ХАБАРИ ДОҒ

Дӯстӣ бояд аз он гуна ҷуст,

 К-он абадуддаҳр бимонад дуруст!!!

29.09.2022. Соат ба вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Нафареро дар ҷанозааш будам, ки шафиқтарин рафиқ ва маҳбубтарин дӯстам буд. Дӯстии мо ба ҳадде мустаҳкам буд, ки аслан бо ченаки ошноӣ ва тарозуи бародарӣ наметавон баркашид. Ӯ просто Баха буду ман просто Сайфдин...  Бе изофагии ҳарфи «у» ва ё «и» дар номам. Талаффузи Баха чунин буд:

-Сайфдин...

Маро гӯшнавозтар аз ӯ касе дар тӯли 39 соли умрам садо накардааст...

23.07.1983. Хобгоҳи геологҳои ТГУ ба номи В.И.Ленин воқеъ дар кӯчаи Нахимови ш.Душанбе. Ман абитуриентам. Ҳамин қадар мекобам, ки ақаллан 1 нафари дигареро дар ин хобгоҳ ёбам, ки ба факултаи филологияи тоҷик ҳуҷҷат супурдааст, намеёбам. 3 рӯз бо 1 ҷавони бузбала дар 1 хона ҷой гирифтаем. Ҳар гоҳ ман медароям, ӯ хоб аст, ӯ мебарояд, ки ман хоб. Эшони Аслиддин, ки маро хабаргирӣ меомад, низ пайваста «ҳамфакулта меҷуст». 1 кас нест, ки нест. Рӯзе ба Тоҷиддин-ҳамкурси ғармиям, ки тавассути «подкурс» аллакай дохил шудааст, филолог суроғ кардам. Тоҷиддини раҳматӣ, ки воқеан ҳам паҳлавонсурате буду ба назар Рустами Достонро меовард, қаҳ-қос зада хандиду гуфт, филолог меҷӯӣ? О, дар паҳлӯят ӯ хоб аст. Ва омада чавони болобаланди сапедпӯстро бедор карду гуфт:

-Баха! Хез, ин бача низ филолог аст!!!

Оне, ки Баха гуфтандаш, аз кат парида, маро чунон оғӯш кашид, ки қариб ҷон ба ҳақ меспурдам. Аз ҳамин рӯзи 23.07.1983 то 29.09.2022 мо рафиқи мунис шудем...

 Баха, он же (гуфти худаш) Бахтиёр Нурматов, ки дар шиноснома Умед Нурматов буду ҳамагӣ соле пеш худаш фаҳмид, ки аслан номаш Умар Нурматов будааст, бисёр инсони покдоман ва зиндадил ва дар ҳама вазъ пешопеши мо буд. Сина сипар мекард. Моро ҳифз. Тамомии курси 1983-1990 (бо шумули 2 соли Армия) дӯсташ медоштанд. Гуфти русҳо «все без исключения». Барои дӯст доштани Баха фосилаи тӯлонӣ лозим набуд. 1 сӯҳбат ва 2 шӯхияш кофӣ мешуд, ки одам умре дӯсташ медошт. Равзатуллои Узбекистонӣ, Рустами Балҷувонӣ, Раҳим Ашрофи Конибодомӣ, Фазалаи Қубодиёнӣ, Абдуссаломи Ванҷӣ, Муҳиддину Варқаи бадахшонӣ, Гулнисои Дарвозӣ, Фотимаи Зарафшонӣ, Хуршеди Фархорӣ, Одинашову Сайфу Аламу Шамси Кӯлобӣ ва... барош ҷон фидо мекарданд.

Баха бо сиккаву сурату шаҳомати баҳодурона, ту гӯӣ, хеле ноҷо филолог шудааст. Ин аст, ки баробари садо додани тири нахустин ба сӯи Ватан, ҳама кору борро партофта, низомӣ шуд. 1 касро наранҷонид. Маҳз ҳамин Бахтиёрҳо буданд, ки миёни душман шикаст ва «беспределҳои Фронти Халқӣ» низ аз байн рафтанд. Дар сангинтарин шароит марзбон шуд ва то рутбаи полковник сабзид. Дар марзи Афғонистон хизмат мекард ва чу гуфтанд, қирғизи лаъин марзҳои Исфараро ғасб карданист, ихтиёран ба Суғд рафт. Раиси ситоди марзбонии вилоят буд. Борҳо қирғизакҳоро лату кӯб кардааст. Овоне, ки ҳамингуна шермардон бо сарварии генерал-майор Сайидобид Саидов дар марзи Суғд буданд, 1 қирғиз сӯи мо чашм ало намекард.

Чанд сол пеш ба истеъфо рафт. Бо сари баланд. Бо дили пур. Бо виждони пок. Зеро дар тӯли қариб 20 соли марзбонияш 1 душман 1 см хоки поки модарияшро зери пой кардан набитвонист. Воқеан ҳам, агар дар садорати марзбонӣ дарк мекарданд хатари қирғизро, бераҳмии қирғизро, номардиву аҳдшикании қирғизро Бахаҳо инҳоро садҳо фарсах аз марз дуртар мепартофтанд. Вале афсӯс, ки чунин нашуд...

Баъди истеъфо 3 китоб навишт. Роҷеъ ба Шоҳнома. Фарзияҳои накӯ ва обнорасидаро дар бораи Шоҳони Каёнӣ ва Ориёӣ рӯи чоп овард. Версияҳояш тааҷҷуббарангез ҳам буданд. Зеро диди нав буд. Каюмарсро аз Тоҷикистон хонд. Фаридуну Ҷамшеду Рустамро низ. Ин версияҳо бояд умқан омӯхта шаванд. Мо анде аз ин фарзияҳоро нашр ҳам карда будем. Мо Метавонем!

Момаи Ниҳолбӣ, модари Баха имрӯз мотам дорад. Ӯ дар синни 85-солагӣ нахустфарзандашро аз даст дод. Волидайни Бахтиёр, муаллим Абдулҳафиз Нурматов (раҳматӣ) ва апаи Ниҳолбӣ Мирзоева аз аристократҳои маорифи РСС Тоҷикистон буданд. Аз авлоди Соҳиб Шӯҳратиевич Табарови шӯҳратёр. Дар тӯли умри хеш даҳҳо ҳазор Бахаҳоро ин ҷуфти муносиби омӯзгорони даврони советӣ, чун патриот, ватанпарварда ва зиёӣ тарбият карданд. Нест дар Восеъ нафаре, ки ин оиларо надонад!

Ва дуруст ҳам ҳаст, ки Ҷамшед Шарифзода-раиси н. Восеъ дар рӯзи мотам паҳлӯи ин модар қарор дошт ва худро соҳиби маъракаи мотамӣ эълон кард. Зиҳӣ, раисе, ки ба қадри пирони маърифатчӣ мерасад. Мо метавонем!

Бахтиёр Нурматов 1 фарди патриот буд, на медал дошт, на орден, на ҷоизаи давлатӣ. Ӯ аз зумраи ҳазорон-ҳазор фарзанди сарсупурдаи ин миллати бузург буд, ки бо буғранҷ шудани вазъ мехезаду ба дифои марз меравад. Медалу ордену ҷоизаҳоро дигарон мегиранд... Тағодорҳо. Вале барои Баха ва Бахтиёрҳо ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ӯ Ватандор буд!!! На тағадор!!!!

 Бахтиёр Нурматов ё худ Умед Нурматов аз куҷо фаҳмид, ки аслан номаш дар «метриска» ё худ шаҳодатномаи таваллуд Умар аст? Бо амри тақдир, ӯ чун дигар сарсупурдаҳои низомӣ, баъди бознишастагӣ, аз дасти нафақаи ночиз (!!!) ба Россия рафт ва хост маоши бознишастагӣ ё худ пенсияи урусӣ гирад. Русҳо-ку умқан делову дафтарҳоро мебардоранд. Ва ана ҳамин ҳин маълум шуд, ки мома-дояи русе, ки ба Баха дар моҳи октябри соли 1966 справкаи таваллуд додааст, номашро Умед неву Умар навишта будааст. Бахтиёр барои он мегуфтандаш, ки ба ин оила ва 1001 дӯсти тоҷикаш бахт оварад ва ҳам овард...

Ҷот ҷаннат  бод, Умар, Умед, Баха, Бахтиёр, Бахтики ман, ки дар охирин набард, дар ҳолати кома, дар тӯли 8 моҳ, барои бори аввал, бар марг пирӯз нагардидӣ...

Дидор дар қиёмат! Мо Метавонем!!!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter