Ислом ва дунявият ё исломи дунявӣ

  • Чоршанбе, Авг 31 2022

 

Аз муаллиф: Тавзеҳе ҷои пӯзиш

Дар тӯли 725 шумора ман бо ту будам хонандаи ин сутур ва ҳафтае набуд, ки дар ин саҳифа бо ман сӯҳбат намекардӣ. Вале дар шумораи 726 ҷои манро Сӯҳробшои Фаррухшо гирифт ва аксари хонандагон тариқи СМС, тилфон, номаҳои электронӣ пурсиданд, ки ЧАРО? Зеро ба таҳқиқ ӯ аз қаъри ҷигари худ 1 матлаби нозанин, ҷонон ва пурсӯзе дар нисбат ба фавти нобаҳангоми хабарнигори мо, Аслиддин Достиеви зиндаёд навишт. Ҳарчанд фикр кардам, дидам, ки аз ӯ хубтар навишта набитавонам. Зимнан матлаби Сӯҳробшо ин гӯшаро зиннат дод. Инак боз ҳам ин ману ту ва Мо Метавонем!

 

17.08.2022. Соат ба вақти СССР 17:37 дақиқа. Умари Шерхон муаллифи доимии мо дар маҷлиси редаксионӣ ё худ «пятиминуткаи СССР» ахиран шӯрид:

-Арабҳо барои тақвияти ислом дар ҳар хонадони Тоҷик, дар авоили ғасбкоришон, 1 арабро мемонданд ва ин аъроб, ҷои дингустариш, ба арабизатсияи сартосарӣ шуруъ карданд.  Имрӯз барои тоҷикӣ кардани исломи арабшудаву мазҳаби арабпарастон, бояд дар ҳар масҷид 1 шоири номӣ, 1 нависандаи халқӣ, 1 барандаи медалу ордену ҷоизаи давлатӣ, пеш аз ҳар намоз ақаллан 5-6 дақиқа микрофонро ба даст гирифта, роҷеъ ба таъриху тамаддуни тоҷик сӯҳбат кунад…

Воқеан ҳам хонандаи гиром, чаро не? Магар бад аст, агар Низом Қосим-раиси ИНТ, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа… ва дигар шоирони халқӣ, Бахтиёр Муртазоев, Абдулҳамид Самадов ва боқӣ нависандагони халқӣ, Фарҳод Раҳимов-президенти АУ, Юсуфшо Ёқубов-бостонишноси номӣ, Файзалӣ Ҳасанов, Далер Назаров…сарояндагони номдортарини Тоҷик ва 1001 забону адабиётшиносу академику профессори номдору шинохташудаи Тоҷик дар масҷидҳои Тоҷик, пеши миллати Тоҷик шаванду 4-5 дақиқа сӯҳбати созанда кунанд? О, мо ифтихороти миллиро бо ҳамин роҳу усул барқарор накунем, бо кадом роҳ устувор мекарда бошем?

Пои ҳукуматдоронро аз масҷид кутоҳ кардан ба маъние нест, ки пайи таассуб ва мракобесие аз сару фуки мо руфта мешавад. Баракс! Ин раванди хатарзо ҷон гирифта, сӯи ҳукумат мехазад. Ҳаргиз тарафдори шиори “дин аз давлат ҷудост” на будам ва на ҳастам. Ин позитсияи ман аст! Зеро дини ҳукмрон бояд дар ҳукумат ва ҳукумат дар дини ҳукмрон арзи ҳастӣ кунанд. Хатои ягона ва нобахшидании давлати СССР ҳамин буд, ки коммунистон фикр карданд, “динро аз давлат ҷудо кардем!” ва кори хирс тамом. Охираш чӣ шуд? Хирс кори моро тамом кард! Пас чаро дубора бо ҳамон роҳ равем:

Чаро оқил кунад коре,

Ки бор орад пушаймонӣ???

Ҳафтаи пор аз мазори Ҳазрати Амирҷон дидан кардам. Муллои навбатдор аҷаб сухане гуфт, ки “Акаи Сайёф, ёд доред фалониро (ному насаби мақоми баланрутбае, ки гӯиё дунявитарин дунявӣ буд), ана ҳамун мардак, ҳар моҳ омада, пеши Ҳазрат чорзону зада, эххх, қироат мекунадееее”. Наханд хонанда. Зеро агар “ҳамун мардаки хуби идеолог” вақти зимоми ҳукумат дасташ будан, ин ҷо меомаду қироат мекард, садҳо фанат шояд сӯи илму дониши дунявӣ майл мекарданд. 200% бар боварам, ки тамомии масъулин баъди бознишастагӣ дари масҷиду мазоротро охурча мекунанд. Ин бад коре нест. Бад он аст, ки дар вақташ сӯи ин тараф майл накарда буд(ем)анд ва кор аз кор рафт...

Мо худ зимоми ҳукмро ба дасти муллоҳо додаем. Ба вежа нео-муллоҳо, онҳое, ки аксаран дар хавориҷ хондаанд ва фикр дорем бо пахши барномаҳои телевизионӣ «кори хирс тамом». Ман агар хатаротро сари миллат эҳсос накунам, ҳаргиз инчунин матлаб наменависам. Миллатро бояд дар ҳама ҷо ҳифз, реклом ва ташвиқу таблиғ кард. Ба вежа дар масоҷид. Маконе, ки мансабдорони мо баъди нафақа озими он мешаванду дар раъси аввали ҳоҷиюну қориюн қарор мегиранду аккурат таблиғгари расму русуми аъроб мегарданд. Ин таблиғот ба дурустӣ самт дорад: теша бар решаи худогоҳиву худхоҳии миллӣ задан.

Бин, хонанда, депутатҳо дар 1 сол 2 бор бо мардум во мехӯранд. Албатта, маҷбурӣ. Зеро қонун маҷбур мекунад. Чунки ихтиёрӣ инҳо бояд пайваста бо интихобкунандаи хеш дидор кунанду арзи дилашонро бишнаванд. Пас ҳамин депутатҳо наметавонанд, моҳе 1 бор дар масоҷиди ҳавзаҳои интихоботии хеш бо мардум-интихобкунандагонашон во хӯранду дар бораи дунявияти давлат сӯҳбат кунанд???

Чанд шоиру адибу профессоре, ки ҳоло, баъди бознишастагӣ, масҷид мераванд, мисли гурбаи ошолуд дар кунҷе хазида мешинанд. Зеро танҳоянд. Чунки адибону интеллигентҳои вазифадор намераванд. Ба фикри ман, ки метавонад ғалати маҳз ҳам бошад, дар ҳар намоз, ақаллан дар намозҳои ҷумъа, БОЯД ҲАТМАН  дар 2  паҳлуи ҳар имом-хатиб 2 шоири халқӣ, 2 файласуф, 2 доктор, 2 нависанда, 2 номзади илм шинад…то мардум бидонад, ки масҷид ҷои даъватҳои ухравӣ нест… Миллат дарк созад, ки масҷид ҷои ибодати дунявиҳост…

Нафаре бисёр хуб гуфта буд,  «Ҳар нафаре барои он дунё зиндагонӣ мекунад-барои ин дунё хатарнок аст!». Зери ҳар вожаи ин фикри бикр имзо мегузорам ва меафзоям:-Агар зиндагонии мо танҳо барои мурдан будӣ, пас Халлоқ моро аз марг халқ намекард-Халақ ал мавта вал ҳаёта». Ҳамин моҷароро ба назар гирифта, шоир менависад:

Вуҷуди мо зи адам дорад устухонбандӣ,

Хамирмояи ҳастист, нестӣ моро!!!

(муаллифро ёбед ва соҳиби ҷоиза шавед. Мо метавонем!)

Барои мурдан не, барои зистан бояд зиндагонӣ кард ва танҳо дар ин сурат мо аз қайди наҳзату паҳзат мераҳем ва ҳаргиз бар осиёби душмани идеологии миллати хеш об намерезем!

«Танҳо касе, ки ояндаро месозад, ҳуқуқи қазоват кардани гузаштаро дорад!».

Ин ситата аз ман нест. Фридрих Нитсше аст! Нафаре, ки Аврупоро аз таассуби христианизми асримиёнагӣ раҳонида, ба арсаи ташаккул ва пешравӣ расонид. Ва то ҳадде, ки имрӯз ин Аврупо спонсори таассубизми мусалмонон дар ақсои олам гардидааст. Классика, хонандаи гиром, просто классика!!!

PS: Ва аз ҳама охир. Хеле аблаҳи нохонда бояд буд, ки фикр кард, СМ зидди ислом матлаб менависад (ҳамонгуна ки анде бехирадон дар интернет бо имзои мустаор менигоранд). Ман баракс дар дифои Ислом ва Мусалмононам ва медонам бехирадӣ, хомӣ, бегонапарастӣ, ки бо дасти неомуллоҳои заправкаашон дар Ғарб,  ба олами ислом ворид мешавад, қотили ману мову дини ману мо ва миллати мо гаштан дорад. Мо то ҳастем бо ин қудрати хориҷӣ, бо ин душманони ислом, бо ин душманони миллати Тоҷик ҳарб хоҳем кард ва ҳатман зафар аз мост. Зеро Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase