ мепайванданд.

Ба кулли ҷомеаи журналистӣ, додари азизаш Сайёфи Мизроб,фарзандону оилаву аҳли ақрабо ин мусибати талху сангинро тасаллият мегӯем...!

Абдурозиқ Азиззода

журналист

 ************

 

Ӯ дигар намеояд ва занг намезанад…

Рӯзи 29-уми июл, соат ба вақти маҳаллӣ 19:59 бори охир бобои Эшон (Аслиддин Достиев) ба гӯшии ман занг мезанад. Бо бардоштани он 1 овоз гуфт “сағера” куҷо шудӣ?

-Омадам бобои Эшон, омадам, омадам...

Посух дод, ки то мерасем, ҳама хурду хӯрок тамом мешавад.

…Он шом охирон нишасти мо дар хонаи устод Додарбек Сайдалиев буд. Бо расидан ба хонаи устод, то соатҳои 23-и шаб нишастем, суҳбатҳо бисёр гарм буд, ҳарчанд бобои Эшон намехост, ки суҳбати гармро ба охир расонем, дери шаб шуда буд.

Ман ҳамроҳи бобои Эшон якҷо ба сӯи хона омадем, вале аз мошин поин нашуд ва гуфт, ки “сағера” исто 1 маслиҳат кунем.

Рақами сароянда Хайриддини Шарифро пурсид ва машраварт мекард, ки тӯйи духтарашро чигуна гузаронему кадом сарояндаро даъват кунем. Дар охир маслиҳат ҳамин шуд, ки бояд апаи Сураёро ба тӯй даъват кунем. Чун апаи Сурайё ҳамсинфаш буд. Бобои Эшон розӣ шуд ва гуфт, ки телфонашро субҳ ба ман деҳ, 1  зангаш мезанам. Бо ҳамин соат ба 00:00 шаб рост мешуд. Охирон хоҳишаш ҳамин буд, ки тӯйи духтарашро бояд бубинад…

Худаш ҳам аз чизе огоҳ буд, ки насиҳат кард, ки оянда ба ман чизе шавад, робитаро бо хонаводаи ман қатъ накун. Ман посухаш додам:

-Бобои Эшон, чаро чунин мегӯед, Шумо ҳоло бардам ҳастед.

Бо 1 чумла чунин посух дод:

 “Аз дарди ман чиро медонӣ?».

Вақте соат аз 00 шаб гузашт ва ман ҳамёза мекардам, гуфт сағера хоб дорӣ, рав хоб кун ва аз мошин поин шуд. Яке боз тӯй ба ёдаш омад. Дарро напушида гуфт:

-Сағера бо яки ягон ҷо наравӣ, ки камераичии тӯй ту мешавӣ, рафтӣ-мурдӣ!- гуфта ханда кард.

Ман ҳам бо ханда посухаш додам:

-Бобои Эшон ягон ҷота ғам набошад ва ҳарду хандидем.

Ӯро то даромадан ба дарвози хонааш нигоҳ кардам ва бо ҳамин дигар эшонро 4  рӯз надидам.

Рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми август устодонро ба хонаи худ таклиф кардам. Ҳар вақте ба хона даъват мешуданд, аввалин шуда, Аҳмади Иброҳим бо бобои Эшон ба хона меомад. Ин шаб ҷойи бобои Эшон холӣ буд.

Аз наомадани Эшон аз устод Аҳмад пурсидам, посух дод, ки эшон каме нотоб аст ва шояд дертар расад...

Рӯзи 4-уми август хабарӣ чарроҳии ӯ расид. Бо шунидани ин сухан ба бемористон шитофтам. Шаби ҳамон рӯз Эшонро дар утоқи эҳё дидам. Беҳушу бе ёд хоб буд, дигар он Эшонӣ “сағерагӯ” набуд. Рӯзи 8-уми август хабари маргаш расид…

…Дигар сағерагӯиҳои танҳо ба Эшон зебандаро намешунавам, занг ҳам намезанад, ҳатто дигар бо ман ҷое намеравад. Ҷойе, ки ҳоло ӯ рафт, фақат кору рафтораш дар ёдҳо мемонад, ёдҳое, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Рӯҳат шод, хонаи охиратат обод бод, бобои Эшон!

Маҳмудҷони Раҳматзод

журналист

 

************

Ғамхори «сағераҳо»

Ин аксро моҳи ноябри соли 2021 аз фейсбук барои худ, дар қатори аксҳоям ҳифз карда будам. Пешопеш хотирае, ки қариб ҳамаи иштирокдорони ин акс, аз қатори устодонамон дар ҷодаи журналистика буданд ва ҷолибаш барои ман либоси расмӣ ва галстук доштани Аслиддин Достиев ва Аҳмади Иброҳим буд. Чун ман эшонро давоми ин даҳсола қариб, ки бо галстук надидаам.

Бобои Эшон аз зумраи онҳое, буданд ки ҳамеша ғами мо ба қавли худаш " сағера" - ҳоро мехӯрданд. Ҳама вақт аз ҷой ва шароити доштаамон пурсон мешуданду ҳарчӣ дар тавонашон доштанд, кӯмак мекарданд. Маҳз ҳузури ин қабил инсонҳо буд, ки мо Кӯлобро ба худ ҷойи зист қарор додему ягон зарра ҳисси бегонагӣ дар ин шаҳр давоми 10 сол эҳсос накардем. Оҳ, Худо, чаро  ҳамеша мардони асилро аз миёни мо мебарӣ?... Бобои Эшон ҷоят ҷаннат, хонаи охиратат обод бод! Бигзор ин ғами охирамон бошад, ай Худои меҳрубон!!!

Барнои Бекматзода

журналист

 

 

 **************************************************************************

Бобои Эшон

(Очерки портретӣ)

 

Бо Аслиддин Достиев, Бобои Эшон, мо солҳои тӯлонӣ шиносӣ доштем. Аммо наздики 20 соли охир мунтазам ҳамнишин будем. Тақрибан моҳе набуд, ки 1 ё 2 маротиба якҷоя сари дастархоне нашинем. Шиштанҳои мо солҳои охир ба анъана даромада буданд, ва Бобои Эшон ин “нишастҳои матлуботӣ”-ро (таъбири худашон) ҳусни хосае мебахшиданд. Ҳар соли навро бо Бобои Эшон оғоз мекардем, чун рӯзи 1 январ зодрӯзашон буданду, мо бе ягон огоҳиву даъват ба хонаи Эшон мерафтем.

 

 

Шӯх ва...

Хеле шӯх буданд ва ҳама ба шӯхиҳои Бобои Эшон чунон одат карда будем, ки ӯ рӯз аз рӯз илҳом мегирифт. Ёд дорам, боре дар хонаи дӯстамон Ширинҷон Сафарзода манту мехӯрдем. Бобои Эшон баъди хӯрдани 2-3 дона манту бо лаҳни ҷиддӣ ба Ширинҷон гуфт:

“Ширинҷон занта сар бте”.

Ширинҷон ҳайрон шуда пурсид:

“Чиба Бобои Эшон?”...

Эшон пауза гирифт ва мо ҳама фикр кардем, ягон хатои ҷиддии келинро дидаанд, ки бо табассум гуфтанд:

 “Мантуро пухта наметонистай”

 То якчанд дақиқаи дигар нишастагон даст аз дастархон гирифта ширин хандидем.

 

...Ҷиддӣ ва...

Дар қиёс бо дигарон муносибаташон бо ман хеле ҷиддӣ буд. Намедонам, аз чӣ сабаб бошад, доимо ақидаҳои маро дастгирӣ мекарданд, ёд надорам, ки бо ягон фикри ман розӣ нашуда бошанд. Навиштаҳои маро дар газета хонда, доимо таъриф мекарданд:

 “Хондам, таҳлили хеле хуб кардай, маладес”- мегуфт баъди хондани ҳар 1 мақолаи ман.

 Дар бораи ҳақиқатгӯиву, якрӯягириву принсипнокияш хеле зиёд гуфтаанд. Боре ин нуктаро худаш чунин баён кард:

“Ман фалон раиси ҷӯраамро гуфтам, ки нагузарон, набошад, ошногиро фаромӯш мекунам, ва чунон “мешапамат”, ки ба халосгар зор мешавӣ” (“Шапидан” дар истилоҳи журналистони кӯлобӣ танқид кардан аст).

Боре, яке аз дӯстони журналистамон бо шӯхӣ аз хӯроки омода кардаи ҳамсараш нолид. Бобои Эшон, ки он ҷо ҳузур дошт, исту бест накарда гуфт:

 “Дар газит бшапш”.

 

...Худодод ва...

Аслиддин Достиев журналисти худрӯй буд, чӣ хеле мегуянд, истеъдоди Худодод дошт. Маҳз озодии мутлақ, дар қиёс бо журналистони касбӣ, ки доимо дар чорчӯбаи таълими аз устодон гирифтаашон амал мекарданд, ба Аслиддин Достиев имкон медод, фикрашро, бигузор дар баъзе ҳолатҳо дурушту дағал ҳам бошад, вале сареҳатан ва фошофош баён кунад. На сензура на худсензура надошт.

Соли 2011, баъди боздид аз дафтари марказии Бонки осиёии рушд (БОР) дар шаҳри Манила, ман қарордоде бо 1 ташкилоти байналмилалӣ, ки фаъолияти ин ниҳоди молиявиро мониторинг мекард, имзо кардам. Гурӯҳи корӣ таъсис додему ман аз Аслиддин Достиев ва чанд журналисти собиқадори дигар хоҳиш кардам, ки дар бораи лоиҳаҳои БОР, ки дар минтақаи Кӯлоб дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ амалӣ шудаанд, назарсанҷӣ ва тадқиқот гузаронида, маълумот ҷамъоварӣ кунанд. Дар 1 муддати кутоҳ акаи Аслиддин маводи зиёде бо далелу исбот ва таҳлили касбӣ ҷамъ карданд. Ман ҳайрон шуда пурсидам:

“Ин қадар рақаму аснодро аз куҷо ва чӣ хел ба даст овардед?”

Бобои Эшон ба ман касетаи сабти суҳбатҳои телефониашро дода гуфт:

“Дар бекорӣ  кам-камак гӯш кун”.

Гӯш кардам ва шунидам, ки далелу факти барзиёде дорад...

 

...Таҳлилгар ва...

Воқеан, сӯҳбатҳои акаи Аслиддин исботи салоҳияти баланди ӯ буданд. Дар саволгузорӣ дилхоҳ муфаттишро ба ҳайрат мегузоштанд.

Дар газетаи “Пайк”  маводи таҳлилӣ-танқидие дар бораи яке аз сохтмонҳои шаҳри Кӯлоб, ки бахшида ба ҷашне буд, чоп карданд. Худ, ки сохтмончӣ буданд, хеле ҳирфаӣ, вале бо забони ба омма фаҳмо, бо арқоми зиёд асосноккардашуда моҷароро таҳлил карданд. Ман, ки аз соҳаи сохтмон фарсахҳо дурам, бо 1 хондан аз тамоми камбудиҳои ҷиддии ин иншоот огаҳ шудам, ва ба Бобои Эшон гуфтам: “Ака бо ин қадар далелу рақам Шумо кори муфаттишонро осон кардаед”.

Ҳамаи мақолаҳои навиштаи Аслиддин Достиев бо далелҳои қотеъ асоснок карда мешуданд. Ба гуфти худаш: “Ҳамин хел менавишт, ки қаҳрамонҳои манфии  мақолаҳояш барои вокуниш сухан намеёфтанд!”.

 

...Авторитет ва...

Обрӯ, ба истилоҳ “авторитети” хеле баланд доштанд. Маҳз ҷасорату принсипнокии ӯ замина гузоштанд барои эҳтиром аз ҷониби дигарон. Ёд дорам, ба ман зарур буд, ки дар нишасте, ки ба мавзӯи “Ҷомеаи бе ришва” бахшида буд, сари 1 миз кормандони масъули суд, прокуратура ва мақомоти дохиларо ҷамъ орам. Он замон на ҳама хоҳиши дар чунин чорабиниҳо ширкат карданро доштанд ва ман мутмаин будам, ки таъмини ширкати онҳо хеле мушкил аст. Ман, ки аз авторитети Бобои Эшон огаҳ будам, ба ӯ муроҷиат кардам. Одамони “даркорӣ”, баъди занги Бобои Эшон, на танҳо омаданд, балки бо ширкати фаъолонаи худ муваффақияти чорабинии моро пурра таъмин карданд.

 

...Ҷасур

Ба ҷавононе, ки дар пайи дарёфти шӯҳрати осон, ҳадро байни ҷасорат ва қонунвайронкунӣ намебинанд, доимо таъкид мекард: “Тентакӣ накунед, худро ба ман баробар намонед. Ин авторитетро ман даҳсолаҳо ба даст оварда ҳифз карда истодаам”.

Фикр намекунам, ки дар солҳои наздик журналисте чун акаи Аслиддин рӯи саҳнаи набард бо ноадолатиҳо барояд. Шояд дар касбият касе аз ҷавонон ба дараҷаи ӯ расад, вале ҷасорати ӯ, ки “бо хуни модар андарун” шуда буд, на ба ҳар кас муяссар мешавад.

Додарбек Сайдалиев,

номзади улуми сиёсӣ, дотсенти кафедраи фалсафаи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter