Диёр Шарипов, сокини деҳаи Ҳомид Бароти ҷамоати Мирзоалӣ Вайсови н.Восеъ ба идора занг зада (тел:988772568), аз хизматрасонии кормандони осоишгоҳи н.Муъминобод шикоят кард.
- 23 августи соли ҷорӣ барои истироҳат ба осоишгоҳи таърифии н.Муъминобод рафтам. Аввал гуфтанд, ки бо роҳхат бояд 50% маблағи истироҳату табобатро пардохт кунам, вале дар ин осоишгоҳ ба роҳхатам касе аҳамият надод. Мутассифона, на истироҳат хуш гузашту на табобат, хизматрасонӣ дар ин осоишгоҳ бо ҳарду по мелангид. Коргарон кай хоҳанд ба кор меомаданду кай хоҳанд не. Ҳуҷраҳо ифлос, ҳавлӣ норӯфта, хӯрок бемазза.
Субҳ ба қабули духтур мерафтем, вале вақте бармегаштем дари ошхона аллакай баста буд. Вақти субҳона аз соати 8 то 9-и саҳар аст, вале соати 08:40 дақиқа ошхонаро мебастанду аксарият бе хӯрдани субҳона мемонд. Дар ин бора ба сардухтури осоишгоҳ Зарипов шикоят кардем, вале таъкиди ӯ низ дари ошхонаро дар вақти муайаншуда боз накард. Вақте ош бошад, нон нест, нон бошад чой нест, ҳамин аст аҳволи ин осоишгоҳ. Дигар ба ин осоишгоҳ намеравам!