(Дар 12 соли ахир қимати барқ аз 10 дирам (2010) то 26,51 дирам дар соли 2022 расид)
01.10.2022. Қимати истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 15% гарон мешавад. Ин амал бо дастури Ҳукумати кишвар сурат гирифта, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ҳанӯз 31.08.2022 ба тасвиб расида, он 13.09.2022 дар сомонаи газетаи “Ҷумҳурият” нашр шуд.
Тибқи он, нархи 1 киловатт нерӯи барқ барои аҳолӣ қариб 4 дирам боло рафта, ҳамакнун 26,51 дирамро ташкил хоҳад дод. Тайи 3 соли ахир бошад он 22,66 дирамро ташкил менамуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2022 тарифи нерӯи барқ барои муассисаҳои таълимӣ 45,51 дирам, барои муассисаҳои буҷавию варзишӣ ва коммуналӣ ва ҳамчунин барои нақлиёти барқӣ 26, 51 дирам ва барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, яъне барои муассисаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ 60,65 дирам барои ҳар 1 киловатт муқаррар карда шудааст.
Эзоҳ:
1. Тарифҳо ба истиснои аҳолӣ ва насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва канализатсия бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда шудаанд.
2. Муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, хонаҳои бачагона, хона-парваришгоҳ, хонаҳои пиронсолон, муассисаҳои соҳаи фарҳангӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар муассисаҳое, ки фаъолияти тиҷоратӣ надоранд, вале аз ҳисоби фондҳои башардӯстона ва ё буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тарифи барои муассисаҳои соҳаи буҷетӣ муқарраргардида ҳисоб карда мешаванд.
3. Дар сурати аз 10000 кВт соат зиёд будани ҳисоби неруи барқи масрафшудаи моҳонаи аҳолӣ, фарқияти аз меъёри мазкур зиёдатӣ истифодашуда бо тарифи барои гурӯҳи 1 муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Бояд гуфт, ки маротибаи ахир нархи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 гарон шуда буд. Дар тайи 12 соли ахир нарқи нерӯи барқ дар кишвар 3 маротиба боло рафта, агар соли 2010 он 10 дирам барои 1 киловатт арзиш дошт, ҳоло бо гузашти 12 сол нархи он то ба 26,51 дирам барои 1 киловатт расидааст…
PS: Муҳимтар аз ҳама масъулини Барқи Тоҷик, ба вежа раиси навтаъини он, вазири Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ дар бастагӣ ба мавзуъ матлабе нанавишта, сӯҳбате наороста, сабабу авомили гароншавии нархи барқро дар шабу рӯзе, ки хушбахтона қурби сомонӣ паст нашудааст, ба халқ на-ме-фаҳ-мо-нанд!
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!
М.Амин
СССР