Азимов, сокини ш.Кӯлоб ба редаксия занг зада (тел: 985862522), пурсид, ки чаро СССР дар бораи аз ҷониби саги дайду озор дидани 16 нафар чизе нанавишт.
- Шумораи ахири газетаро гирифтаму варақ задам. Чаро СССР дар бораи саги дайду ва ҳуҷуми ӯ ба 16 нафар сокинони ш.Кӯлоб чизе нанавишт? Шояд мухбирони газетаи мардумӣ ин воқеаро пайгирӣ карда, барои мо маълумоти бештар медиҳанд?
Аз редаксия: Хонандаи гиром! Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ-устоди тамоми журналистони даврони советии Тоҷик, дар ҳар дарсаш ба таъкид мегуфт:
- Агар 1 саг 10 одамро газад, ин хабар нест, журналистика нест! Вале агар 1 одам 1 сагро газад-ин аллакай хабар аст!!!
Мо аз рӯи ҳамин принсип амал мекунем. Ва мо метавонем!