ХАБАРИ ДОҒ

Вафоии занро ба инобат мегиранд?

  • Чоршанбе, Авг 31 2022

 

Баҳрулло Ризоев, омӯзгор сокини н.Данғара ба идора занг зада (тел: 985221080), гуфт, ки бархе аз қонунҳои Тоҷикистон бояд бозбинӣ шаванд.

- Зимни ҷудошавии оилаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар ба зан дода мешавад. Агар оилаҳо аз ҳам пош хӯрданд, ҳатман занро дар хонаи шавҳар маскун карда, ба кӯдакон алимент ҷудо мешавад. Вале зимни талоқ ва баррасии додгоҳӣ ба 1 чизи хеле муҳим таваҷҷӯҳ дода намешавад-хиёнати зан! Шавҳар дар Россия, зан дар хона, вале бо мардҳои бегона ишқварзӣ мекунад. Шавҳар баргашта, дарак меёбад, шоҳидон ҳам ҳастанд. Вале чаро додгоҳ ва қонунгузорӣ ин чизро ба инобат намегирад? Новобаста аз хиёнат ва бевафоии зан мардро вазифадор мекунанд, ки ба зан хона ҷудо карда, ба фарзандон алимент супорад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter