ХАБАРИ ДОҒ

 

 

04.09.2022. Абдуҷаббор Зардиев, номдортарин раиси колхози шӯравӣ, намунае аз раисони номии даврони советӣ, ба мисли Миралӣ Маҳмадалиев, Абдӣ Авезов, С. Ӯрунхоҷаев, А. Самадов… ба синни мубораки 75-солагӣ мерасанд. Мавсуфро газетаи мардумӣ бо ин юбилей табрик карда, сӯҳбати охиринашро аз ютубканали телевизионии «СССР ТВ» манзури хонанда мегардонад. Мо Метавонем!

 

Абдуҷаббор Зардиев, раиси номдори колхози «Ленинград»-и ш.Кӯлоб дар суҳбати ахирии худ бо газетаи мардумии СССР парда аз рӯи асрори куштори такондиҳандаи 3 шахсияти шинохтаи кишвар дар солҳои 1992-1993

-Сайфиддин Сангов, Қурбон Зардаков ва Хайрулло Каримов бардошт...

 

Сайфиддин барои ғалла рафт…

   - Бо Сайфиддин Сангов дар 1 рӯз таваллуд шудаем - 04.09.1947. Зинда мемонд, 75-сола мешуд. Юбилей дошт. Мутаассуф…

 Вақте Санговро ҷониши раиси вилояти Кӯлоб таъин карданд, ман дар ин ҷо раиси колхоз будам. Дар суҳбати якум ният кардем 1-умин комплекси бофандагиву дӯзандагиву ресандагиро дар колхози мо бунёд намоем. Сипас ба ш.Маскав сафар намуда, дар он ҷо бо 1 ширкати фаронсавӣ, ки омода буд, дар таъсиси комплекс бароямон кӯмак кунад, во хӯрдему маслиҳат ҳам кардем. Бо мо дар сафар Давлат Ҷумъаев, ки раҳбари 1 ширкат буд, низ ҳамчун журналист рафта буд. Вохӯриҳо гузаронида баргаштем. Ин моҳҳои феврал-марти 1992 буд. Таври маълум, 25.04.1992 майдони Озодӣ бар қиболи Шаҳидон таъсис ёфту олам вайрон шуд…

Мо бо Сайфиддин бисёр рафиқи наздик будем, ӯ аз қишлоқи мо ва колхози буд, инсони хуб, шариф, комил, хоксор, хокӣ, сохтмончии касбӣ, кадри ояндадор ва дар фикри мардум буд ҳамеша. Дар давраи Ҳукумати Муросои Миллӣ, ки муллоҳо ва оппозитсия 1 млн аҳолии вилояти Кӯлобро дар сангари шадиди иқтисодӣ ва гуруснагӣ қарор дода буданд, Сайфиддин барои ғалла ба Душанбе рафту ҳамон ҷо кушта шуд.

 Ман хуб дар ёд дорам, ки ӯро бо депутатҳои дигар Мулло Ғаффор ном нафаре ба мавзеи Южний бурда, бераҳмона мекушад-бо арматура танашро шикоф мекунад. Хушбахтона Давлат Ҷумъаев 1 бало карда, аз дасти қотилон  фирор мекунаду ҷон ба саломат мебарад.

Ҷасади Санговро дар фурудгоҳи Кӯлоб худамон қабул карда, худамон шуста, ҷаноза карда, ба хок супоридем. Хеле афсӯс…

 

«Приговор»-и бобои Сангак

   Қурбон Зардаковро аз солҳои 1970-ум мешинохтам. Якҷоя 3 сол кор кардем. Барояш дар колхоз ансамбл ташкил намуда, бо кор ва маош таъмин намудам. Замоне ҳатто «антипартийний» ҳам шуда буд. Мардаки хуб ва ҳунарманди камназир буд. Вале мутаассифона, вақтҳои ахир, бо гуруҳҳои ҷиноӣ, иртиҷоӣ, ба қавле «демократӣ» дар созмони «Ошкоро» якҷоя шуду ба равиши ҳамонҳо рафт, билохира куштандаш.

    Мегӯянд, ки ӯро авлодони Маҳмадӣ, акои калонии Сангак, куштаанд. Хайр ин куштор дигар пинҳонӣ нест. Ҳама медонад. Ҳатто мақомот. Қотилонаш низ ҳукм гирифтанд. Бояд бигӯям, ки Бобои Сангак ҳанӯз моҳи июли соли 1992, айни даргириҳои шадиди ҷанги гражданӣ, тавассути ТВ Кӯлоб баромад карда, ба қавле «приговор»-и чандеро хонда буд. Бобои Сангак гуфт:

«Такие как Мулло Ҳайдар и Қурбон Зардаков не должны жить!».

Миёни онҳо чи гузашта буд, Худо медонисту худашон. Бо ҳамин, чанде баъди фавти Сангак Қурбон Зардаковро бурда парронданд. 

Он замон «приговор»-и чанд нафари дигарро низ ном гирифта буд бобои Сангак-Мирзоватан Миров ва Рустам Абдуллоевро, ки дар КГБ кор мекарданд

 

 Ҳикмат Одинаев

Ман ҳамеша зимни суҳбатҳо ба таъкид мегӯям, ки хизмати шербачаҳои Кӯлоб, аз он ҷумла Ҳикмат Одинаев барои барқарории ҳукумати конститутсионӣ ва наҷоти халқи Кӯлоб дар он солҳои вазнин кам нест. Ҳикмат намебуд, нисфи мардум шояд аз гуруснагӣ мемурд. Ӯ шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, риск карда, парвоз карда мерафт ва гандуму орд меовард…

Мо пул ҷамъ карда, ба Ҳикмат Одинаев медодем, вай бо самолёт ба Ленинобод парида, ба мардум нон мекофту орду гандум меовард. Он замон Кӯлоб танҳо 1 роҳи ҳавоӣ ба Хуҷанд дошт. Дигар ҳама роҳҳоро Ҳукумати муросои миллӣ баста буд. Ин ҷо гуруснагии шадид ҳукм меронд.

Он солҳо дар ш.Кӯлоб 5 гурӯҳ ё хонавода фармонравоӣ мекард:

  1. Сангакиҳо,
  2.  Чоловҳо,
  3. Кабутиҳо,
  4. Лангариҳо ва;
  5. Ғаффор Мирзоев…

Нафароне буданд, ки пайваста байни ин гуруҳҳо низоъ мекоштанду онҳоро зидди ҳам мешӯронданд. Вале Мирзоватан Миров ва Рустам Абдуллоев ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки байни ин гуруҳҳо ҷангу ҷанҷол нахезад, ҳамеша онҳоро оштӣ медоданд. Зеро агар инҳо бо ҳам меҷангиданд, оппозитсия ғалаб мекард. Ин аст, ки инҳоро душманон чашми дидан надоштанд.

 

Якравӣ боиси марги раис гашт…

Хайрулло Каримов яке аз раисони номдор буд, коммунисти матинирода, суп-сурх, поквиждон, вале каме якраву гарданшах. Ҳамин якравиаш боиси маргаш шуд. Ӯро барои 3 гектар замин паронданд. Мегӯянд, ки ӯро ҳамдеҳагони худаш аз Хонаободи Даҳана куштанд. Хайр инҳо ҳам ҳукм гирифтанд. Он даврон замони якравиҳо набуд. Бояд гузашт мекард. Зеро қонуну қавоиде ҷуз автомат набуд-ку?!

Шояд дар ҳамон давра ҳамин 3 га замин ба он боевикҳо зарур буд, вале Хайрулло якравӣ карду ба низомиён, ки баъзеашон ҳатто мегӯянд авлодони худаш буданд, 3 гектар заминро надод. Барои кайк шуда, пӯстакро алов зад.

 Хайрулло Каримов, раиси Даҳана, ҳамеша ситезакор буд.  Мо якҷоя номзадиамонро ба депутати Маҷлиси Олӣ гузошта будем ва ман дар интихобот пирӯз гаштаму депутат шудам. Ӯ шикаст хӯрд. Соли 1997 дар ҷашни зодрӯзи 50 солагиам билохира омада, «Ба худододагон ситеза макун!» гуфтаанд, ман ҳамеша ба Абдуҷаббор ситеза мекардам, минбаъд бас мекунам, - гуфта ваъда кард.

 Ман борҳо ӯро бо Қурбон Чолов оштӣ додам, вале ӯ худаш ба гап намефаромад. Дар роҳи Калининобод бо аҳли оила, ҳатто наберагонаш бисёр бераҳмона кушта шуд. Қотилон пайдо ва ҷавобгарӣ кашида шуданд ва дар ин бора мақомоти қудратӣ медонад. Аламовараш он аст, ки аз якравии худ кушта шуд…ва низ авлодашро ҳамин якравияш кушт…

 

Ҳама кор дар чаҳорчӯбаи қонун буд!

Он солҳо бо низомиён ҳамкорӣ кардан зарур буд. Дигар илоҷе набуд. Ман ҳам бо онҳо додугирифт доштам, вале ҳамеша дар чаҳорчӯбаи қонун! Фарзи мисол, бо Султон Чолов, ки аз ҳама дида, қумандони гизала буд. Вале ӯ дониш ва илми олӣ  ҳам дошт. Барои қисмҳои низомӣ ва таъминот бо хӯрока ба онҳо замин, ғалла медодам, вале мегуфтам, шумо аз Ҳикмат Одинаев, ки он замон раёсати таъминоти Вазорати Мудофиаро бар дӯш дошт, ба ман ҳуҷҷат оред, шуд. Онҳо ҳуҷҷат меоварданд. Ҳикмат Одинаев дар ҳама ҳолат тибқи қонун кору фаолият мекард. Ман ҳуҷҷатро муҳру васиқа зада, ба Одинаев пешниҳод мекардам, ки фалон қадар ба қисмати низомӣ кӯмак кардаам. Дар қиболи ин кӯмак Ҳикмат Одинаев ба колхоз тухмӣ медод, химикату дорувор мефиристод. Додугирифт доштем, чизе гуфтанд кардем, кор кардем, дар барашон рост будем, ба гурезаҳо нон додем, заминро тороҷ накардем, забон ёфтем, ҳар коре кардем, дар чаҳорчӯбаи қонун кардем. Замину гандум медодем, вале расидашро мегирифтем, бовариномаро аз идораи амвол талаб мекардем, боваринома меоварду 10 тонна ғалла мебурд, бар ивази он мо рафта солярка, равғани молиданӣ, бензин мегирифтем. Мутаассуф Хайрулло Каримов ин корро накард ва ба сари худу колхозу хешовандонаш бало овард.

Дар он даврон ман танҳо 1 чиз надоштам: муҳофиз ва аслиҳа! На касеро тарсондем, на касеро ранҷондем, на касеро гардондем ва сӯи касе тир накушодем!

 

Номусу ори Кӯлобӣ

Шояд ин хизматҳоро ба назар гирифта, Раҳбари Давлат пешниҳод намуданд, ки ба ҳайси раиси ш.Кӯлоб рафта кор кунам. Он замон гуфта будам, ки ман наметавонам, саломатиам хуб нест, қалбам 4 пора аст, вале Ҷаноби Олӣ таъкид доштанд, ки бояд равам, кор кунам, чорабинии муҳимро гузаронам. Розӣ шудему омадем ва барои таҷлили 2700 солагии ш.Кӯлоб миёнро маҳкам бастем.

Аввалин коре, ки кардем мубориза алайҳи дузду майпарасту нашъаманду авбош  эълон намудем, баъзеҳоро маҳкам кардем, баъзе гурехта рафт, шаҳр поккорӣ гардид.

Мардум, барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 2700 солагии шаҳри бостонии худ сарҷамъ ба по хест, номус кард, на 1 дуздак монд, на 1 арақхӯр, на 1 наркоман. Ба қавле «Народный контроль» дар дасти худи халқ ва номусу ор муҳимтар аз ҳама чиз буд. Касе аз касе пул талаб намекард, буҷаи шаҳр низ бой набуд, вале ин ҷашнро ончунон гузаронидем, ки лаззати он тантанаҳо солҳои сол дар таърихи Кӯлобҷон боқӣ хоҳад монд.

 

СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter