ХАБАРИ ДОҒ

 

Одил Қурбонов, хонандаи ҳамешагии СССР аз н.Восеъ ба идораи СССР занг зада (тел: 904446033), изҳори сипос ба раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасанзода намуд.

    - Шералӣ Ҳасанзода, раиси ноҳияи Темурмалик аз рӯзи омаданаш ба ин вазифа пайваста талош карда истодааст, то ҷӯйборҳои обгузарро барқарор намояд. Дар ҳоле, ки аксарияти сокинон дар ин масъала бетарафӣ намуданд, хушбахтона ин кор низ ҷомаи амал пӯшид. Мардум дохили ҷӯйборҳоеро, ки ғайриқонунӣ аз худ карда буданд, тоза намекунанд. Болои ин доимо ба об хасу хошок мепартоянд ва дар охир корашон боз ҳам аз ҳукумат нолидан аст.

Сокинони муҳтарам! Дуруст, ки ҳатман ягон корманди давлатӣ омада партовҳои шуморо тоза мекунад ва об роҳи худашро пайдо карда, то охир меравад. Охираш, яъне аз 100-ҳо хона гузашта, ба замини кишт мерасад. Аммо мо бояд рисолати инсонгариро фаромӯш накунем.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter