ХАБАРИ ДОҒ

 Ҷавоб ба мақолаи Саиди Тарма “Ҷӯгӣ оё бандаи Худо нест”.

            ( СССР, №30. 28.07. С2022. )

 “Лаънат карда шуд дурӯғгӯёнро.”

  ( Қуръон; 51:10. )

“...дурӯғ –шадидтарин, бузургтарин ва     нобахшидатарин гуноҳи инсон аст...ҳар гуна робитаю дӯстӣ бо дурӯғпарастро аз худ қатъ мекунам.”

 ( Ясно, ҳоти 49, банди 2.)

Саиди Тарма! Ҳамаи мо медонем, ки, ҷӯгӣ ҳам бандаи Худо мебошад вале тибқи фармудаҳои Ӯ, ҳамаи мо бояд ҳалол кор кунем, аз ризқу рӯзии ҳалол бояд умр ба сар барем. Аммо на ба он шевае, ки бо ҷисми солими паҳлавонона, ба хотири бандаҳои Худоро ба шафқат овардан, таёқу асобағали дурӯғинро дар зери каш карда, пою дасту миёнро докапеч карда,  бо роҳи фиребу дурӯғ  паи дарёфти рӯзӣ шавем.

Шумо монанди Абдуқодири Абдуқаҳҳор, мағрурона навиштаед, ки 5000 китобро мутолиа кардаед, вале шеваи навиштанатон, ба нафари 5000  китобхонда монанд нест. Ин ҷо низ дурӯғ мегӯед. Худи ҳамин изҳор кардан, ки гӯё 5000 номгӯй китобҳоро хондаед, дурӯғ мебошад. Чунки агар 50 сол умри бо ба сари ақл омада китобхонӣ карда бошед, ҳар сол хондани 100 китоб (1 китоб дар 3,5 рӯз) рост меояд ва ин дар ҳоле, ки шумо хобу хӯру кору бор накарда, аз китобхона набаромада, танҳо китоб хонда бошед!!!.

Китобро чаро бояд хонд?

Ба ин савол устод Ҳафиз Раҳмон ҷавоби аниқ додааст: “Ҳадафи ниҳоӣ маънавият аст, яъне МАСЪУЛИЯТ БАРОИ РАФТОРУ ГӮФТОРИ ХУД... Агар фаразан, 200 китоб хониву ҷонибдори ҷангу хунрезӣ бошӣ, пас даҳмарда будан 1000 бор беҳтар аст...”

 Агар дар ҳақиқат 5000 китоб хонда бошед, пас ҳакимед, соҳибилмед ва бо он илму ҳикмате, ки аз хондани 5000 китоб бардоштаед ва талбандагиро дастгирӣ карда, онро касб мешуморед, пас Шумо гадои гундоед, яъне гадои соҳибилму ҳакимед, ки ба қавли Муҳаммад Ғазолӣ, “Худованд фардои қиёмат ба рӯи гадоҳои гундо назар намеафкандааст, чуноне ки ба рӯи пирони зинокор!”, яъне соҳибилме ки гадоӣ ва ё онро таблиғ  мекунад, ҷурмаш дар назди даргоҳи Парвардигор баробар ба ҷурми 1 пири зинокор мебошад.

Шумо “Худованди бузург ин қавмро дар тақдираш аз азал ҳаминхел офаридааст.”, гӯфта, барои ба чунин ҳол расидани қавми ҷугӣ, Худоро гунаҳкор карданиед? Ва боз барои тақвияти фикратон Оятеро аз Қуръон мисол овардаед. Агар Шумо шарм аз Худо медоштед, Қуръони Ӯро  дар миён намеовардед ва тӯҳматҳо дар пои миллати Тоҷик намебастед. 2-3% фосиқу бероҳагарде, ки корҳои ғайришаръӣ мекунанд, онҳо ҳанӯз миллати Тоҷик  нестанд. Миллати Тоҷик Фирдавсию Саъдист, Ҳофизу Ҷомист, Айнию Ғафуров мебошад. Аммо қавми ҷугӣ саросар талбанда аст. Аз онҳо фаришта ва қавми беозор насозед!

 

Ҷӯгӣ кист?

 Ман ба ҳаёти онҳо аз наздик шиносам ва хело хуб медонам, ки онҳо ба чӣ корҳо машғуланд. Замини иҷорае  доштам, дар канори деҳаи ҷӯгинишини бо номи Тунддараи ҶД “Баҳор”-и ш. Ваҳдат. Намехоҳам нисбати аҳолии деҳаи номбурда ҳарфи ноҷое гӯям. Вале бояд қайд кунам, ки саҳари барвақт, ҳамаи ҷавонзанҳо, келину духтарони қадрас, халтаҳо дар китф, аз деҳа мебаромаданд. Ҷавонмардони ҳузарби бо тану туш онҳоро то шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат гусел мекарданд ва бегоҳ бошад боз онҳоро истиқбол карда, халтаҳои пурборашонро бардошта, ба хонаҳояшон бармегаштанд.

Рӯзе фаҳмидам, ки бобои Бозор, сокини деҳаи Тунддара бемор аст, саҳар, ки ба кор меомадам, аз ҳоли бемор пурсон мешудам. Ҷавобам медоданд, ки шаб вафот кард. Мепурсидам, ки ҷаноза кай барпо мешавад? Ҷавобам медоданд, ки шаб майитро ҷаноза карда дафнаш кардем!? Ҳаминтавр аз бемории модари Сиган пурсон шуда будам, айнан чунин ҷавобро гирифта будам. Хулоса дар чанд соле, ки дар ҳамсоягӣ бо ҷӯгиҳо кору фаъолият кардаам, боре ҷанозаи онҳоро надидаам. Дар чандин барномаҳо, ки ба хотири ҷугиҳоро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва ба таҳсил фаро гирифтан, роҳандозӣ шуда буд, иштирок кардаам. Аз ин рӯ аз ҳаёт ва зиндагии қавми ҷугӣ каму беш бохабарам. Агар хоҳед, ки сиру савдои қавмии Шумо набарояд, он  ҳақоратҳои  худро, ки нисбати миллати Тоҷик раво дидед, гашта гиред ва аз ин миллат бахшиш пурсед, ки Мо Метавонем!

 

Ҷӯгӣ дар Россия

Соли 1993 дар Россия, дар шаҳри Барнаул будам. Моҳҳои март буд ва ё ки апрел. Вокзали роҳи оҳани ш. Барнаул лаболаб пур аз қавми ҷӯгӣ буд. Дар ҳамон ҷо хӯрок мепухтанд, хоб мерафтанд, аз овози ғалоғулаи онҳо кормандони вокзал ба дод омада буданд. Аз ҳама бадбахтиаш он буд, ки онҳо худро тоҷик муаррифӣ мекарданд. Боз бадбахтии даҳшадноктараш он буд, ки дар шиносномаҳои онҳо, дар сатри миллат, “тоҷик” сабт шуда буд. Яке аз сабабҳои беобурӯ шудани миллати Тоҷик ва гум кардани қадру қимат ва манзалати миллати Тоҷик маҳз қавми Шумо мебошад, мӯҳтарам Саиди Тарма.

Агар Шумои 5000 китоб хонда, нангу номӯс ва шарафи қавми ҷугигии худро медоштед, кайҳо аз Ҳукумати мамлакат талаб мекардед, ки дар сатри миллати шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон, “Тоҷик” нею, “ҷӯгӣ”, “лулӣ”, “сиган” ва ғайраро менавиштанд. Сабаби бадбахтӣ ва таънасор шудани миллати Тоҷик ва ном “баровардани” он ба амалҳои фосиқӣ,  дар ҳамон сатри миллат навиштани калимаи “тоҷик”, фосиқию ҷиноятҳои қавми Шуморо ба миллати бошарафу боимону бо нангу номуси Тоҷик нисбат додан аст.

Бо қавли мардуми рус, “Вот где зарыта собака!”  Ана дар куҷост педофил, дузд, ғоратгар, таҷовузкор, фоҳиша, гадо... муҳтарам Саиди Тарма. Аз ин ба баъд, пеш аз калимаи Тоҷикро дар забон овардан, даҳони худро 5000 маротиба бо оби покиза об гардонед, мӯҳтарам Саиди Тармаи 5000 китобхонда.

Ба мақсади пешгирӣ кардани миллати Тоҷик аз шармандагию таънасории Саиди Тарма барин афрод, ман чун шаҳрванди ин кишвар, аз Парлумони мамлакат талаб мекунам, хоҳиш мекунам, зорӣ мекунам, ки оҷилан масъалаи иваз кардани шиносномаҳои қавми ҷӯгиро дида баромада, дар муҳри миллат калимаи “Тоҷик”-ро ба калимаи “лулӣ”, “ҷӯгӣ” ё “сиган”... дида барояд.

Аброр Соқиев,

Тоҷики китоби хеле кам хонда, ш.Ваҳдат   

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter