ХАБАРИ ДОҒ

 

    Камол Мирзоалиев, ҳуқуқшинос, нафақахӯри ВКД, сокини деҳаи Парчасойи ҷамоати Обшорони н.Ёвон ба редаксия занг зада (тел:902700201), назари хешро нисбат ба мақолаи Саиди Тарма бобати ҷугиҳо баён намуд.

   - Аввалан, ки дуруд ба бародари ҷугии мо Саиди Тарма. Ҳамааш хуб аст, касе ҳуқуқ надорад 1 миллат ё қавми дигареро таҳқир кунад. Вале ман нисбат ба 1 далел шубҳа дорам ва он ҳам 5000 китоб хондани Саиди Тарма. Ба гуфтаи Соқиев ин қадар китобро одам дар 100 соли умраш ҳам хонда наметавонад. Ба назарам ин ҷо Саиди Тарма каме муболиға кардааст.

Дигар ин, ки дар посухи редаксия ба Саиди Тарма ман таҳдидро эҳсос кардам. СССР набояд ба хонандагони худ таҳдид кунад, зеро тавассути газетаи оммавӣ низ таҳдид кардан худ ҷурм аст.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter