Боре меҳмони Аҳмади Иброҳим будем. Пештоз мегӯям, Аҳмад қории комили Қуръон ва беҳтарин мусалмони ҳанафист, ки шахсан ман медонаму мешносам!!! Ин ҳамту, инфо барои андеша. Зеро чанд дақиқа ба баъд печати кофирро гирифтаву паспорти ӯро наҷӯед, то штампи бединӣ занедаш...
Хулласи калом, Аҳмад дар замин ҷо партофт. Замин не! Биҳишт!!! Обҳои фаровон, дарахту гулу гиёҳ, хониши саъбаву андалеб. Ту гӯӣ араб замини Аҳмадро бубинад, ана дар ҳамин ҷо «Ал-Ҷаннат» гуфта, ба худ гӯр меҷӯяд…
Вале 1 камбуд дошт, ин замин, ки ҳамагӣ чанд лаҳза ба баъд моро нофор кард: Мӯрча!!!
Оё медонед аз мӯрча ҳама ҷуку ҷонзоту ҷонварон меҳаросанд? Зӯри кӣ ба мӯрча мерасад? Аз ҳеч кас:
Мӯре шунидаӣ, ки Сулаймони вақтро,
Бар аҳди худ ба пои малах кард, меҳмон.
Ин рутба муяссари ӯ шуд аз шикастагӣ
В-арна куҷост мӯрчаву лашкари гарон!!!
Ин ташреҳи 1 ояти Қуръонист, ки алоқамандон медонанд, мӯрчаяке бо Ҳазрати Сулаймон пайғамбар чӣ коре карда буд…
Ва ана ҳамин Аҳмад гуфт:
-Аз мӯрча хитоӣ наметарсад!-ва ба ҳайрати мо ҳайрат афзуд, ки гуфт: -ҳатто мӯрча аз хитоии бедину бехудо ҳарос дорад!!!
Ва хона даромадаву 1 бӯраки борикак бароварда, атрофи қолини нишастамон 1 хати норавшани сапед кашид. Дар они воҳид аз лашкари миллионнафараи мӯрча на ном монду на нишон, на пай монду на ҳайдар. Аҳмад фохир хандида гуфт:
-Агар 1 млн мулло хатми Қуръон ҳам мекард, 1 мӯрча фирорӣ намешуд. Қудрати Илми бехудоёнро бинед!!!
Аҳмад ишорат бар илм дошт. Воқеан ҳам мо-мусалмонон бидуни намозу рӯзаву ҳаҷҷ бояд чӣ кор кунем?
Сатр
Чанде пеш меҳмони 1 нафар шудам, ки «ҳукуматӣ» буду маъракачае дошт. Маърака 2 ним тақсим. Аз 1 сӯ мардон ва паси матоъи ғафси чашмногузаре бонувон. Аз ун «неоҳукуматӣ» пурсидам, ин матоъ чӣ маъно дорад, ки гуфт:
-Магар мусалмон нестӣ? Ин сатр аст! Мард занро набояд бинад…
Ин ҷо сӯҳбат сари маъракаи хонаводагӣ мерафт!!! Маро бошад, маъракаҳои «даврони союзӣ» ёд омад, ки ягон хона, дар ягон қишлоқу шаҳру қасаба девор надошт. Зану мард якҷо нонпазон, кӯдакон бо ҳам хандон, мардон бо ифтихор табақкашон, мардум сурудхонон, рақскунон ва на фаҳшо буду на зино, зеро сатру патри сунъӣ набуд: чунки идеологияи хориҷӣ набуд!!! Падарам, Эшони Мизробиддин, дар маъракаҳо мегуфт:
-Сатри марди муъмин дар чашми марди муъмин аст!!!
Падарам зани ҳамсояро дар кӯча медид, намешинохт, агарчӣ садҳо бор меҳмонаш буда бошад ҳам!!! Дигар мӯсафедони Тоҷик низ чунин буданд.
Ана ин сатр буд: дар чашми муъмин!!! До и после муллоҳо!!! Шумо, ҳатто аз паси пардаи сатр занҳои сатрпӯши дилхоҳ хонадонро дар кӯча бинед…мешиносед! Ё намешиносе(м)д мӣ??? Ещё как мешиносем!
Паша
…Ҳамон шаб, Алӣ Беҳудуд маро меҳмони худ кард. Аҷаб боғу роғе, ғароиб боду ҳавое, ки ту гӯӣ араб инро бинад…(давомаш ҳамон моҷарои дар хонаи Аҳмад мекардаи аъроб)… Вале айшамонро бародарони пардори мӯрчагон чунон талх карданд, ки ту гӯӣ ҷаннат бар дӯзах табдил гардид. Сухан сари кӯрпашшаҳо меравад:
Пашшаи кӯре ҳам умре худкушӣ дорад ба шамъ,
Нест чун парвона ёре; кори марғубаш нагуфт!!!
Алӣ гуфт, ҳозир илоҷашро меёбам ва аз дӯкони сари роҳи хонааш рафта, ҳамагӣ ба нархи 5 сомонӣ чанд шамъаке овард. Шамъҳоро даргиронд ва ту донӣ-Худо…1 пашша намонд!!! Шамъҳо табиист, моли Чин буданд. Сухан сари ихтироот ва илм меравад на ташвиқу таблиғи Хитой, ки ниёзе ба ману ту хонандаи ин сутур надорад.
Садо
Вале ихтироъи дигар маро боз ҳам ҳайратзада кард. Ин шамъҳо ҳамагӣ 1 камбуд доштанд. Бӯи тез ва ғализ. Илоҷи вартаро ҳамсафари дигарамон, ки ҳамин шом аз Маскав омада буд, дарёфт. Ӯ тариқи ютуб ин ҷоро клик кард:
https://www.youtube.com/watch?v=t-il8lHKebc
ва садоеро, ки ба гӯши одамӣ намерасад, «скачат» карда гузошт:
Звук против комаров. Ультразвук, отпугивающий насекомых комаров, мух, тараканов. Средство от комаров…
Дар они воҳид боғу роғи Алии Беҳудуд аз нонхӯраку кӯрпашшаву кайку пашша поккорӣ гардид ва мо то субҳ сӯҳбат кардем…
Хуб, дар бораи муллоҳо гуптем. Вале ҷавонони «креативи мо» дар интернет чӣ меҷӯян? Чӣ кор мекунем дар интернет? Ин суол ба насли ҷавон аст. Фаҳшо, прикол, Тик-Ток, ОК ва суруду клип… 1 ихтироъ дорем? На! 1 олиме ҳаст, ки дар тӯли…баъди Сино…умуман кашфиёте карда бошад?...То-та!
Ҳарчанд ман не, Ленин ҳам не, Пайғамбари Ислом (с.) гуфтааст:
-Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз!!!
Миллате, ки пашшаашро, мӯрчаашро, тараканашро, кайкашро бо кашфиёти дасти ғайримусалмон мекушад…чӣ тақдире бояд дошта бошад?
Сахти бад гуфтам? Медонам. Ин шаб ман алам доштам. Мо Метавонем!!!
PS: Шеърҳо тариқи автоматӣ ба озмуни кутуби мо шомил шудаанд…