26.08.2022. Соати бо вақти Душанбе 19:32 дақиқа. Ба терминали «Озод Транс» меоям. Терминале, ки тавассути он мошинҳои хусусӣ ба самти шаҳру навоҳии минтақаи Рашту Кӯлоб рафтуомад мекунанд. Таксии Кӯлобравро ҷустуҷӯ намудам, танҳо 1 мошин дар интизори мусофирони ш.Кӯлоб буд. Ронанда нархи роҳкироро аз 80 сомонӣ нафаровард, ҳол он, ки ҳамагӣ чанд соат пеш ҳамкорони мо аз Душанбе то Кӯлоб бо нархи 50 сомонӣ рафта буданд. Супориши редаксия ва ҳатмӣ будани иҷрои он маро водор сохт, ки бе гапи бисёру савдо ба мошин савор шавам. Расо соати 20:08 дақиқа бо гирифтани 3 мусофири дигар мошин ба роҳ баромад.
Пули барқу обу андозро пардохтӣ? Биё!
27.08.2022. Соат бо вақти Восеъ 08:15 дақиқа. Шабро дар ш.Кӯлоб рӯз карда, бо оператори СССР А.Собир ба маркази н.Восеъ-шаҳраки Ҳулбук омадем. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси н.Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон оғоз шуда буд.
Имрӯз наздики 20 нафар сокинони ноҳия бо арзу доди хеш ба назди раис омадаанд. Мушкили мардуми Восеъ мисли мушкили сокинони дигар шаҳру минтақаҳост: ҷудо намудани қитъаи замин, кӯмак, баҳси замини полезӣ байни саҳмдорон, ки бояд дар додгоҳ ҳал шавад, на дар қабули раис, норасоии оби нӯшокӣ, ҷудо намудани маблағ барои таҳсилу табобат.
1 ибтикори раиси н.Восеъ Ҷамшед Шарифзода хеле писандам омад. Аз рӯзе, ки ба ин вазифа таъин шуд, ӯ 1 тартиби нави кориро роҳандозӣ кардааст - ба қабули раис танҳо он нафароне бо арзи худ медароянд, ки қаблан пули истифодаи нерӯи барқу обу андози хонаро пардохт кардаанд. Касе пардохт накардааст, намедарояд! Ба назари ман ин беҳтарин роҳи мубориза бо он шаҳрвандонест, ки солҳои зиёд аз пардохти пули истифодаи хизмати коммуналӣ ва андоз саркашӣ мекунанд.
- Ман ин тартибро ба хотири он ҷорӣ намудам, ки мардум масъулият ҳис намоянд ва буҷа ғанӣ гардад, зеро мо бояд маоши муаллиму духтар ва нафақаи пиронсолонро бе мамониат пардохт карда тавонем, - таъкид дошт дар суҳбат Ҷамшед Шарифзода.
Таҷрибае, ки раисони дигар метавонанд аз он истифода кунанд, чаро не!?
Ҳадафи №1 маориф
Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Ҷамшед Шарифзода, раиси н.Восеъ гуфт, ҳадафи №1 барояш имрӯз ин беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи маориф буда, эшон аз рӯзи аввали ба кор омадан ин ҳадафро пешаи кор кардааст.
- Маориф барои мо дар мадии аввал меистад, зеро кадрҳои ояндаи Тоҷикистон аз мактаб сарчашмаи илму донишро мегиранд. Мо бояд мактабҳоро бо навбат таъмир кунем, барои муаллимону хонандагон шароит фароҳам орем, танҳо он вақт метавонем натиҷа талаб кунем, - афзуд раис.
Ин аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Восеъ бунёди 25 муассисаи нави таълимиро ба нақша гирифтааст. Гуфта шуд, ки дар соли 2022 7 мактаб сохта шуда, масъалаи бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон ва шароити таълим беҳтар мегардад.
Бо раис аз мактаби миёнаи №11 дидан кардем, ки дар ҳолати хеле бад қарор дошт. Пас аз он, ки Ҷамшед Шарифзода ба қавле ин мактабро ба шефӣ гирифт, таъмиру тармим ва азнавсозии мактаб вусъати нав гирифта, корҳои омодагӣ ба соли нави хониш дар арафаи анҷомёбист.
Иншооти дигаре, ки сохтмонашон оғоз ёфтаанд, инҳо мебошанд:
-синфҳои иловагӣ дар шаҳраки Ҳулбук, барои 210 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар деҳаи Кафтархона барои 180 хонанда, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Ҳасан Қурбон барои 120 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар деҳаи Охҷар барои 240 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев барои 240 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов барои 240 хонанда ва сохтмони бинои иловагӣ дар деҳаи Хоҷа Ғалтони Ҷамоати деҳоти М.Вайсов барои 240 хонанда.
Мулло ҳам ҷавоб диҳад!
1 кори дигаре, ки Ҷамшед Шарифзода бо омаданаш дар ноҳия ҷорӣ намуд, ин зимни аз ҳам пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва талоқ гирифтан, ба ҷавобгарии мардумӣ кашидани муллоест, ки хутбаи никоҳи арӯсу домодро хонда буд.
- Ин корро бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар баробари САҲШ ва ҷамоату кумитаи занону волидайн масъулият ҳис намудани муллоҳо низ ҷорӣ кардем. Бубинед, зимни никоҳ аз ҳама бологузар муллои никоҳгар аст. Гоҳо муллоҳо ончунон саросемаанд, ки тез хутбаи никоҳро мехонанду бору буғчаашонро ҷамъ карда мераванд. Вақт надоранд, ки лоақал 10 дақиқа ба арӯсу домоди нав ва аҳли хонаводаи 2 тараф аз одамгариву қавоиди заношӯӣ, одоби оиладорӣ ва масъулияти марду зан, аз куфру гуноҳу хиёнат ва муҳимияти никоҳ сӯҳбат кунанд. Шахман ман бо 5 оила, ки аз ҳам ҷудо шуда буданд, ҳамсуҳбат шудам, сабабҳои талоқро таҳлил намуда, 5 муллоеро, ки хутбаи никоҳи онҳоро хондаанд, даъват намудам, ҳамон тахмини ман дуруст баромад - на насиҳат, на маслиҳат ва на амри маъруф дар боби оиладорӣ ва заношӯӣ! Оила пош хӯрд, бигузор мулло ҷавоб диҳад- таъкид дошт раис.
Ҷазои мулло ин аст, ки бояд чизе созад, дасти касеро гирад, мактаберо бо маводе таъмин кунад. Яъне кори ҷамъиятӣ. 2-3 бор, ки ҷазо гирифт, дигар дар мавриди никоҳу талоқ насиҳатгӯй хоҳад шуд. Беҳтарин ибтикор! Қобили дастгирии дигар расион низ ҳаст. Мо Метавонем!
Восеъ: шаҳре, ки умуман канализатсия надошт!!!
Пӯшида нест, ки норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ яке аз проблемаҳои асосии н.Восеъ мебошад. Ба гуфтаи коршиносон наздики 300 нассосу скважинаҳои обиро мардум тӯли солҳои гузашта гирифта, дар заминаш хона кардаанд. Геологҳоро намегузоранд, ки бархеро кофта, аз сар ба кор дароранд. Ягона роҳи зина ба зина таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ин кашидани хатҳои нави обу корез ва муҳандисӣ буда, ин кор аллакай дар маркази н.Восеъ оғоз шудааст.
Сар аз моҳи январи соли 2022 дар ноҳия лоиҳаи кашидани хати обу корез-канализатсия амалӣ ёфта, корҳо дар қисмати 1-уми он бо маром идома доранд. Бояд гуфт. ки кашидани хати канализатсионӣ нахустин бор дар таърихи ноҳияи Восеъ сурат гирифта, ин лоиҳа аз ҷониби Дирексияи иншоотҳои сохтмонии назди Президенти ҶТ иҷро ва маблағгузорӣ шуда, қисмати 1-уми лоиҳа 4800 метрро дар бар мегирад. Пас аз пурра амалӣ ёфтани он маркази ноҳия пурра бо оби нӯшокӣ ва корез таъмин хоҳад гашт. Пас аз шаҳраки Ҳулбук навбати дигар деҳаву ҷамоатҳост.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
А.Собир-суратгир,
Душанбе-Восеъ-Душанбе