Дӯстмурод Ҳалимов, хонандаи ҳамешагии СССР аз н. Шаҳритус ба идораи СССР занг зада (Тел: 904446033), сипоси хешро ба бунёдгузорони клиникаи тиббӣ «Акси Шифо» расонид.
- Мо шахсони пиронсол барои аз ташхиси тиббӣ гузаштан ба шаҳри Бохтар ё шаҳри Душанбе рафта, чанд рӯз дар хонаҳои хешу табор шабҳоро рӯз мекардем. Ин ҳам харҷ дошту ҳам вақти зиёд сарф мешуд. Чанд рӯз пеш аз ҷониби яке аз соҳибкорони ватанӣ дар маркази н.Шаҳритус 1 клиникаи нави тиббӣ-табобатии «Акси Шифо» кушода шуд, ки дорои тамоми таҷҳизот ва имкониятҳои муосири тиббист. Имрӯз имкон дорем бе ягон мамоният аз ташхиси тиббӣ мегузарем. Нархаш бигзор аз дигар беморхонаҳо 10% гарон ҳам бошад, вале бо назардошти харҷи роҳу хурду хӯрок дар пойтахт арзонтар меафтад.