Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,
Ту гӯӣ, ҷоҳиле девонагӣ кард?
Магӯ ҷохил, ки ҷои ҳайрат аст ин,
Ки беҳ аз оқили беғайрат аст ин!!!
(Муаллифро ёбед ва соҳиби китоб-ҷоиза шавед)
27.09.2022. Соат ба вақти СССР 13:28 дақиқа. Ҳодисоти дар марзи Исфара рух дода, аз сафи пеш, аз фронт, аз ҷабҳа ва аз ҷанги нобаробари қирғиз ҳатто 1 навор пахш нашудан, аз ЯГОН ТВ, ки садҳо ва шояд ҳазорон коргар доранд, нарафтани 1 журналисти расмӣ, ки барои мавҷудияташон буҷҷа миллионҳо-миллион сомонӣ харҷ мекунад, маро ба ёди ҷанги гражданӣ бурд. Дақиқан ба ёди 1 коргардон, оператор, наворгир. 1 нафаре, ки дар дилхоҳ кишвари дигар мебуд, дар борааш даҳҳо киносенария менавиштанду садҳо репортаж таҳия мекарданду ким-кай унвони Қаҳрамон низ мегирифт. Ин нафар Сафаралӣ Эргашев аст...
Воқеан ҳам ҷанги гражданӣ 1001 қумандону ҷонфидое дошт, ки бо силоҳ зидди оппозитсияи исломӣ шӯридаву давлату миллатро аз вартаи даҳшати асримиёнагии наҳзатӣ+толибӣ+диишӣ вораҳонидаанд. Танҳо ба хотир овардани ному насаби бархе аз ун қумандонҳо то ҳанӯз дар бадани душманон мурғак медавонад:
-Лангарӣ Лангариев, Сангак Сафаров, Қурбону Султони Чол, Саидшо Шамолов, Файзалӣ Саидов, Иззат Куганов, Шӯҳрат Олимов, Сӯҳроб Қосимов...
Аммо ин ҷанг 1 қаҳрамони дигар низ дошт, ки ҳаргиз камон ба даст нагирифт, хуни ҳаққу ноҳаққ нарехт, вале коре кард, ки Радио ва ТВ-и давлатиро, ки дар дасти оппозитсия буд, дар ҷанги иттилоотӣ варшикаста намуд. Тани танҳо!!!
Сафаралӣ Эргашев, чун журналистони даврони ҶБВ аз даруни окопҳо, хатти фронт, ҷабҳа, хунрезиҳо гузориш пахш мекард. 1 камера дар даст дошту 1 дилу 1 гурдаи воқеан ҳам ҷавонмардона. Тамомии қумандонҳои Фронти Халқӣ дӯсташ медоштанд, зеро онҳо ба ҷасорати журналист арҷ мегузоштанд. Тамомии муллоҳои наҳзатӣ дар фикри куштанаш буданд, зеро маҳз ӯ сирру асрори қатлу куштори инҳоро фош мекард. Ӯ шарафманд марде буд:
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки Шараф дорад, кабир аст!!!
Хидмататон арз кунам, ки Сафаралии ҷавон журналист набуд. Наворгир ҳам набуд. Ӯ муҳандис-прораби сохтмончӣ буд. Техникуми политехникиро бо ҳамроҳии шодравон эшони Аслиддин Достиев, дар миёнаи солҳои 1970 хатм кардааст. Вале дар соли 1992 чу дид, журналисте ёфт намешавад ба ҷабҳа раваду аз корзори ҷавонмардони патриот гузориш пахш кунад, ҷилави корро ба даст гирифт.
Чанде ба баъд Абдураҳим Исмоилов-корманди раёсати фарҳанги вилоят бо ӯ бупайваст. Акнун яке камера дошту дигарӣ микрофон. Ва онҳо коре карданд, ки имрӯз 6 ТВ марказӣ, ки ҳомили 3 телевизиони вилоятист, кардан набитвонанд. Зеро инҳо такрор ҳам шавад, 1 ЖУРНАЛИСТро натавонистанд ба ҷабҳаи Исфара сафарбар созанд. Шахсан барои ман, чун 1 андозсупорандаи буҷҷа, хеле аламовар буд, ки расонаҳои хориҷии муқими ҶТ бо шумули расонаҳои мустақил талош мекарданд, ки ба марз раванд, вале журналистони расмӣ «сақич» хойида менишастанд. Дуруст масъалагузорӣ кардааст, Шогуна Собирӣ, шоҳдухтари устод Бозор Собир дар газетаи мардумӣ (ниг.саҳ.-3), ки пас ин расонаҳо ба кӣ ва чӣ лозиманд, агар дар мушкилтарин вазъ пушти манофеи давлату ватану миллат набошанд? Шахсан ман чаро ба мавҷудияти инҳо пул пардозам (аз андоз) агар иттилоотро аз дигар сарчашмаҳо мегирам???
Воқеан ҳам, чун журналисти собиқадоре, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор кардааст, медонам, хабарнигорони хориҷӣ бима ё худ суғуртаи ҷонӣ доранд, ки агар захмӣ ва ё кушта шуданд, нафақа ва ҷубронпулӣ мегиранд (дар сурати марг-хонаводаашон). Ва дуруст ҳам ҳаст, ки журналистони мо агар фавтанду захм гиранд, касе чизе бар онҳо ҷуброн намекунад. Вале инҳо охир маоши ин давлатро мегиранд-ку?! Кату кӯташон аз ҳисоби ҳамин давлат аст. Пас чаро ҷабҳа нараванд? Маошро ҳалол кунед, муҳтарам ҳамкасбон! Сарбозу афсаре, ки аз буҷҷа маош мегирад, бо дилу ҷон ба набард меравад. Пас журналисти маошхӯр низ БОЯД равад. Ин Ватан аз ҳамаи мост!
Фарзи мисол, агар ҳамин қаҳрамони матлаби мо дар ҷанги гражданӣ кушта мешуд, шояд дар ҳафту чилаш 1-2 халта орд ба хонааш меомаду бас. Сафаралӣ Эргашев инро аз ман низ хубтар медонист, вақте ба ҷанг мерафт. Он замон ҳатто 1 каска-кулоҳе набуд, ки рӯяш ПРЕССА нависанду наворгир аз боевик фарқ шавад. Вале ӯ мерафт! Барои манофеи Миллат сина сипар мекард...
Бо 1 ҳарф: агар Сафаралӣ Эргашев намебуд ва мардумро аз ҳақиқати ҳолу қатлу куштори исломистони наҳзатӣ ва аз фидокориву корномаҳои шербаччаҳои Фрони Халқӣ огаҳ намекард, агар таблиғу ташвиқи ҷавонмардӣ намебурд, агар қаҳрамонҳои фавтидаро ёдбуд намекард, гумон аст, ки дар ин набард мо пирӯз мешудем...
Ба пиндори сирф фардии ман, имрӯзҳо бояд «Мактаби журналистӣ - Ҷавонмардии Сафралӣ Эргашев» бунёд ёбад ва аз ӯ, ки хушбахтона ҳоло бардаму бақувват аст, журналистони ҷавон омӯзанд. Фардо даркор мешавад. Барои Давлат, Ватан ва Ҳукумат даркор мешавад...
Ва аз ҳама охир: Савганд ба тамомии муқаддасот, ки аз навишти ин матлаб худи Сафаралӣ Эргашев огаҳӣ надорад. Зеро агар медонист, намегузошт, ки ин мақола, ин очерки қаҳрамонӣ нашр гардад.
Пас чӣ маро ба таҳияи ин матлаб таҳрик дод? Фориғболӣ, тарсуӣ ва адами ҷасорати журналистони имрӯза!!! Мо 1 журналисти хеле ҷасур ва ҷавонмардро дар симои Аслиддин Достиев аз даст додем. Наомӯхтемаш. Сафаралиро бояд омӯхт ва аз ӯ бояд ибрат гирифт.
...Мо газетаи ҷавонмардем ва ҷасоратро мепарастем. Мо Метавонем!