ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Пеш аз оне, ки мавзуъи шумораи гузаштаро идома диҳем, ба 1 далел рӯ меорем. Ҳафтаи ҷорӣ садҳо нафар соҳиби ордену медалу ҷоиза ва унвонҳои халқӣ шуданд. Аҳли фарҳанг ба ҳама чиз арзандаанд. Дуруст аст! Ва аммо вақте сухан сари нависандаву шоири халқӣ рафт, моро 1 факт бе таваҷҷӯҳ нагузошт- усулан онҳое унвон гирифтанд, ки бидуни Ато Мирхоҷаи нозанин, 1 ҳарф, 1 ҷумла, 1 иқтибос дар бораи таҳоҷуми фарҳангӣ сари давлати тоҷикон на гуфтанд, на навиштанд, на оварданд. Ҳол он ки 2 соли ахир ҳукумат ва давлати тоҷикон зери ҳамлаҳои шадиди иттилоотӣ қарор дошт. Ба пиндори сирф фардии мо ба ин ҷоизаҳо сазовортар аз ҳама Саъдии Маҳдӣ, Абдуқодир Талбаков, Далер Мерганов, Файзуллоҷон Сафаров ва Нуралӣ Хоркашев буданд. Мо Метавонем!!!

 

На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулоҳдорию оини сарварӣ донад!

 

  Вазорати меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ: Ширин Амонзода

Дар бораи Амонзода Ширин Шодӣ (03.11.2020), то пресс-конфронси ахирияш назари мардум ва матбуот мусбат буд. Ӯ,  ки зиёд донишмандиву донишкадаҳои хатмкардаашро дар сӯҳбат бо Далери Эмомалӣ, блогери ҳамакнун зиндонӣ васф менамуд, ҳамеша мавриди дастгирии ВАО қарор дошт. Аммо дар нишасти охирӣ, шояд аз бисёрхонӣ буд ва ё донишмандӣ, ки бо намояндагони ВАО зиёдаравӣ намуд, сахгӯӣ ва нописандӣ кард ва тарбуз аз бағали ҷумла журналистоне, ки ҳамчун “вазири мардумӣ, вазири бозоррав, вазири мардикорбин” васфаш мекарданд, уфтод.

Дар ҳар сурат, аз миёни вазирони пешин, бо шумули Гулрӯ Ҷабборзода, Сумангул Тағойзода... коршиносон бар назаранд, ки ҳамчун Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич (10.03.2010-21.11.2013), шахсияти арзанда, дипломат, сиёсатмадор ва номдортаре дар ин ниҳод кор накардааст. Маҳмадаминов дар ҷои аввал ва вазири феълӣ дар феҳрист аз ҳама охир. Мо Метавонем!

 

 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Абдуллозода Ҷамолиддин

Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дар шароити бадтарин барои кулли ҷаҳон, дар шабу рӯзи Пандемияи сартосарии COVID-19 (05.05.2020) ба таври оҷил дар ҷои Насим Олимзода таъин гардид. Ба таҳқиқ, ин шабу рӯз, ягон нафар намехост ҳамин вазоратхонаро, ки мавриди накӯҳиш, интиқод ва ҳатто дашному ҳақорат қарор дошт, сарварӣ кунад. Бо омадани Ҷамолиддин Абдулло танишҳои ковидӣ поин рафтанд. Ваксинаҳо вориди кишвар шуданд ва вазири нав ШАХСАН худаш феҳристи тамомии беморонро дар даст дошту қариб бо якояки ишон сӯҳбати тилфонӣ мекард, дилбардорӣ менамуд. Табиби исавиҳӯш, ҷарроҳ бо дастони тилоӣ, доктори илми тибб, профессор, роҳбари сахткор...тавонист дар соҳа тартибу низом ҷорӣ кунад.

Ягона нафаре, ки дар ин соҳа метавонист ҳарифи Абдуллозода шавад, ин Аламхон Ахмедов буд. Вале бо ҳама иззат аз устод Ахмедов, Вазири №1 дар ин соҳа маҳз Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло мебошад. Мо Метавонем!

 

Вазорати адлия: Ашӯриён Музаффар

Ростӣ, роҷеъ ба фаолияти Музаффар Қурбонмуҳаммад дар симмати вазири адлия (21.01.2020) мо қариб информатсияи чашмрасе надорем. Ба таҳқиқ дар раъси муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ фаолияташ назаррастар буд.

Дар ҳар сурат, ба версияи мо, Вазири №1 дар ин соҳа бе ҳеҷ шаку тардид асосгузори созмони мардумии Растохез, раҳматии Халифабобо Ҳомидов (муовини аввали Тоҳири Абдуҷаббор) мемонад. Ӯ тӯли 6 сол (25.01.2001 – 30.09.2006) ин ниҳоди муҳими кишвардориро сарварӣ карда буд. Мо Метавонем!

 

Вазорати молия: Файзиддин Қаҳҳорзода

Донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ, алифбои ниёконро дар сатҳи олӣ балад аст, зеро мехост ба факултаи шарқшиносӣ шомил шавад. Қаҳҳорзода 2 бор ба ҳайси вазири молия таъин шудааст. Ягона нафар, баъд аз Президенти ҶТ аст, ки маллоҳ-матрос шуда, 3 сол хизмат кардааст. Ягона нафар аз ҳукумат аст, ки мавриди бозҷӯии ДИССЕРНЕТ қарор нагирифт, зеро ба фарқ аз дигар вазирон унвони илмӣ надорад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми январи соли 2018 ва сипас аз 3-юми ноябри соли 2020, бинобар таъсиси Ҳукумати нав, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин симмат  Қурбониён Абдусаломро иваз кард, ки аз соли 2013 то 2018 садри ин ниҳоди калидӣ буд. Раҳматии Абдусалом мутахассиси соҳа набуд ва тибқи иттилои шоҳидон соҳаро хеле афгору заиф кард. Матлаби Одинашо Муродов хабарнигори СССР бо номи “Ҷазирии вазиру Вазирии ҷазир” роҷеъ ба фаолияти ғайриқаноатбахши Қурбониён ҳанӯз дар даврони зимомдории ахирӣ нашр шуда буд.

Вазири ҷавон шахси арзанда аст, вале бо ҳама иззату эҳтиром аз Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири № 1 дар ин соҳа Сафаралӣ Наҷмиддинов дарозумртарин вазири молияи ҶТ (2000-2013) боқӣ мемонад.

 

 Вазири маориф: САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО

Серғавғотарин вазоратхона дар кишвар Вазорати маориф ва илм аст. Зеро аксарияти ниҳодҳои ревизионӣ ва антикоррупсионӣ маҳз ин ниҳодро мавриди танқид қарор медиҳанд ва ба назар мерасад, баъди нозирони БДА муаллимон “ришваситони №1”- анд. Ин дар ҳолест, ки агар тамомии ришваҳои муаллиминро ҷамъ кунем, шояд ба масштаби коррупсияи 1 корманди дигар ниҳоди калидӣ сарбасар наояд. Дар ҳар сурат, вазири нав, ба назар мерасад, ки демократитар ва дастрастар аз вазирони қаблист. Дидорҳои кӯчагӣ,  штабҳои сайёр, ташрифоти ногаҳонӣ ба мактабҳо, сӯҳбатҳо бо муаллимини собиқадор, ҳарос надоштан аз ВАО... гувоҳанд, ки Саидзода ҷиддан ба реформаи ҷадид дар соҳа даст заданист. Бо ин ҳама, ҳоло хеле барвақт аст, ки мо ба вазири нав (21.02.2022) мавқеи №1-ро ҷоиз шуморем. Зеро бинед, ки дар ин соҳа киҳо кор кардаанд:

Сафаралӣ Раҷабов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Нуриддин Саид, Маҳмадисуф Имомзода-3 академики соҳа, ки ҳама мутахассисини касбиву шахсиятҳои арзанда буданд. Мо Метавонем!

 

 Вазорати хориҷа: Сироҷиддин Муҳриддин                              

Ӯ аз 29.11.2013 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, забонҳои англисӣ, форсӣ ва русиро дар сатҳи олӣ медонад. Рутбаи дипломатияш Сафири Фавқулода ва Мухтор. Яке аз дарозумртарин вазирҳои Ҳукумати ҶТ. Эшон ба ҳама унвону дараҷот арзандаанд.

Вале ба бахти ӯ қаблан, дар тӯли 12 соли аввали Истиқлолият (1994-2006), дар ин симмат Талбак Назаров (с.т.1938)-падари дипломатияи Тоҷик, маэстрои сиёсати муосир, академик, доктори улуми иқтисодӣ, профессор, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино...кор кардааст. Ин ҷо Сироҷиддин Муҳриддин ягон шонсе надорад:

№1 дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои ҳама асру замонҳо-Талбак Назаров! Мо Метавонем!!!

 

Вазорати нақлиёт: Азим Иброҳим

Ин вазорат яке аз ҷавонтарин вазоратхонаҳост (28.02.2011). Мегӯянд, сухани вазири қаблӣ Худоёрзода Худоёр (теъдоди кормандон 13.000 нафар), ба зертобеин қариб намегузашт. Ҳатто нафареро, ки аз ҷаласаи Ҳукумат пеш карда буданд, натавонист аз кабинеташ барорад, то масъуле омада, он “саркашро аз дафтар сур накард”. Зимнан масъулияти вазорати нақлиёт бар дӯши Азим Иброҳим фуруд шуд.

Ходими давлатӣ,  муовини сарвазири Тоҷикистон (2013 - 2020), хатмуттаҳсили Донишкадаи политехникии Тошканд ва Академияи байналмиллалии ашёи минералии Маскав, физик, геолог, муҳандиси саноати сабук, мутахассиси соҳаи худ аст. Ва аммо вақт нишон хоҳад дод, ки дар мақомаш то кадом дараҷа рушд хоҳад кард. Дар ҳар сурат вазорати зертобеашро имтиҳоноти ҷиддӣ, ба вежа таъмиру таҷдиди қариб тамомии нақбҳои кишвар мунтазиранд. Ба вежа туннели Чормағзак ва Шар-Шари самти шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб валангор шудаву роҳҳо шишта, ба масале пурра “гормошка” мешаванд. Дар сурати таъмири оҷил надидан, буҷҷа сахт зиён хоҳад дид. Бовар дорем, аз ин имтиҳон низ Азим Иброҳим бо сари баланд мебарояд. Мо Метавонем!

Вазоратхонаҳои дигар...

Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, ки мо ин ҷо дар бораи шахсиятҳояшон баҳс намекунем, худ хулоса кунанд, ки “ЧАРО?”... Зеро буданашон на эҳсос мешавад, набуданашон на пайхас. Хафа нашавед! Кор кунед, то дар маркази таваҷҷӯҳи ВАО ва заррабини халқ қарор гиред.

Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter