Редаксия супориш дод: Россия рав!

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

01.08.2022. Аз равуо ва шарту шуруту буду боши муҳоҷирони кор, фарҳанги тайёрашинӣ, шаҳрнишинии тоҷиконамон дар Россия баҳс кардаму дар бало мондам. Сардабир гуфт, рав ва бо чашми сар бину дар ҳамин бора навис ва билети самолетро пагоҳаш дар дастам қаппонид…

 

06.08.2022. Соат бо вақти Душанбе 07:20 дақиқа. Ҳавопаймо ширкати «Уральские авиалинии» таҳти хатсайри №8958 аз фурудгоҳи Душанбе парвоз намуда, сӯи ш.Екатеринбург роҳ пеш мегирад. Шаҳри Екатеринбург пас аз Маскаву Санкт-Петербург дар баробари Новосибирск яке аз 4 шаҳри калонтарини Россия ба шумор рафта, ҳамзамон маркази минтақаи Урали Россия низ шинохта шудааст.

 

«Вы таджичка? Вы мусульманка?»

06.08.2022.  Соат бо вақти Екатеринбург 10:45 дақиқа. Ҳавопаймо дар фурудгоҳи «Колтсово» фуруд омад. Агар ба баъзе аз нуқсонҳои парвоз нигоҳ накунем-аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ пас аз давраи пандемия аз хароҷоти зиёдатӣ, аз ҷумла пазироӣ ва додани хӯрок ба мусофирон даст кашидаанд, он хуб анҷом ёфт. Танҳо мусофирони ҳамеша саросемаи бо ба замин нишастани самолёт зуд аз ҷойҳои хеш бархоста, чизу чораи худро ба даст гирифта, дар роҳрав саф кашиданду ҳамин тавр ба огоҳии меҳмондорон нигоҳ накарда, боз 10 дақиқаи дигар то расидан ба трап рост истоданд. Баъзе ҳатто кӯдакони хурдсол дар даст.

06.08.2022.  Соат бо вақти Екатеринбург 11:12 дақиқа. Ба марзбонии Федератсияи Россия расидему саф кашидем. Ману писарам Ромин дар охири навбат ҷой гирифтем, аммо маҷбур шудем ба чандин нафар, ки забони русиро намедонистанд, рафта кӯмак кунем. Вақте навбати мо расид, русдухтари паричеҳрае хеле ба шиносномаам нигоҳ карда, пурсид: «Вы таджичка? Вы мусульманка?», дар ҷавоб гуфтам «Да, я таджичка, Альхамдуллилах, я мусульманка! Есть проблемы?». Ӯ гуфт, «Мы так мало видим таких таджичек как вы, современных, мы привыкли видеть таджичек с платками на голове, особенно закрытыми и нам кажется, что все таджички такие…».

 

Тоҷикистонии дунявӣ ё муҷоҳид???

Пас аз ин гуфтаҳо дигар ҳарфе надоштам, ки посух бигӯям, зеро дар ҳақиқат, аҳамият додам,  аз 1 самолёт мусофир фаромада, шояд ягона нафаре, ки ба тан шим пӯшидаву ба қавле «прическа» кардааст, ман будам, боқӣ ҳама сатракӣ-рӯймолҳои сиёҳу куртаҳои дарозу рӯйи маҳкам, мисли ҳамон зану фарзандони ҷангиёни Давлати Исломӣ, ки чанде пеш аз Ироқ ба ватан овардаву талхаи мардумро кафонда будем. 100 афсӯс, ки мо худро чунин шиносондаему моро низ чунин шинохтаанд…

 

Екатеринбург ё Тоҷикистон?

Тайи чанд рӯзе, ки меҳмони ин шаҳр будаму тамомии поркҳо ва марказҳои савдою бозорҳоро чарх задам, ҳамватанони хеле зиёдро дидам. Албатта, аксари занону духтарони тоҷики мо дар онҷо низ бо либоси «миллӣ-арабӣ» гаштугузор менамуданд. Ба гуфтаи писарам Ромин тоҷикро аз тарзи либоспӯшиаш зуд шинохтан мумкин аст-ҳамон куртаҳои дарозу рӯймолҳои сиёҳи калону рӯйи нима пӯшида, гӯйё дар ягон урдугоҳи Сурия бошанд. Ба чунин ашхос кормандони милиса хеле ҳассосанд, вале агар будубоши онҳо тибқи қонунгузории ин кишвар дуруст шуда бошад, касе ба касе коре надорад. Чанд маротиба дидам, ки милисаҳо занҳои сиёҳпӯши моро нигоҳ дошта, ҳуҷҷат талаб мекарданд, ман ҳам наздиктар рафта меистодам, то лозим шавад, кӯмак кунам, аммо бо тафтиши паспорт ва чанд суол кифоя мекарданд.

Дар шаҳри Екатеринбург тоҷикон хеле зиёданд, алалхусус дар марказҳои савдои «Таганский ряд» ва «Дирижабль» бештари ҳамватанонро дидан мумкин аст. Агар гӯем, ки «Таганский ряд» пурра тоҷикист ва дохилаш Тоҷикистон аст, хато намекунем. Он ҷо сар аз курпаву болишти тоҷикӣ то нону самбӯсаву чаппотиҳои «очагӣ» мефурӯшанд, ҳатто ҳамон бозичаҳои хитоӣ, гаҳвораву гаҳворапӯш, тоқиву ҷомаву сала ва … нос!!! Фикр мекунед филиали бозори «Корвон»-и Душанбе бошад, ҳама чӣ ошно.

 Агар озариҳо тамомии тарабхонаву ресторанҳоро соҳибӣ карда бошанду қирғизҳо соҳаи хизматрасониро, тоҷикон рӯ ба фурӯши меваю сабзавот гузоштаанд. Дар ҳар истгоҳ ё назди «Монетка»-ву «Пятерочка» ва «Перекресток» ларёки мевафурӯшӣ ҳасту дар он тоҷикон тарбузу харбуза, хушкмева, помидору бодиринг ва смородинаву малина мефурӯшанд. Муҳим аз ҳама харидор ҳам ҳаст. Дӯстон гуфтанд, ки ҳафтае нест, ки дар ин шаҳр туйи арӯсии тоҷикӣ бо карнаю сурнай ва базм баргузор нагардад. Дар Россия низ ба дорову нодор ҷудо шудаем, нафаре дар интизори миёнарав дар мардикорбозор мешинаду дигаре алакай 3-4 ларёку магазин дорад…

 

Ҳуқуқи кӯдак ва гадоҳои «безнал»

2 чизе, ки бештар аз ҳама ба ман дар ш.Екатеринбург писанд омад ин эҳтиром ба ҳуқуқи кӯдак ва муомилоти пули ғайринақдӣ буд.  Ба кӯдаки хурдсол дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, автобусу троллейбус ва трамваю метро ҳатман ҷой медиҳанд ва касе ҳуқуқ надорад ӯро аз ҷой хезонад. Падару модар рост меистанд, вале кӯдакро мешинонанд. Кондукторҳои автобусу троллейбус ва трамвайҳо аз кӯдакони то 8 сола роҳкиро намегиранд ва агар ба кӯдак ҷой нарасид, ҳатман ҷавонеро аз ҷой хезонида, кӯдакро мешинонанд.

 Чизи дигаре, ки ба ман хеле маъқул шуд ин истифодаи кортҳои бонкӣ дар ҳама ҷо, сар аз пардохти роҳкиро то хариди меваю савзавот ва гӯшту паниру нон. Тамоми сокинон ва шаҳрвандони мо низ ба истифодаи кортҳо одат кардаанду бо худ пули қоғазӣ гирифта намегарданд. Кортро гузошта, пардохт мекунанд, касе на бақия интизор асту на дигар. Ҳатто гадову талбандагон ва онҳое, ки дар гузаргоҳҳои шаҳр суруд хонда, пул ҷамъ мекунанд, рақами корти бонкии худро, ки асосан аз «Сбербанк» аст, навишта гузоштаанд-шумо метавонед ҳамон 50-100 рублро тариқи телефон ба суратҳисоб гузаронед ва бо ин роҳ хайр кунед. Беҳтарин кор!   

 

Кор зиёд аст, вале …

Кор барои мардуми коргар дар ш.Екатеринбург зиёд аст. Сар аз ошхонаву чойхонаҳои тоҷикӣ то меҳмонхонаву заводу фабрика ва ширкатҳои сохтмонии давлатии бузург ҳама коргар меҷӯянд. Гоҳо бо ҷойи хобу ҳуҷҷатгузориву хӯроки бепул ва маош то 70-100 ҳазор рубл, вале барои ин тахассус, ҳунар, маълумот ва муҳимтар аз ҳама забон донистан лозим аст. Агар 50% шаҳрвандони мо забони русиро хуб медонистанд, имрӯз дар интизори кордеҳ ва миёнарави тоҷик дар мардикорбозори ш.Екатеринбург намешиштанду, худашон рафта, кори хуб пайдо намуда, зиндагиро беҳтар пеш мебурданд. Бархе ҳамон мевафурӯширо низ бо имову ишора анҷом медиҳанд ё ба харидор лавҳаи навиштаи нархро нишон медиҳанду халос…

 

Имиҷи Тоҷикистон-муҳимтар аз ҳама

11.08.2022. Соат бо вақти Екатеринбург 15:00 дақиқа. Ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург омадем, то бо консули генералӣ, устод Зафар Саидзода дидор намоем. Устод моро хеле хуш қабул намуданд, туҳфаҳои редаксияро низ ба он кас супоридем-китобҳои тозанашри «Эшон бала» ва «Султони кинои тоҷик».

Бо омадани Зафар Саидзода ба ҳайси консул кор дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоман дигар шудааст! Инро ман не, шаҳрвандони мо, ки корафтода мешаванд, мегӯянд. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақа ва вилоятҳои Урали Россия барои анҷом додани корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ба ин ҷо меоянд, консулгарӣ аз субҳ то шом боз буда, навбатпойиҳои қаблӣ ҳам аз байн рафтааст. Кор бо роҳи дипломатӣ хеле осон шуда, барои дастрас намудани шиносномаи нав ё ягон ҳуҷҷати лозимӣ аз Тоҷикистон дигар моҳҳо интизор шудан лозим нест.

 Сари суҳбат бо Зафар Саидзода дар бораи проблемаҳои шаҳрвандони мо дар Федератсия Россия, рафтани кадрҳои хуб, аз ҷумла духтурону муаллимон, ҳавзаи фарҳангӣ ва ташаббусҳои консулӣ барои баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистону тоҷикон хеле ҳарф задем. Ба қавли устод Зафар Саидзода кор дар пеш хеле зиёд аст, нақшаҳо низ, бо гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ин ҳам бо омадани консули нав ба маротиб афзудааст, мо бояд нишон диҳем, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати фархеҳта буда, дорои тамаддуни кӯҳани ориёиянд. Тоҷик фақат муҳоҷир нест, тоҷик олим аст, нависанда аст, журналист аст, санъатшинос аст, варзишгар аст, тоҷиру бонкир аст!

Ба таҳқиқ бо чунин консул Мо Метавонем!!!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе-Екатеринбург-Душанбе

06-13.08.2022

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase