Ҳабибулло Ҳалимов, хонанда ва узви СССР аз н. Вахш ба идораи газета занг зада (тел: 903030353), изҳори нагаронӣ аз он кард, ки қасри фарҳанги «Ватан»-и ш. Бохтарро вайрон карданд.
- Қасри Фарҳанги «Ватан»-ро ҳамчун 1 рамзи маркази маъмурии вилояти Хатлон мешинохтанд, ки он ҳам дар паҳлуи бинои МИҲД-и ш. Бохтар ҷойгир буд. Фарҳанг ин 1 пояи миллат аст, агар чунин биноҳои фарҳангиро тахриб кунанд, пас ояндаи миллат чӣ мешавад? Аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷойи бинои фарҳангӣ биноҳои баландошёна созанд. Вале дар шаҳр бояд Қасри фарҳанг бошад ку!?
Аз СССР: Хонандаи азиз! Сохтмони бинои нави Қасри фарҳанги ш.Бохтар дар к.Борбади шаҳр бо шаклу усули муосири меъморӣ бомаром идома дошта, он аз 3 ошёна иборат аст. Дар ин бора маълумоти бештарро метавонед дар матлаби мухбирони мо дар саҳ.11-и шумораи гузашта бихонед. Бояд ҳамқадами замон буду пеш рафт!