ХАБАРИ ДОҒ

Ва ё 1 соли Эмомалӣ Раҳмонов

Аз муаллиф: Бахшида ба 70-солагии Сарвари Давлати Тоҷикон,  матлаби мазбур, ки ҳанӯз 28 сол пеш, дар арафаи 42-солагии Пешвои Миллат ва 1-солагии президентияш нашр шудааст, бе тағйири 1 ҳарф, бознашр мегардад. Мо Метавонем!

 Тақдир чунин афтода тоҷикро, ки баробари ба арсаи умумимиллал рост шудану тариқи давлатдории дунявиро пеша кардан, аввал чун узви собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зери сарпарастии Маскав ва баъдан мустақилона, сарваронаш зуд ба таъбири мағрибиён чун дастпӯш иваз гаштан карданд. Аввал Маҳкамов, баъд Набиев, баъдан Искандаров. Ростӣ, пас аз ҳар яки сеи болоӣ мардум мегуфт, ку бинем инаш чанде ҳукм хоҳад ронд? Ва ҳукумату давлат ҳатто барои Тоҷик чунон беқадр гашта буд, ки муддаиёни он бисёр 1  ибораи кӯдакона дарёфтанд баҳри таскини худ:

“Мурғи ҳумо”. Ва ҳам мегуфтанд: “Мурғи ҳумо ба китфи мо ин дафъа нанишаст...”

 3 сарваре, ки ҷумлагӣ хуб медонем, муайянамон карданд, ки ба чӣ қодир буданд. Ишон танҳо ҷамъияти ҷумҳуриро сахт дилхунуку бепарво намуданд аз ҳокимошон ва ҷилави ҳукумат ба дасти бод супурданд. Хуб, дар бораи Маҳкамову Набиеву Искандаров бисёрҳо навиштаю хондаем. Ва ғараз аз иншои мақола низ ишон нестанд. Мадди назари мо дигар кас аст: Сарвари навин, Эмомалӣ Раҳмонов.

 Матбуоти тамоми мамолики олам бисёр 1 шеваи хубе дорад, ки фаъолияти сарварони давлатиро таҳлил сохта, баҳо медиҳад. Мо низ тасмим гирифтем, то фаъолияти раиси Шӯрои Олӣ ва сарвари ҷумҳуриамонро то ҳадди имкон баррасӣ намуда, баҳои сирф шахсӣ диҳем. Хуб, ин руҷӯъе буд на беш.

 

Пуштибони Бадахшон

Эмомалӣ Раҳмонов ҳине сари қудрат омад, ки давлати фалаҷу абгору пора - пораю хуношомро касе натанҳо ӯҳда карда натавонист, балки анқариб талабгор ҳам набуд. Вале баробари раис интихоб гаштан, Эмомалӣ Шарипович сарони ҳукумату давлатро қариб ба пуррагӣ иваз намуда, тавонист 1 дафтари мустаҳками давлатдорӣ баргузинад, ҳарчанде ки ба гуфти худи раис бисёрии собиқадорони ҳукуматӣ ба чӣ андешае ба ӯ намепайвастанд. Бо забони дигар гӯем, марказгурезҳо ба кабинети раис ва ҳукмронии он бовар надоштанд. Ва чӣ тур бовар ҳам мекарданд, ки раиси нав он рӯзҳо аз пойтахти мамлакат дур буд, аз раияташ канор афтода ва ҳамчунин аз таҷрибаи давлатдорӣ орӣ. Аммо ишон хато карданд. Сарвари ҷадид тавонист, дар муддати кӯтоҳ вуруди Душанбешаҳр шуда, ҳамаи риштаҳои сохтори давлатро зери даст гирад. Ва маҳз ҷасорати шахсии Эмомалӣ Раҳмонов сабаб шуд, ки ҷанги гражданӣ Вилояти Мухтори Бадахшонро ба коми худ накашида, хомӯш гардад. Маҳз сафари бомуваффақияти раисро ба Хоруғ дар назар дорам, ки ҳини гармогармии ҷанг ба амал омада буд.

 

Гушнагӣ

 Маълуми ҳамагон аст (аз таҷрибаи талхи наздики хеш), ки сари қудрат омадан маънии ҳокимиро надорад. Ба ёд оред, тақдири Маҳкамову Набиеви президентро дар замони тинҷу осоишта. Раҳмоновро бошад, насиб давлати вулқоние гардид, ки ҳарчанд ҷангаш поин омада бошад ҳам, метавонист ҳама гуна ҳокимиятро ба нестӣ диҳад. Ва ин вулқон гуруснагӣ буд. Оре, мо набояд фаромӯшхотир бошем, ки гузашта на, балки он гузашта ҳам набуд, чунки дирӯз буд, рӯзҳои мудҳишеро, ки баҳри бурдаи ноне шаҳрро саросар тай мекардем, аз ёд барорем. Вилояти собиқи Кӯлоб он рӯзҳо бо тухми ҷорӯбу кунҷораю себу каду (дигар чизе надошт) рӯз мегузаронду дар Вахшонзамин ҳатто ин номгӯи... (ростӣ иборае наёфтем инҷо) ҳам набуд.

 Ҳукумати нав зуд пайи беҳбуди таъминоти аҳолӣ афтода, тавонист вабои гуруснагиро ҳам паси сар намояд (Қобили қайд аст, ки ин ҳангом аввал пойтахту Вахшонзамин ва баъдан Кӯлоб соҳиби орду нон шуданд. Ин исботи он аст, ки бари сарвари нав манфиати ҷумҳурӣ аз манфиати маҳал боло меистод).

 

Гурезаҳо

Проблемаи дигаре, ки баъди ҷанг ҳокимияти ҷадидро интизор буд, проблемаи гурезаҳо гардид. Аксари мардуми фирориро аҳолии деҳот ташкил медод, ки ин ба иқтисоди ҷумҳурии аграрии мо ҳисороти зиёд ворид месохт. Гузашта аз ин, фирориён ниҳоят ҳаёти сангинеро соҳиб гашта буданду аз Ватан сахт дилмонда. Ишонро танҳо сиёсати сулҳхоҳонаи давлати мустаҳкаму қавӣ метавонист пас гардонад. Ва давлати нав собит сохт, тӯли мавҷудияташ, ки тасодуфию заиф нест. Маҳз сиёсати ҳокимияти нав сабаби бозгашти гурезаҳо шуд.

Вале баргаштагонро дар ватан хонаҳои валангор интизор буду азобу уқубат. Ин ҳин низ ҳукумат сари вақт аз ишон пуштибонӣ намуда, онҳоро бо хӯроку пӯшока ва маблағи пулӣ таъмин намуд, то ки натанҳо деҳоти мо дасти корӣ ёбад, балки садои ширини тоҷикӣ низ танинандоз гардад.Албатта, кам бошад ҳам, буданд ҳодисаҳое, ки гурезаҳоро хуб напазируфта, фишор меоварданд. Аммо на савоб будӣ, ки ин рӯйдодҳоро ба зиммаю инсофи давлатдорону сарвари давлат ҳавола кунем.

 

Холера

Гурезаҳо бошанд, аз давлати ҳамсоя бемории ниҳоят сахту мудҳиши вабо-холераро ба Тоҷикистон оварданд. Ростӣ, он рӯзҳо ҷаҳониён ангушти ҳайрат мегазиданд, ки чи тавр вабои қариб 1 аср пеш одамиро тарксохта, дар ҷумҳурии мо пайдо шудааст. Аз ҳаллу фасли ин мараз ва вабои дар навоҳии Фархору Маскаву Восеъ рухдода, ки мардумро худ ба коми марг мекашиду мутахассисин то ҳол натанҳо сабаб, балки симптомашро дуруст муайян накардаанд, даст кашида, ҳаминро гуфтанием, ки ҳокимият тавонист аз ин касалиҳо ҷилавгирӣ намуда, мардуми зиёдеро аз чанголи марг раҳонад. Ва ҳамаи ин чорабиниҳо маблағ металабиданду ҷумҳуриро ба умқи бенавойиву касодии иқтисодӣ мекашиданд. Бинобар ин имрӯз носавоб аст, аз дирӯзи сангини худ, ки хавфи тӯъмаи марг гаштан паси дари утоқ мекарду шиками гурусна пушти он, чашм баста, аз ҳукумат зиндагии беҳтар дархост намуда, яку якбора талаби беҳбуди ин ё он тарафи ҳаёт намоем.

Локин ҳама овардаҳои болоӣ симои ҳақиқии Эмомалӣ Раҳмоновро нишон дода наметавонист, чунки то ин ҳангом лигоми давлат бо ёрии қувваи бузурге зери итоати Сарвари нав қарор дошт. Ин қувва Сангак Сафаров буд.

 

Иттиҳоди Тоҷик ва муаррифии миллат

Ва маҳз марги фоҷиавии лидери мардумӣ Сангак Сафаров Эмомалӣ Раҳмоновро пурра ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ кашид. Тамоми дунё фоҷиаи Сангакро фоҷиаи миллат ва маргашро шикасти пурра ва бебозгашти ҳукумати ҷадид маънидод карданд. Бисёр расонаҳои хабарии чи Шарқу чи Ғарб мухбирони худро дубора озими Тоҷикистон намуда, интизори сенсатсия гаштанд. Ин сенсатсия бояд таркиши нави ҷанги гражданӣ ва давлатхоҳии гурӯҳҳои мофиозӣ мебуд. Вале тири ишон хок хӯрду фарзияҳояшон ба бод рафт. Ин ҳангом Эмомалӣ Раҳмонов собит сохт, ки дар арсаи сиёсату мақоми давлатдорӣ шахси тасодуфӣ нест. Ӯ тавонист ҳама риштаҳои давлату давлатдориро ба даст гирифта, фронти парокандашудаи халқӣ ва боқӣ қисму қисматчаҳои марказгурези ҳарбиро муттаҳид намуда, хавфи хаоси пурраву ҷанги ҷадидро аз ҷумҳурӣ дур созад.

 Кунун сарвари давлат метавонист бо сиёсати берунаи ҷумҳурӣ сару кор гирад. Минбаъд ӯро чанд мусофирати беруна интизор буд. Сафарҳои Эмомалӣ Раҳмонов ба Минску Маскаву Ашқобод агар муносибатҳои пешини иқтисодии ҷумҳуриро барқарор карда бошанд, мусофирати Амрикову Афғонистон сирф сиёсӣ буданд. Аз минбари Созмони Миллал сухан карда, Эмомалӣ Раҳмонов ба ҷаҳониён собит сохт, ки Тоҷикистон пайгири сохтори сусиёлистӣ на, балки тарафдори мамолики дунявӣ буда, иқтисоди озоди бозаргониро инкишоф хоҳад дод. Баъди ин инвеститорҳою кордонҳои мамолики пешқадам ба Тоҷикистон ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Маҳз тавассути ин изҳорот, чанде баъд соҳибкорону бизнесменҳои хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сарони ҷумҳурӣ вохӯрда, барои ҳамкорӣ ва васеъ намудани фаъолияти тарафайн таҳкурсӣ гузоштанд. Ин иқдом амалан собит кард, ки Тоҷикистон пайгирии идеяҳои кӯҳна набуда, дар ояндаи наздик қатори мамолики сохташон ҳуқуқбунёди дунявӣ қарор хоҳад гирифт.

 

Ҷасорати фардӣ

 Давлати Исломии Афғонистон бошад, Эмомалӣ Раҳмоновро чун аввалин сарвари давлате, ки тӯли даҳсолаҳо (ё шояд садсолаҳо?) озими Кобул гардид, пазироӣ намуд. Албатта, ин сафар ба Кобули махуф ва давлати сустбунёд ҳавлнок буда, ҷасорати шахсӣ металабид. Гузашта аз ин, сафари аввалини сарвари давлат басо бомуваффақият анҷом ёфт. Аз 1 тараф агар байни 2 мамлакати ҳамзабону ҳамдин равобити дӯстонаю иқтисодӣ мустаҳкам шуда, вазъи сарҳадишон баррасӣ гардида бошад, аз сӯйи дигар Эмомалӣ Раҳмонов асирони Артиши Русияро, ки аз манофеъи Тоҷикистон пуштибон буданд, озод карда, нишон дод, ки тақдири иттифоқчиён барои ӯ бефарқ нест. Гумони ғолиб ба он аст, ки Бурҳониддини Раббониро маҳз ҷасорати Раҳмонов мафтун карда, ба мухлиси сиёсати ҳукумати ҷадиди тоҷик табдил дод. Ин буд, ки фавқуззикр чанде пеш озими Тоҷикистон гашта, аз аксар вилояту навоҳии ҷумҳурӣ дидан кард. Тазаккур бояд дод, ки ин аввалин пазиройии президенти хориҷӣ буд, дар Душанбе. Тӯли мавҷудияти Тоҷикистону Душанбе (ҳатто муддати 70 соли Тоҷикистони сусиёлистӣ ва пеш аз он низ) ин аввалин ташрифи президенти мамлакати хориҷӣ буд ба ҷумҳурии тоҷик.

 Ёд биор, хонандаи гиромӣ, гузаштаи наздикеро, ки президенти Ирон ҷаноби Рафсанҷонӣ аз кулли мамолики муслимини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба истиснои Тоҷикистон дидан карда буд. Он гоҳ расонаҳои хабарӣ инро тавре маънидод карданд, ки давлатҳои исломии Шарқ, гӯиё аз Душанбе ва сиёсати он рӯй гардондаанд. Пазиройии лидери Давлати Исломии Афғонистон ин фарзияро ботил баровард. Эмомалӣ Раҳмонов тавонист исбот намояд, ки ҳарчанд президенти Ирон ба Душанбе ташриф наоварда бошад ҳам, Тоҷикистон байни мамолики Шарқ, хусусан давлатҳои исломиасос обрӯву нуфузи хоса дорад ва аз мадди назар дур мондани ҷумҳурӣ на нишони апатияи ҷаноби Рафсанҷонӣ, балки андешаи ишон аз вазъи буғранҷу муташанниҷи кишвар буда.

 

Гузашт ё бахшиш

Ҳукумати ҷадид пайи беҳбуди робитаҳои кишварҳои ҳамсоя гардида, вазъи дарунмарзиро канора намонд. Беҳбудии вазъ боистӣ аз дохил мустаҳкам гардад. Сарвари нав беҳтарин роҳро баргузид оиди пиёда кардани ин мақсад: гузаштро нисбати рӯшанфикрон. Кӣ гунаҳкор буд дар ин даргириву хунрезаҳову кӣ не, таърих гувоҳ хоҳад монд. Вале Эмомалӣ Раҳмонов лозим донист, ки ашхоси аз рӯи қонуни мавҷудаи ҷумҳурӣ гунаҳкор дониста шударо авф бинамояд.

 Ахиран, мехостем, гирди эъломияи сиёсии Эмомалӣ Раҳмонов, ки мавриди баҳси умум қарор гирифтааст, нуқтаи назари хеш баён созем. Баъзеҳо бар онанд, ки чаро Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва ҳукумат аввал тарафдори ҳокимияти порлумонӣ буданду имрӯз аз ҳокимияти президентӣ пуштибонӣ доранд? Ин ҷо 2 нуқтаи нозукро қайд карданием:

-Аввалан, ҳокимият дар амал мехоҳад ба ҷаҳониён собит намояд, ки ҷанги худкушӣ дар ҷумҳурӣ тамоман фурӯ рафта ва он гипотезаҳои таркиши нави он пешгӯиҳои хоманд;

- Баъдан, ҳокимияти ҷадид мехоҳад, то мардум сарвари худро бо раъйпурсии кулл мунтахаб созад. Танҳо ин ҳангом нооромиву норизойиҳои маҳалгароӣ, ки гӯё маҳалле ҳукуматро гирифтаву маҳалле на, аз байн хоҳанд рафт. Эмомалӣ Раҳмонов, ба тарзи дигар гӯем, дар ҷодаи давлатдорӣ ҳамнабард, алтернатива меҷӯяд. Марҳамат, майдон аз далер аст.

 

Бозаргонӣ ва рақобат

Дар гузориши сиёсӣ, нуқтаи аз ҳама муҳим ин кадомин роҳи тараққиёти иқтисодиро пеш гирифтани ҷумҳурӣ мебошад. Қайд шудааст, ки роҳ якест- иқтисодиёти бозорӣ ва рақобати саноатӣ. Ва мо низ куллан бар онем. Имрӯзҳо ҳар яки мо Амрикои нав кашф нахоҳем кард, агар гӯем, беҳтарин ва бехатартарин гом сӯи ояндаи нек - гом сӯйи иқтисоди бозаргонист. Олам куллан инро собит карда. Ку 1 чашм андоз, хонандаи гиромӣ, кадомин давлатест, ки роҳи дигар баргузидаву зиндагии беҳтаре ёфта? О, наход роҳеро, ки ахири асри XIX олам пеш гирифта, зиёда аз 100 сол суфтаву ҳамвор кардааст, мо дар арафаи асри XXI барнагузинем?! Албатта, дар шароити кунунӣ, ки қашшоқиву касодии иқтисодиву фарҳангӣ моро печонидааст, пешравӣ мушкил хоҳад дошт. Вале биёед каме андешем. Тӯли 1 соли охир мо дастгири яке шуда, сарҷамъона тавонистем, аз ҷанги хонумонсӯзи тоҷиккуши гражданӣ раҳо ёбем (Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз низ бисёр кӯшишҳост, то моро боз ба коми аждари ҷанг тела диҳанд). Дар урфият гӯянд: "Мурғи зирак ба дом наафтад". Ва мо иловаи ин гуфтаи пайямбарона мекунем:

-Аблаҳтарин мурғ дуввумбора гирифтор хоҳад шуд. Пас, биёед рӯҳияи инқилобӣ дур сохта, сабру таҳаммул пеша гирему паси лидери нави худ гом бардорем, сӯе, ки ҷумла мамолики пешқадами дунявӣ он ҷост. Мо Метавонем!

PS: Вақте мақола омодаи чоп мешуд, ҳукумат дар ҷумҳурӣ пули муомилоти рубли русиро эълон дошт. Ин ҷо низ метавон гирду акнофи пули миллию рубли русӣ баҳсҳо орост. Аминем, ки ҳамчунин ҳам хоҳем кард ва саҳафоти матбуот моро интизоранд.

Мо танҳо фикри сирф шахсимонро гуфтанием, ки ин ҳангом беҳтарин гоми аз бӯҳрони иқтисодӣ ва касодӣ раҳоӣ ёфтан ин муомилоти рублиро ҷорӣ кардан аст. Бори дигар таъкид мекунем, ки ин ҳангом! Алон, агар ҳазор доду фарёд кунанд, "лжепатриотҳо"-и мо, набояд фаромӯш кард, ки ҷумҳурии мо қариб бе иқтисодиёт мондааст.

Мо ҳатто сӯзишворие намеёбем, ки депутатҳои мардумиро ба ҷаласаҳо фиристонему (аз норасойии сӯзишворӣ барои кишту кору хидмати шаҳрӣ ва ғ. умуман чашм мепӯшем) аз куҷо маблағи пулию молӣ ёфта, пули худро мебарорем? Набояд фаромӯш кард, ки қурби пулро фонди тилло муайян мекунад. Он тиллое, ки дар мо конаш ҳасту худаш не. Баъдан бо кадом роҳ, бо чӣ восита, мо садди роҳи таварруми пули худ (инфляция) хоҳем шуд? Бубинед, Украина барин давлати бузургро чӣ таварруму бӯҳрони амиқе расонидаанд..

Андешаҳо зиёданд оиди ин иқдоми ҳукумат. Танҳо ҳаминро бубояд гуфт, ки бале, пули миллӣ лозим аст, вале танҳо ҳини соҳиби иқтисодиёти (агар пешқадам набошад ҳам) мунтазам гардидан. Иқтисодиётро бошад, имрӯз танҳо бо ҷонибдории рубли русӣ метавон дарёфт. Хуллас, гумони ин ҷониб бар он аст, ки ин дафъа низ ҳокимияти раҳмоновӣ роҳи дуруст баргузидааст...

 

Сайёфи Мизроб

(“Ҷавонони Тоҷикистон”, №2 (8530), 14-21 январи соли 1994)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter