ХАБАРИ ДОҒ

Ғарибе гарат мост пеш оварад,

2 паймона об асту 1 чумча дӯғ.

Агар рост хоҳӣ, ту аз ман шунав:

Ҷаҳондида бисёр гӯяд дурӯғ...

01.09.2022. Сар аз ин шумора, тибқи анъанаи роиҷ, рубрикаи мо иваз мешавад. Мехоҳам, ин бор, дар бораи Инсонҳо, Одамҳо, Шахсиятҳо ва просто мардуми оддӣ нависам. Зеро ба назар мерасад, ки адабиёт, шеър, илм, маърифат ва ҳатто журналистикаи тоҷик аз халқ дуртарак шудааст. Фарзи мисол, соати ҷоизаву орденгирии ахириро дидӣ, хонанда? Миёни ин ҳама ҷоизадор чанд нафар аз мардуми оддӣ-меҳнаткаш, коргар, фаррош, роҳрӯб, журналист, пахтачин, кишоварз, солдат, марзбон, милиса, сержант, ефрйетор, ронандаи автобус, кондуктори маршрутка, дӯзанда, пазанда, ҳуруфчин, веростор, пешхизмат,  сапожник, мусорбарак, пожарник, қаровул, бознишаста, маъюб, нафақахӯр, муаллими мактаби миёна, мураббии боғча, боғбону посбон... буд???

Вале ҳаминҳо халқанд охир! Сутунмӯҳраи ҳар миллат инҳостанд. Иллат ин нест, ки ҷоиза намегиранд. Иллат он аст, ки мо ишонро фаромӯш кардаем. Фикр дорем, миллат ҳамин олиму шоиру адиби шинохта, генералу вазиру ректору раису академику профессору деканҳоянд, ки бояд ҷоизаву ордену медал бигиранд...

Эй, ки нӯшам хӯрдаӣ, аз тезии нешам маранҷ,

Неш ҳам бояд, ки миллатро раги хобе занад!

Хулласи калом, СССР зуқ-зуқ намекунад, мисли дигарон, балки амал менамояд. Мо ин хатову ин халоро эҳсос карда, ба ҷустуҷӯи қаҳрамонҳои халқӣ рафтем, ки аксарият унвону нон ун сӯ, шояд ном надоранд. Барои худ доранд, албатта, вале шинохтанашудаанд. Мо онҳоро шинос мекунем. Мо Метавонем!

 28.08.2022. Соат ба вақти Кӯлоб 06:03 дақиқа. Маъракаи 40-уми Акаи Аслиддинро, ки дирӯз буд, гузаронида, субҳи солеҳон сӯи Душанбе роҳ пеш гирифтам. Дӯсти овони ҷавонӣ, сарбози ҷангдида бо иллати “контузия”, патриот ва узви Ихвон ал СССР, Алии Беҳудуд канори курсии рости мошин нишаста, вонамуд мекард, ки то автовокзал маро гусел карданист, вале ба назар мерасид, ки чизе дигар мехоҳад. Ягон 10 дақиқа дар автовокзал мунтазири мусофир истодем. Касе нест. Ахиран Алӣ кафид ва гуфт:

-Ҳай кун! Ман қатит пойтахт меравам...

Дар роҳ, баъди сукути тӯлонӣ Алӣ сиррашро кушод:

-Мехоҳам Россия равам! Мардикорӣ...

Ҳайрон гуфтамаш, о, ту бобо шудӣ, шукри Худо, аз касеву чизе кам нестӣ, дегат ҳамеша 1 пора гӯшту 20 гр равған дорад, дар хонат тару қоқ нон ҳаст. Дигар дар ин синну сол ва бо ин контузия, ки дар ҷанги Афғон гирифтаӣ, туро чиву Россия рафтан чӣ?

Заҳрханда карду гуфт:

-Изо мекашам (яъне шарм медорам), ака. Ҳама мардони кӯча дар Россия 1 ман мондагӣ... Нафақаам 460 сомонӣ. Мерасад. Ман балохӯр ҳам не. 1 бало карда намемирем. Вале айб аст, пеши ҳаққу ҳамсоя...

Стоп! Ман акнун фаҳмидам, ки аксарият Россия аз айбу шарм ҳам мераванд. Зане, фарзи мисол, аз даромади мардаш норизо бошад, ҳатман мегӯяд:

-О, ту ҳамин Ашӯр ҳам нашудӣ, ки Россия рафта, 4 танга фиристӣ?

Ё худ:

-Аз ту дида, Сайкаи девона хубтар аст, ки Россия рафта, хонаашро ремонт кард ва ғ. ва ҳ.

 Яъне чӣ? Яъне Каъбаи сонӣ барои ин халқ Россия шудааст??? Ин мардум танҳо ба Россия бовар дораду ба мардикоризм. Дониш, хирад, касбият, тасарруфи олам бо илму амал, хондан, таҳсил... ҳама дар ҷои 2 ва 3. Дар навбати 1 Россия рафтану бо мардикоризм 4 танга ёфтану фарзандонро арӯсӣ кардану хона харидану ҳавлиро андова кардану...чандин ҳо...-и дигар. Ва ин дар мавриде ки дар Россия ҷанг мегузарад! Нисфи Армияи рус дар Украина банд аст ва тоҷике, ки паспорти русӣ гирифтанист, медонад, ки ӯ ё фарзандони ӯро ҳатман ба ҷанг мебаранд. Вале мераванд. Чаро?

Дастгоҳи идеологии ҳукумат бояд ба ин суоли примитив, вале дар асл хеле моҷаробарангези “ЧАРО?” имрӯз посух ёбад. Метарсам, ух как, метарсам, фардо дер нашавад...

Алиро аз роҳ задам! Фаҳмонидам, ки дар Ватан ва бо Ватан будан бузургтарин неъмат аст. Ба ман бовар кард ва нарафт...

Вале 9 млн Алии дигарро бояд кӣ, кто, ким фаҳмонад, ки дар Ватан ва бо Ватан будан бузургтарин неъмат аст? Даҳҳо ҳазор Алии нафақахӯрро кӣ аз сафар ба Россия ва умеди маоши бознишастагии бештари урусӣ бозмедорад? Кӣ ба Алиҳо мефаҳмонад, ки Россияшитобӣ, ки замони ахир ҳатто бо ватанситезӣ бадал гардидааст, хуб нест ва бояд дар Ватан монду Ватанро сохт, Ватанро дӯст дошту дар Ватан хок шуд? Мо 1 умр, фарзи мисол, газетаи мардумии СССР дар 728 шумораи худ, бо ватанситезии аҳли ифрот ё худ фанатҳои исломӣ ҳарб намуда, ҳатто хит (дарк) накардем, ки фавҷ-фавҷ ба Россия фирорӣ шудани миллат аз ун ватанситезӣ батар аст, ки беҳтар на...

Саъдиё, ҳубби Ватан гарчӣ ҳадисест шариф,

Натавон мурд ба сахтӣ, ки ман ин ҷо зодам!!!

Алӣ, нарав! Алиҳо, наравед!!! Медонам, аксарияти шумо барои ин Ватан хун ҳам рехтаеду арақи ҷабин низ, умри хеш сарфу харҷи ин Ватан кардаед. Ва бовар дорам, рӯзе не рӯзе барои дилвардории халқи оддӣ, ба шумо низ медалу орден медиҳанду вазиру директор, раису шоиру адиб... ба шумо кафкӯбӣ хоҳанд кард. Зеро шумо сазовортаракед. Он рӯз дур нест. Мо Метавонем!!!

PS: Муаллифи абёти болоро касе ёфт, тибқи озмуни анъанавӣ соҳиби китоб мешавад. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter