Қирғизистон дар муноқишаи наздисарҳадӣ дар ҷамоати Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз ТАЙЁРАИ БЕСАРНИШИН (БЕСПИЛОТНИК) истифода бурда истодааст!
Тибқи иттилои аҳолии ҷамоатҳои Чоркуҳ ва Ворухи шаҳри Исфара дар натиҷаи даргириҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибӣ душман (Қирғизистон) аз Беспилотникҳои Bayraktar TB2 истифода намуда ба ҷонибӣ Тоҷикистон тир холи намудааст, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон Довудов Б с.т 1965, Қаҳҳоров С с.т 1988, Тоҳирзода Ғ с.т 1957, ва Султонов А с.т 1980 пурра валангор шуда хонаҳои ҳамсояҳояшон қисман нобуд шудааст.
Аҳолии наздимарзии Тоҷикистон аз кирдорҳои номардонаи Қирғизистон изҳори норозигӣ намуда аз Мақомотҳои баландпояи Байналмилалӣ аз ҷумла СММ хоҳиш намуда истодаанд, ки ин масъаларо яъне истифода шудани Беспилотник ба тарафи аҳолии осоиштаро барраси намоянд.
Саидҷамол Муродзода