ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Дубай рав!

  • Чоршанбе, Окт 12 2022

 

24.09.2022. Соат бо вақти Душанбе 20:00 дақиқа. Бо супориши редаксия билети парвози рафтуомад ва раводиди Аморати Муттаҳидаи Араб дар даст озими ш.Дубай мешавам. Ҳавопаймои нави «Боинг-737-800»-и ба номи Мирзо Турсунзодаи ширкати «Сомон эйр» тибқи нақша соати 20:00 дақиқа парвоз намуда, пас аз 3 соату 30 дақиқаи расо моро ба ш.Дубай, калонтарин шаҳри Аморат ва агар гӯем Осиё хато нест, бурда расонид.  

Бори нахуст ба Аморати Муттаҳидаи Араб 6 сол пеш сафар карда будам. Дубай воқеан ҳам 1 шаҳри бузурги тиҷоративу тафреҳӣ буда, агар гӯям, ки он барои пулдорону сароватманон аст, дуруғ намешавад. Зиндагӣ дар ҳақиқат дар Аморат гарон аст. Новобаста аз он, ки қурби асъори асосии ҷаҳонӣ-доллари амрикоӣ баланду паст мешавад ё не, қурби дирҳами Аморат ҳамеша устувор аст. Дар бораи ш.Дубай, таърихи он, чи гуна дар биёбон бунёди ҳамчунин 1 шаҳри пешрафтаву модерн хеле зиёд гуфтану навиштан мумкин аст, зеро Бурҷи Халифу Палм Ҷумейраву меҳмонхонаи Алтантик худ аҷоиботи 1 оламанд. Вале ман тасмим гирифтам дар бораи чанд ҳолате, ки бештар дар ин сафар писандам омад ё ғамгинам кард, бинвисам. Мо метавонем!

 

Ҳоҷиҳо ва ҳаҷҷи умра

Мусофирони бештари ҳавопаймои масири Душанбе-Дубай-Душанбе асосан ҳоҷиҳо буданд. Ҳоҷиҳое, ки ба адо намудани маросими ҳаҷҷи умра мерафтанд. Дар байнашон ҳатман 1 нафар роҳбалад ҳам доштанд. Дар байни онҳо ман журналисти шинохта, корманди собиқи газетаи СССР, бону Гули Зардро низ дидам, вале фурсат нашуд наздиктар рафта, саломуалейк намоям-роҳбаладони ҳавопаймо намегузоштанд, ки мусофирон дар дохили салон аз ҳад беш гаштугузор кунанд. Ва дуруст ҳам мекарданд. Зеро ҳоҷиёни оянда зимни парвоз хеле рафтанду омаданд, бору бағоч кушоданд, ҳар касе термоси чою хӯроки худро дошт. Бархе хостанд дар дохили ҳавопаймо таҳорат низ кунанду намоз низ гузоранд, вале маълум аст, ки анҷом додани ин кор дар ҳавопаймо каме хатарзост. Зимнан роҳбаладонро лозим аст, ки пеш аз парвоз ба ҳоҷиён дар ин бора бештар маълумот бидиҳанд.

29.10.2022. Пештоз мегӯям, дар парвози баргашт низ, сафи ҳоҷиёни нави тоҷик афзудаву боз нофаҳмӣ байни онҳову роҳбаладон пеш омад, ки сабаби аксарияти конфликтҳо  надоштани маълумоти кофӣ аз тарафи ҳоҷиён буд. Ба ҳар ҳол, шукр, ки Арабистони Саудӣ пас аз 2 соли короноӣ дари Маккаву Мадинаро ба рӯи ҳоҷиёни олам, аз ҷумла тоҷикон боз карду ҳоло мардум бо сарфи 25 ҳазор сомонӣ (ки бо ин ҳама пул метавон захираи 2 солаи 1 оилаи калонро омода кард), метавонанд ҳаҷҷи умраро анҷом дода, соҳиби часпаки «ҳоҷӣ» ба номашон гарданд.

 

Ботекс-муаррифгари духтари тоҷик?

Ба ғайр аз ҳоҷиёни оянда, таваҷҷӯҳи маро бештар ба худ чанд духтари тоҷик ҷалб намуд, ки танҳо сафар дошта, хеле орову торо ҳам карда буданд. Лабҳои ғафси ботексзада, абрӯвони рангкардаи рост, зарузевари калону овезон, сарулибоси зарҳалӣ ва арӯсӣ ба тан, духтарони тоҷик ба Дубай роҳ пеш гирифта буданд.

Баъдан дӯстон бароям дар Дубай гуфтанд, ки ҳар гоҳе духтареро бо лабҳои ғафс, абрӯвони кашидаи рост, мижгонҳои дароз ва зарузевари зиёд мебинӣ, ҳатман тоҷик аст! Яъне, ботекс имрӯз муаррифгари зану духтари тоҷик шудааст. Коре, ки дар Аморот ҳатто занҳои шайхони араб намекунанд, духтарони тоҷик мекунанд!

Воқеан ҳам духтарони тоҷикро бо ботекс шинохтан хеле осон будааст, дар ҳар тарабхонае духтари аз ҳад беш лабғафсу абрӯкашидаро дидед, ҳатман ӯ ҳамшаҳрии мост. Ва мутаассуф, чунинҳо ин ҷо кам нестанд...

 

«Барои нон, барои кӯдакон!»…

Чанд шом баъд бо даъвати дӯстон барои хӯроки шом ба тарабхонаи «Сити кинг» рафтем, ки ошёнаи 2-юмаш клуби шабона буду онҷо мардум ҷамъ шуда, бо ҳам мерақсиданд. Маҳз дар чунин клубҳои шабона духтарони тоҷик меҳмони ҳамешагианд.

Дар аксари тарабхонаҳои Дубай машрубот намефурӯшанд ва мардум-афғонҳо, ҳиндуҳо, зангиҳои каме пулдор бештар барои кашидани қалён, вақтхушӣ, гӯш кардани мусиқӣ меоянд. Ва ҳатман ҳадафи асосӣ пайдо кардани ҳамроҳ барои 1 шаб аст. Хеле афсӯс, ки чунин клубҳо ҷои ҳамешагии духтарони тоҷик гаштааст. Дӯстонам мегӯянд, ки гоҳо бо 100 дирҳам, ҳудудан 270-280 сомонӣ духтарони тоҷикро арабу ҳиндуву афғону зангӣ киро карда, пасон чи ахмақиҳое бо онҳо намекунанд - бурда дар биёбон мепартоянд, муйҳояшонро қайчӣ мезананд, 2-3 рӯз дар хона чун саги даҳмарда баста нигоҳ медоранд. Аммо ин амалҳои нопок ба духтарони танфурӯши тоҷик дарси ибрат намешавад, «барои нон, барои кӯдакон»-гуфта ҳар гуна аҳмақиро ба худ раво мебинанд, ки гуфти Бобои Ғулом «рӯшона ба куни дег сиёҳ кардаанд!»...

 

Коронавирус, ПЦР ва мо

    Тибқи талабот пеш аз сафар ман аз ташхиси коронавирус гузашта, санади лозимиро бо забони англисӣ ҳам ба даст гирифтам. Онро дар гузаргоҳи сарҳадии фурудгоҳи Дубай дар баробари раводид диданд ва акс ҳам гирифтанд.

Муҳаммад Ибн Рашид Ал Мақтум, амири Дубай шоми рӯзи 26.09.2022 ба воситаи матбуот баромад намуда, баъзе ҳолатҳоро дар бахши риояи талаботи беҳдоштӣ аз байн барошт ва сабукӣ ба мардум дод. Аз он ҷумла истифодаи ниқобҳои тиббӣ аз байн бардошта шуду мардуми Дубай нафаси тоза кашиданд. Мо низ субҳи 29.09.2022 хушҳол ба фурудгоҳ омадем, аммо тарбуз аз бағаламон афтод. Бидуни доштани санади ПЦР, яъне тоза будани озмоиши короноӣ, касе намехост на чиптаро ба қайд бигираду на бағочро. Бо таъкид мегуфтанд, ки ин талаботи кишвари шумост, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Маҷбур шудем, ки дар терминали №2-и фурудгоҳ тести короноӣ, ки 150 дирҳам қимат дошт, супорем. 150 дирҳам ҳудудан 400 сомонист ва тести мусбат дар муддати 10 дақиқа тайёр шуд. Танҳо пас аз ин моро ба ҳавопаймо роҳ доданд, лек хеле дарднок он аст, ки масъулони Маркази санитарию эпидемиологӣ зимни фуруд дар фурудгоҳи пойтахт ба он на нигоҳ карданду на пурсиданд, гӯиё ин вирус дигар ба кишвари мо намеомада бошад…

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Душанбе-Дубай-Душанбе

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter