ХАБАРИ ДОҒ

Вахё бо Нурӣ не, бо Гулмуродов фахр мекунад!!!

  • Чоршанбе, Сен 14 2022

 

Хушвахт Хошоков, коммунисти асил ва ленинчии матин меҳмони редаксия шуда гуфт, замони ахир бархе кормандони редаксия ба зангҳои тилфонии ман ҷавоб намедиҳанд. Бо ин ҳама ман мухлиси СССР мемонам, зеро то ин рӯз 728 шумораашро пурра, ҳарф ба ҳарф хондаам ва 300 донаашро баста карда, ба китобхонаи деҳа супурдаам. Мақсадам имрӯз омадану таъзия ба редаксия кардан аст. Аслиддин Достиев воқеан ҳам хабарнигори беҳтарини шумо буд ва ростӣ ман намедонистам, ки ӯ бародари «родной»-и сардабир будааст. Худо ҷояшро ҷаннат кунад! Омин!!!

 - Зимнан мехоҳам газетаи худамонро бо 15 солагӣ, ки рӯзи 09.09.2022 ба он қадам мениҳад, табрик кунам. Дар симои редаксия тамомии Хабарнигорони Мардумӣ, муаллифон, дӯстону душманон, аъзои Ихвон ал СССР-ро бо ин юбилейи нахустин, яъне 15-солагӣ таҳният гӯям. Мо 729 шумора-ҳафта бо ҳам будем ва то ҳастем бо ҳам мемонем. Мо Метавонем!

Дар ин шодрӯз, мехоҳам дар бораи 1 нафар коммунисти асил, Гардӣ Гулмуродов-раиси к/зи Каленини н. Дӯстӣ сӯҳбат кунам. Таври маълум, мо мардуми Вахёем. Раис низ вахёчии матин буд. Хулласи калом, вақте пиру барҷомонда мешавад, 1 фанати Абдуллои Нурӣ, омада ба ӯ мегӯяд, «ана мемурӣ, билетатро бо худ ба гӯр мебарӣ? Парто онро ва аз ҳизб рӯ гардон!». Раис маро ҷеғ задаву гуфт, «Хушвахт! Ту котиби ҳизби ноҳия мебошӣ. Мо ҳама тобеи туем, на муллоҳо. Билети ҳизбиямро гир. Агар мурдам ба дасти ин нохалафони наҳзатӣ билети коммунистиям нарасад, ки несташ мекунанд. Зинда мондам, биор, бозпас мегирамаш». Хулласи калом, ӯ то марг ва баъди он низ ба КПСС содиқ монд!

 Хизмататон арз кунам, ки худи Абдуллои Нурӣ низ аз деҳаи Иштиюни Вахё (н.Сангвор) буд. Ӯ ғармӣ набуд. Вахёчӣ буд. Ман ҳаргиз аз ҳамшаҳригӣ бо ӯ ифтихор надоштам. Ман ҳамеша зидди ақидаҳои ӯ будам, ҳастам ва мемонам. Мо-коммунистон хама сарсупурдаи ин давлату ин ҳукумати дунявием. Ин рише, ки ман мондаам, риши наҳзатӣ нест. Ин риши Иличист. Мо ҳам шукр мусулмонем, вале мусалмони фанату қотил не, мусалмони созанда ва дунявӣ!!!

Гап бисёр, соате мерасад, ки дар бораи Абдуллои Нурӣ ва падараш, мулло Нуриддин, ки раиси Райпои н. Сангвор ва коммунисти ҳаққонӣ буд ва дар бораи модараш ва хешу табораш сӯҳбат кунем. Имрӯз танҳо гуфтаниям, ки  Вахёи Бузург бо писароне амсоли Гардӣ Гулмуродов ифтихор дорад, на мулло Нурӣ ва шогирдонаш. Зеро Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter