ХАБАРИ ДОҒ

Рӯдакӣ: 6 моҳ дар интизори посухи ҳуқуқшиносем…

  • Чоршанбе, Сен 14 2022

 

 Шералӣ Саидов, сокини н.Рӯдакӣ ба идора занг зада (тел: 919515391), аз беаҳамиятӣ ва саҳлангории баъзе аз кормандони МИҲД н.Рӯдакӣ, алалхусус фаъолияти ҳуқуқшиноси ҳукумат нисбат ба вазифаҳои худ шикоят кард.

   - 6 моҳ пеш барои легализатсия-қонунигардонии ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиам тамоми мадорикро ба ҳуқуқшиноси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Рӯдакӣ супорида будам. Бо гузашти 6 моҳ ҳеҷ не, ки ҳуқуқшинос посух бидиҳад, имрӯз биё, пагоҳ биё, гуфта, на танҳо ман, балки шаҳрвандони дигарро низ саргарон кардааст. Ё ӯ интизор аст, ки кай мӯҳлати аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дода шуда мегузарад!?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter