ХАБАРИ ДОҒ

 

09.09.2022. Ману ту хонанда ба балоғат мерасем. 15 сола мешавем (шудем…).  Вале то 15 солагӣ чанд лаҳза боқӣ мондааст. Зимнан аз 14 соли рафта ёд мекунем? Ещё как мекунем! Ррраафффттееммм…

14 сол, 729 ҳафта, 5103 рӯз, 122.472 соат, 7 млн 348 ҳазору 320 дақиқа, 440 млн 899 ҳазору 200  сония/нафас мо бо ту будем хонанда ва ту бо мо! Дақиқан:

Сутун бар боми миллат қомати мост,

Ва медонӣ, чаро? Мо Метавонем!!!

Ин 2 сатрро беҳтарин шоири миллат Озари Шабшикан навиштааст. Ӯ бо мост. Мисле, ки мо бо ӯем. Ва аз мост. Яъне аз ту низ хонанда…Зеро мо ҳеҷ гоҳ бе ҳузури ҳамдигарӣ набудаем. Саъдии Маҳдӣ-журналисти саршинос, ки ахиран соҳиби Медали «Хизмати шоиста» ҳам шуд, бояд ким-кай мешуд, дар соли 2-и мавҷудияти газетаи мардумӣ, бо 1 журналисти профӣ баҳс карда буд. Ун журналист мегуфт, «СССР ақаллан 500 шумора барорад, баъд гап занад». 500 шумора ҳам баровардем. 700 низ…Худо хоҳад 1000-2000 низ мешавем! Мо Метавонем!

1 журналисткаи дигар боре гиребони маро гирифту гуфт:

-Чӣ ин қадар ман-манӣ кардаву «Мо метавонем!» мегӯӣ? Ҳисоб кардам, дар 1 шумора 17 бор Мо Метавонем гуфтаӣ…

Оҳиста гиребонамро аз дасташ раҳо кардаву гуфтамаш, «17 бор? Кам гуфтаам! Зеро  дар вожаи «Мо» ҳатто ту низ ҳастӣ!». Ун журналистка рӯзе сахт шикаст дид ва СССР бараш рост шуду такягоҳаш гашт. Мо Метавонем!

Шарифи Мисайзод бузургтарин дӯст ва яке аз поягузорони СССР,  «Мо»-ро шарҳи беҳтарин дода буд:

 «Мо»-и ӯ садҳо ҳазорон «Ман» бувад,

Обруву дарди ғами Меҳан бувад,

Мерасад бар доди «Мо»-ву «Ман» яқин,

З-он, ки ёри «Мо»-ву ёри «Ман» бувад!!!

Шарифро ёд кардаву наметавон аз Раҳими Ашроф, Акбари Саттор, Қиёмиддин Муродов, Одинашо Муродов, Меҳрубон Салимшоев ва Аслиддин Достиеви нозанин, поягузорони СССР, ёд накард. Ва садҳо муаллифу хабарнигори мардумии мо, ки имрӯз байни мо нестанду дар қалби мо ҷовидона ҷой доранд ва раҳакӣ сӯи абадиятанд. Шиори мост:

-Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!!!

Хамин дирӯз будӣ, ки Хушвахт Хошоков хонандаи мо вориди редаксия шуд ва гуфт, савганд ба номи Ленину Маркс, ки ҳама шумораҳоятонро пурра хондаам ва бо ҳама муаллифин ғоибона ошноям. Ва рафиқ Хошоков тани танҳо нест. Тамомии хонандагони мо ана ҳамин гуна самимӣ ва масъулиятшиносанд. Ба Худо савганд мехӯранд, ба Маркс, ба Ленин, ба Оча….вале моро мехонанд. Мо газетаи 1-тарафа нестем. Мо ҳама фикрро дар худ гунҷонидаем ва ҳадафамон 1-тост:

-Миллати Тоҷик! Давлати Тоҷик!! Харитаи Тоҷик!!!

Ва чигуна мешавад, ки сардабири газетаи мардумӣ пеши аъзои Ихвон ал СССР ҳисобот надиҳад? Медиҳад! Ещё как медиҳад!!!

Дар тӯли 14 сол мо бо ҳам Ғоя, Идея, Тафаккури нав сохтем. Вақт моро довар аст.  Ҳатто хонандагоне, ки чандин сол якдигарро «дар СССР мехоянд», бовар кун, хонанда, бародаранд. Баҳс бояд бошад. Ҳақиқат догма нест. Ҳақиқат зодаи баҳсҳост. Хонандаи некноми доимии мо нек дар хотир дорад, ки бархе аз мубоҳисон баъдан ҷомаи сулҳ ба бар кардаву дӯстони абадӣ шуданд. Имрӯз, ки баҳси Зайнулобиддину Соқиеву Ғуломову Тармаву…дигару дигаронро мебинам, мегӯям, рӯзе не-рӯзе, ҳатман дӯст мешавед. Зеро инсонҳо бо кӣ баҳс мекунанд? Бо инсонҳои мефаҳмидагӣ. Шумо низ баҳс кунед, тунд, тез, сахт ва ҳатто дар бархе маврид дағал, вале мутмаин бошед, соате бо ҳам унс мегиреду дӯст мешавед. Мо Метавонем!

Дар тӯли 14 сол мо 8748 СМС-паёмак аз номи хонанда нашр кардем. Боз кадом газета лоф зада метавонад, ки ҳазорон-ҳазор номаи мухлисашро нашр кардааст? Ин чист? Мо 4374 бор бо якояки шумо тариқи телефон сӯҳбат кардаем ва ин ҳама дар архиви мо сабт аст. 2916 хонанда меҳмони Омиронаи мо шудаву дарду доғи рӯзгор ва пешравиву рушду тараққиёти ҷомеаро гуфтаанд. Оре, миллионҳо нафар!!! Зеро дар тӯли ин 14 сол мо 5 млн 832 ҳазор адад рӯзнома нашр кардаву пешкаши ту кардаем, хонандаи гиром. Ва…

Ва ҳамин лаҳза, ки матлаби фавқро менависам, Зиннатуллоҳи Исмоил-раиси ИЖТ моро бо 15-умин солгарди нашр табрик кард:

«06.09.2022. Соат ба вақти СССР 12:21 дақиқа. Солгарди навбатии фаъолият ба СССР-чиён муборак бошад. Ҳамеша муваффақ бимонед!»…

Давоми сухан: Ҷамилаи нозанин ва хеле сахтгиракамон дар тӯли ин солҳо 2916 вазиру раису масъулро танқиду таърифу тавсиф кардааст!!! Матлабҳои интиқодии Аслиддину Меҳрубону Одинашову Раҳим фурор ба алам меовард. Чандин вазир аз курсиҳошон паридаанд. Умари Шерхон арвоҳи миллион тоҷики шаҳиди ҶБВ ва Идибеку Баха Уроқу А.Собир рӯҳи садҳо танро шод кардаанд. Шаҳрзоди Амину Раҷаби Мирзову Сафвату Суҳробшоҳу Шодӣ Малаху Муҳаммадюсуфи Шодиву Аҳмади Иброҳиму Акрами Санг ва Сангин Гулов… барои ҳамешагӣ, чун асосгузорони СССР, дар хотирҳо мемонанд.

Бисёриҳо лофу газоф мезананд, ки дар Тоҷикистон озодии сухан нест. Инҳо афродеанд, ки ҳаргиз СССР нахондаанд. Танқид, озодии сухан, демократия дар доираи Қонуни Асосӣ ҳаст. Вале аз озодӣ набояд суъ кард, суъистифода намуд. Озодии сухан ва демократия дар «Ҷомаи СССР» бояд буридаву пора шуда бошад. Касе ба озодии сухан ва танқиди созанда бовар надорад, ҳамин шумораи моро хонад. Ҳадди ақалл 30 матлаби танқидиву таърифиву тавсифӣ дар газета ҳаст. Дар 729 шумора мо 12 ҳазору 393 матлаби танқидӣ нашр кардаем!!! Мо Метавонем!!!
Бо дуои Шарифи Мисайзод, ки 13 сол пеш моро табрик карда буд, матлабро хатм мекунам ва ба ту, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки бовар надорӣ, именно туро дар назар дорам, бахту рахту вақти хуш таманно мекунам:

09.09.2010.  Дуои Сабз ба СССР-тифли 100 сола:

Бо нашри 100 шумора,

Қоил кардӣ ту «Мо»-ра!

Гуфтӣ, «Мо Метавонем!»

Бовар кардем «шумо»-ра!

Инак шудӣ 2-сола,

Бо нашри 100 шумора.

Баъди 20 сол хонем,

Шумораи 1000-ра!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter