Ҳамза Абдуссаломзода хонандаи қарини СССР аз ФР, ш. Санкт-Петербург, ба идораи СССР бо тариқи онлайн (видео-вызов) занг зада (907244655), нигаронӣ аз он кард, ки мо шаҳраванди Тоҷикистон ҳастему барои беҳбудии зандагиамон ба муҳоҷират омадем, аммо аз гарон шудани нархи чиптаи ҳавопаймо ба ватан баргашта наметавонем!
Чанд рӯз пеш президенти Россия В.В. Путин бо 1 қарораш мобилизатсия элон намуд, ки нафароне, ки шаҳраванди Россия ҳастанд, дар ҳолати омодабоши ҷанг ба Украина сафарбар карда мешаванд. Хуб, нафароне, ки ба хотири нафақа ва маоши баланд талош карданду шаҳрванди Россия шуданд, бигзор онҳоро баранд! Лек, гап сари он меравад, ки аз ҳудуди Россия ба дигар давлатҳо нархи чиптаи ҳавопайморо 1000 маротиба гарон кардаанд, то мардумаш нагурезад. Айни ҳол нархи чиптаи ҳавопаймои Санкт-Петербуг-Душанбе аз 40-50 ҳазори қаблӣ то 200.000 рубл зиёд хест. Нафароне, ки шаҳрванди ҶТ ҳастанд, бигзор бо нархи пешин билет харанд. Лутфан ВКХ ҶТ ин масъулаи хеле ҷиддиро ҳал кунад, ки мо ба ватан баргардем...