ХАБАРИ ДОҒ

НабиевVSАслонов (Ё чаро кандани ҳайкали "доҳӣ" дар Тоҷикистон мушкилзо шуд?)

  • Чоршанбе, Окт 12 2022

Аз СССР: Зиддиятҳо миёни коммунистон ва исломистони навзуҳур ҳатман бояд бо ҷангу хархаша хатм мешуд, ки чунин ҳам шуд. Вале 1 ҳодисаи дар назари аввал ночиз, вале дар асл бузург-кандани Хайкали Ленин дар Майдони Сурхи Душанбе ин равандро тезонид...

23.09.1991. Аккурат 31 сол пеш, бо амри Мақсуд Икромов-раиси ҷавон ва  популисти Душанбе, пайкараи доҳии пролетариатҳои ҷаҳон. В.И.Улянов (Ленин) ба таври бесобиқа хашин ва бо усули вандалӣ, барканда шуд. «Ин ҳам гӯрба!»-гуфти Ортиқи Қодир, агар аблаҳони наҳзатӣ рӯи ин ҳайкал намешошиданду таҳорат намешикастанд. Табиист, ки чунин рафтори ин вандалҳо ғазаби ағлаби мардуми кишварро ба бор овард. Нахустин шуда, актрисаи номдори Тоҷик-Марям Исоева бо чашмони ашкбор тариқи ТВ баромад кард ва ... сар шуд. Эътирозҳо, нороҳатиҳо, норизоиятҳо ва ҳақорату дашному сақати ҳамдигарӣ. Барчидани ҳайкал митингҳоеро рӯи кор овард, ки ахиран дар таърихи 06.05.1992 бо ҷанги гражданӣ хатм шуданд. Дар ин бора, муаллифи имрӯзаи мо, ин ҷо қисса мекунад. Мо Метавонем!

 23-юми сентябри соли 1991. Вазъияти Тоҷикистоне, ки ҳамагӣ 2 ҳафта пеш ба истиқлол расид, якбора муташанниҷ шуд. Дар ин рӯз роҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вокуниш ба канда шудани ҳайкали Ленин дар Душанбе ва рақсу бозӣ кардани ҷонибдорони мухолифин дар болои он гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил кард. Навори зери по кардани ҳайкалро худи ҳамон шаб телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дод ва раиси Кумитаи радио ва телевизион, доктори илмҳои филологӣ, Атахон Сайфуллоев, бо овози гиряолуди худ ба эҳсосоти ҷонибдорони Ленин дар ҷумҳурӣ нохун зад, то алайҳи оппозитсия хомӯш набошанд. Азбаски дар тӯли мавҷудияти давлати Шӯравӣ қариб 3 насли тоҷикон дар рӯҳияи лениндӯстдорӣ ва садоқат ба ӯву таълимоташ тарбия ёфта буданд, барафкандани ҳайкали доҳӣ ба равони бисёриҳо на танҳо таъсири манфӣ расонд, балки ба хашму ғазаб низ овард. Шояд кандани пайкараи Ленин иғво ва ё “провокатсия” буд, аммо мо нақши иғвоҳоро дар сар задани фоҷиаҳои ибтидои солҳои 1990 на омӯхтем ва на сабақ гирифтем.

3 иғво барои 1 республика

·         Иғвои якум овозаи омадани арманиҳои гуреза ба Тоҷикистон ва бе навбат додани манзил дар Душанбе ба онҳо буд.

·         Иғвои дуюм, ҳамин ҳодисаи кандани муҷассама буд, ки ҷомеаро ба ҷонибдорон ва мухолифони Ленин ҷудо кард ва дар ниҳояти кор боиси сар задани митинги дуҳафтаинае шуд, ки он дар натиҷаи миёнҷигарии намояндагони президенти СССР  М.Горбачёв - А.Собчак ва Е.Велихов хотима ёфт.

·         Иғвои сеюм, овозаи таҷовузи вакили Шӯрои олӣ Адолат Раҳмонова дар баҳори соли 1992 буд, ки баҳонаи ташкил шудани майдони “Озодӣ” дар муқобили майдони “Шаҳидон” гардид ва ахиран дар ибтидои моҳи майи ҳамон сол ба ҷанги шаҳрвандӣ печид.

 

Баҳси "хиёнат" ва "истеъфо"

Тасмими вокуниш нишон додан ба вожгун шудани ҳайкал тавассути ҷонибдорони доҳӣ аз ҷониби масъулони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон худи ҳамон рӯз, баъди чаппа кардани он сурат гирифт. Гузашта аз ин, шаби 22-юми сентябри соли 1991 як қатор масъулони Ҳизби коммунист ва вакилони порлумон дар Институти кишоварзӣ ҷамъ шуда, дар ҷаласае тасмим гирифтанд, ки субҳ иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои олиро даъват кунанд. Аз ин рӯ, худи ҳамон шаб бо тамоми вакилони порлумон, ки дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мезистанд, тамос гирифта, онҳоро барои ширкат дар иҷлосияи ғайринавбатӣ ба Душанбе даъват карданд. Ҳамин тариқ, субҳи 23-юми сентябр ҳам митинги ҷонибдорони Ленин оғоз гардиду ҳам иҷлосияи Шӯрои олӣ. Дар гирдиҳамоии эътирозӣ намояндагони коллективҳои меҳнатӣ ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт ширкат карданд, аммо рӯзномаҳои оппозитсионӣ онро “митинги коммунистон” ном гузоштанд.

Суханронҳо талаб мекарданд, ки раиси Шӯрои олӣ Қадриддин Аслонов барои хиёнат ба Ҳизби коммунист ва шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов барои кандани ҳайкали Ленин ба истеъфо раванд. Ҳамзамон, дар иҷлосияи Шӯрои олӣ вакилон, ки аксари куллашон аъзои Ҳизби коммунист буданд, тибқи маслиҳати пешакӣ ба ҳамла гузашта, Аслоновро аз вазифаи раиси Шӯрои Олӣ барканор карданд ва ба ҷойи ӯ Раҳмон Набиевро, ки 5 сол қабл аз вазифаи котиби якуми КМ ҲК ҷумҳурӣ сабукдӯш шуда буд, ба курсии раиси порлумон шинонданд.

Хоҳиши Ҳувайдуллоев...

Додситони кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев аз вакилони мардумӣ иҷозат хост, ки барои роҳ додан ба вандализм ҳангоми кандани ҳайкали Ленин шаҳрдори Душанбе Икромовро ба ҳабс бигирад, лек вакилон ин пешниҳодро напазируфтанд. Дар асл, мақсади масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон саркӯб кардани тамоми нерӯҳо ва шахсоне буд, ки дар тӯли 1 моҳи гузашта тавқифи фаъолияти Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ ва милликунонии моликияти онро талаб мекард. Азбаски Аслонов ва Икромов амалан нишон доданд, ки аз ин талабҳо ҳимоя мекунанд, дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои олӣ мавриди фишори порлумони коммунистӣ қарор гирифтанд. Ҷолиб ин буд, ки Қаҳҳор Маҳкамов ва Қадриддин Аслонов супоришҳои “Қибла”-и коммунистони тоҷик – Кремлро иҷро карданд, зеро фармони боздоштани фаъолияти муваққати ҲКИШ ва милликунонии моликияти он дастури Маскав буд.

Бояд гуфт, ки баъди суқути ГКЧП кандани ҳайкалҳои Ленин дар ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ба 1 амали маъмул табдил ёфта буд. Масалан, дар Таллин 23-юми август, дар Вилнюс 1-уми сентябр, дар Киев 12-уми сентябр ва дар Рига 21-уми сентябр пайкараҳои доҳиро канданд. Дар Боку, Тифлис ва баъзе шаҳрҳои дигари собиқ Иттиҳод ин амал ҳанӯз соли 1990 сурат гирифта буд. Аммо кандани ҳайкалҳо танҳо дар Тоҷикистон боиси сар задани бӯҳрони ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ шуд. Ин бӯҳрон наздики бегоҳи 23-юми сентябри соли 1991 бо оғози гирдиҳамоии мухолифон ва ҷонибдорони Аслонов ва Икромов шурӯъ гардида, беш аз 10 шабонарӯз идома ёфт.

Нигаронии коммунистони тоҷик

Ҳамин тариқ, охири моҳи августи соли 1991 коммунистон Қаҳҳор Маҳкамов - президенти ҷумҳурӣ, котиби якуми Ҳизби коммунистро ба хотири ҷонибдорӣ аз кудаточиёни ГКЧП зери фишори шадид қарор дода, ба истеъфо фиристоданд. Дуруст аст, ки дар озод гардидани Маҳкамов ҳамчунин баъзе сиёсатмадорон ва митингчиёни ҷонибдорони оппозитсия, ки дар назди бинои Шӯрои Олӣ ҷамъ шуда, истеъфои ӯро талаб мекарданд, нақш бозиданд, аммо инҳо бештар дар нақши декоратсия буданд. Фишорҳои оппозитсия замоне шиддат пайдо карданд, ки Аслонов аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷои ӯ Набиев интихоб шуд ва дар натиҷа, ба майдони мубориза Ҳизби расман эътирофнашудаи наҳзати исломӣ баромад.

Ба андешаи ман, аслан Маҳкамовро тобеони худаш ба истеъфо равон карданд, зеро ӯ эълон кард, ки аз вазифаи котиби якуми КМ ҲКТ меравад, моликияти Ҳизби коммунистро миллӣ мекунад, аммо дар вазифаи президенти Тоҷикистон мемонад. Ин амалҳои ӯро ҳамҳизбиҳои собиқаш хиёнат ҳисоб карда, маҷбур намуданд, ки истеъфо диҳад. Аслоновро барои он қурбон карданд, ки баъди қабули Эъломияи истиқлол фаъолияти Ҳизби коммунистро дар ҷумҳурӣ муваққатан манъ кард ва аз сафи он берун шуд. Икромов барои он зери фишор қарор гирифт, ки бо фармони худ 1 қатор биноҳо ва иншооти Ҳизби коммунистро ба ихтиёри шӯроҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супорид.

Елтсин VS КПСС

Албатта, дар мубориза алайҳи ин 3 нафар омилҳои дигаре аз қабили манофеи шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ низ истифода шуданд, аммо аксарияти порлумонро пушти по задани манофеи Ҳизби коммунист, ҳамаро алайҳи онҳо муттаҳид кард. Бидуни шак, роҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз такрори сарнавишти ҲКИШ дар ҷумҳурӣ нигарон буд, зеро 1 рӯз баъди шикасти ГКЧП дар Маскав, президент Борис Елтсин дар иҷлосияи Шӯрои олии Русия моликияти ҲКИШ-ро миллӣ эълон кард.

Ҳамчунин, бо фармони Елтсин дар давоми 1 -2 соат нерӯҳои интизомии Маскав тамоми кормандони дастгоҳи марказии ҲКИШ-ро аз дафтари он воқеъ дар “Старая плошад” ронданд ва дар натиҷа, яке аз бузургтарин ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон, ки дар муддати қариб 74 сол давлатро дар шашяки рӯи замин монополия карда буд, дар кӯча монд.

Коммунистони Тоҷик зидди Елтсин

Аммо дар пойтахти Тоҷикистон 23-юми август бо ташаббуси кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ба хотири пирӯзии нерӯҳои демократии Русия зери роҳбарии Елтсин митинги ҳамбастагӣ доир гардид. Дар Муроҷиатномае, ки дар ин гирдиҳамоӣ қабул шуда буд, зикр мегардид, ки ба туфайли қувваҳои демократӣ ва пеш аз ҳама: «Президенту Шӯрои Олии РСФСР кӯшишҳои ба таври зиддиконститутсионӣ тағйир додани системаи давлатдорӣ аз ҷониби ГКЧП пешгирӣ карда шуд!».

Дар баробари ин, дар Муроҷиатнома гуфта мешуд, ки муқобили гунаҳкоркунии содалавҳонаи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ мебароянд, зеро набояд кӯшишҳои 1 даста моҷароҷӯёни сиёсӣ ба гардани ҳизб бор карда шавад.

“Мо ҳама гуна талаботи манъ кардан ва миллӣ гардондани моликияти ҳизбро ғайриқонунӣ меҳисобем, зеро Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар асосҳои қонун амал мекунанд”, зикр мешуд дар он.

Латифӣ аз коммунисти асил то оппозитсионер

Аз редаксия: Воқеан ҳам яке аз фаолони ин митинг Отахон Латифӣ-журналисти саршиноси Тоҷик буд, ки дар тазоҳурот гуфт:                                        -Ман коммунистам ва билети ҳизибиям дар ҷайбам мебошад. Ва агар ман мурдам, маро бо билети партиявӣ гӯронед...

Маҳз ҳамин гуфтаи Латифӣ, дар тӯли чанд соли ҷанги гражданӣ шиори коммунистону сотсиализмпарастон гардид, ки мегуфтанд                                                 -Маро бо билети партиявиям гӯронед!!!                                                                                Ва ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ним сол ба баъд, рафиқ Латифӣ, шояд дар пасманзари ранҷиши ҳамшаҳрияш-Мақсуди Икром бошад, ки 180 дараҷа тағйир хӯрда, ба оппозитсияи исломӣ пайваст, узви фаоли оппозитсия дар гуфтушунуфтҳо гардид ва ахиран, баъди истиқрори Сулҳ, аз дасти ҳамин исломистон қатл шуд...

Елтсин КПСС-ро мебандад

Аммо Елтсин, ки ба шарофати ҲКИШ ба мансабҳои баланди давлатӣ расида буд, 2 рӯз баъд фармон дод, ки фаъолияти ҲКИШ дар қаламрави Русия муваққатан манъ карда шавад. Горбачёв ҳам эълон дошт, ки барои хиёнати ҲКИШ рӯзҳои 19-22-юми август аз сафи он хориҷ мешавад. Ӯ ҳамчунон даъват ба амал овард, ки роҳбарияти ҲКИШ қарори пароканда кардани ин ташкилоти сиёсиро бигирад. 29-уми август Шӯрои олии ИҶШС фаъолияти ҲКИШ-ро дар тамоми қаламрави СССР муваққатан манъ кард.

Аз ин рӯ, оппозитсия дар Тоҷикистон даъво мекард, ки ҲКТ  бахш ё  шохаи ҲКИШ аст ва бояд ин қарорро давлати Тоҷикистон ҳам тасдиқ кунад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика Ҳизби коммунистро ба дунболи шикасти ГКЧП ғайриқонунӣ эълон карданд. Дар баъзе ҷамоҳири дигар, аз ҷумла Узбекистону Туркманистон фақат номи онро иваз карданд.

ПКТ VSКПСС

Бидуни шак, рӯзҳои аввали баъди шикасти ГКЧП барои ҲКТоҷикистон (ПКТ) давраи мушкил буд, хоса, ки фармон дар бораи манъи фаъолият ва милликунонии моликияташ дар марказ эълон шуда буд. Аз ин рӯ, 4-уми сентябр пленуми КМ ҲКТ баргузор ва дар он расман эълон шуд, ки “ҲКТ ташкилоти мустақил буда, дар қаламрави ҷумҳурии мустақил фаъолият мекунад, дар мақомоти адлия сабти ном гардида, Оиннома ва Барномаи худро дорад”.

Пленум ҳамчунон эълон кард, ки ПКТ аз ҳама сохторҳои КПСС мебарояд ва тамоми намояндагони худро аз Кумитаи Марказии КПСС, ки аз ҷониби ҲКТ интихоб шудаанд, боз мехонад.

16-уми сентябр КМ ҲКТ масъалаи истифодаи 1 қатор биноҳо ва иншооти худро, ки дар натиҷаи ихтисор гардидани кормандони дастгоҳҳои ҳизбӣ бояд холӣ мемонданд, баррасӣ ва қарор кард, ки баъзе аз онҳоро ба ҳукумат барои хидматрасонии мардум вогузорад. Аз ҷумла, бинои КМ ҲКТ-ро ба Девони вазирон, бинои курсҳои омӯзишӣ барои кормандони ҳизбиву шӯравиро ба Институти омӯзгории шаҳри Душанбе, бинои кумитаи ҳизбии ноҳияи Марказиро ба Маркази эстетикии кӯдакон ва комиҷроияи ноҳияи мазкур, бинои кумитаи ҳизбии шаҳри Хуҷандро ба Донишкадаи омӯзгорӣ, бинои кумитаҳои ҳизбии Файзобод, Орҷоникидзеобод, Турсунзода, Ёвон, Фрунзе ва Октябри шаҳри Душанберо ба шӯроҳои вакилони халқии шаҳру ноҳияҳои мазкур медиҳад.

21-уми сентябр дар Кохи ЭКОМПТ-и Душанбе, ки моликияти ҲКТ буд, даври дуюми анҷумани ин ҳизб доир шуд. Дар он ба ҷои Маҳкамов Шодӣ Шабдоловро котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб карданд. Аммо ҷонибдорони мухолифин дар назди Театри Лоҳутӣ ҷамъ шуда, номаи эътирозӣ ба анҷуман фиристода, талаб карданд, ки Анҷуман пароканда шавад. Бо дарназардошти вазъияти мавҷуда коммунистон тасмим гирифтанд, ки Анҷуманро ба ҷои 2 дар 1  рӯз тамом кунанд...

Тафтиши моликияти ПКТ

Моҳи декабри с.1991 витсе-президент Назрулло Дӯстов ва раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев амр карданд, ки амвол ва пулҳои Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар давраи январ-ноябри соли 1991 тафтиш карда шавад. Дар гузорише, ки 19-уми декабр ба унвони Кенҷаев ҳайати комиссия тайёр карданд, зикр мешавад, ки роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон-ПКТ “вақтҳои охир муттасил ба парешон намудани маблағ ва фурӯхтани амволи ташкилоти партиявии ҷумҳурӣ” машғул будааст.

Комиссияи тафтишотӣ ба фаъолияти иттиҳодияи тиҷоративу истеҳсолии “ЭКОМПТ”, ки тибқи Оиннома онро кумиҷроияи н.Октябр бо қарори №256 аз 22.02.1991 тасдиқ кардааст, муассисаи Мудирияти коргузории КМ ҲКТ аст, таваҷҷӯҳ мекунад. Хабарнигори ҳафтаномаи “Чароғи рӯз” Абдуқаюми Қаюмзод тобистони соли 1992 менависад, ки «ЭКОМПТ» фарзанди Ҳизби коммунист буда, дар ибтидо, яъне замони таъсисаш иттиҳодияи тиҷоративу истеҳсолии «ЭКОМПТ» (Экономика Коммунистической Партии Таджикистана) ном дошт, аммо баъдтар ба худ номи «Экономика. Производство. Технология»-ро гирифт.

Нуралӣ Давлатов

журналист ва таърихнигор

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter