ХАБАРИ ДОҒ

Муҳлати будубош 30 ё 6 рӯз?

  • Панҷшанбе, Сен 08 2022

 

 Бахтиёр Менгилиев, сокини, н. Вахши вилояти Хатлон ба идораи СССР занг зада (тел: 905151588), аз масъулони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо намуд, ки барои зиёд намудани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони кишвар дар Ҷумҳурии Узбекистон талош кунанд.  

   - Аз вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки масъалаи тамдиди муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварро дар қаламрави ҷумҳурии ҳамсоя-Узбекистон бо ҷониби дигар баррасӣ намоянд.  Мо ҳоло имкони то 6 рӯз бидуни раводид дар ҳудуди Ӯзбекистон буданро дорем, аз ин 1 рӯз дар роҳ гузашта, 1 рӯз ба баргашт мегузарад ва ронанда хаста ва асабӣ мешавад. Ба ғайр аз ин ин фурсат хеле кам аст, хуб мешуд лоақал 15 рӯз имкони будубош мебуд.

Аз редаксия: Хонандаи азиз! Тибқи қарордод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки Парлумони 2 кишвар соли 2018 ратификатсия кардаанд, муҳлати будубоши шаҳрвандони 2 кишвар дар Тоҷикистону Узбекистон то 30 руз тамдид карда шудааст. Хуб мешуд, шумо фикратонро дар бораи раводиде, ки дар назар доред, мушаххастар баён мекардед.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter