Ҳушам на муноқишону хешон бурданд,
К-ин каҷкулаҳони мӯпарешон бурданд!
Мардум гӯяд: чӣ дил бад-эшон додӣ?
Валлоҳ, ки ман надодам, эшон бурданд!!!
Дарёфти номи муаллиф ба таври автоматӣ ба озмуни китоби мо рафт. Ёбед ва китоб гиред. Мо Метавонем!!!
Дар таърихи адабу фарҳанг ва достонсароии мо бисёр шуда, ки шоҳону вузаро, ашрофу кибриё ва удабову уламо ба лӯлиҳо дил мебохтанд. Намунаи беҳтаринаш ишқи лӯлидухтари маъруфи кашмирӣ ба шоир Фонист, ки ҷӯгӣ аз ишқи шоҳи даврон Зафархон сар печида, ҳарамсаройро дар ғафлат монда, ҳамроҳи шоир фирор мекунад. Бар таҳдидҳои шоҳи дилшикаста бошад, Фонӣ бо тамасхӯр менависад:
Гӯ: Зафархон, об шав, имшаб, ки Фонӣ ин ғазал,
Дар Аллаҳобод пеши қадрдоне гуфтааст!!!
Хуб, ин ҳамаро хондаву медонем, ки такрори сартосарияш пӯкигарист. Вале маро дар ҳамин шабу рӯз Ишқи Пок ва Ишқи Осмонии 1 марди тоҷик бар лӯлӣ, ҷӯгӣ, сиганка, касе тавре хоҳад ном барад, такон дод. Ва ин ишқ то ҳадде бузургу васеъ аст, ки ин Тоҷик то ҳанӯз бо ифтихор худро ҶӮГӢ мегӯяд. Хотиррас мешавам, ин мард қиссаашро ба ман гуфту намедонист, ки ман онро ҳатман менависам ва маълуму маъруфи оламаш мекунам. Зеро тавре 1 бузургвор гуфтааст:
-Бо журналист гӯшакӣ кардан, дар назди микрофон сухан гуфтан аст! Мо Метавонем!
Ин аксро дидӣ хонанда? Акси №1. Шинохтиш? Ту донӣ Худо Хема Малинӣ нест? Ҳаст! Вале наёфтӣ! Ин гулдухтари ҷӯгӣ Суман Саид ном доштаву аз ҷӯгиҳои н.Восеъ мебошад. Ҳу, аз ҳамон деҳае, ки СССР чанд гузориш 2 сол пеш омода кардаат буд.
Ин бону ба таҳқиқ ба Хема Малинии маъруфу машҳур монанд аст. 1 себи 2 кафон. Шояд аз ин сабаб, ки этнографҳо, таърихнигорон ва чеҳрашиносон бар ақидаанд, ки ҷӯгиҳои тоҷик 2-3000 сол пеш аз Ҳинд ба Осиёи Миёна омадаанд! Ва ин аст, ки гоҳ-гаҳе чеҳраҳои воқеии қавми лӯлӣ ва халқи ҳинду монанд мешаванд.
Хулласи калом, соли 1982, расо 40 сол пеш, Суман Саид маҷбур шуд, каҷкули гадоиро 1 сӯ гузошта, озими беморхона гардад. Ӯро бояд оҷилан ҷарроҳӣ мекарданд. Пизишкаш Саъдулло Икромов ном духтури ҷавон, вале хеле номии беморхонаи вилояти Кӯлоб таъин гардид. Саъдулло бо завҷааш, ки низ духтур буду бо ҳам Институти тибии ба номи А.Синоро хатм кардаанд, дар ҳамин беморхона кор мекард. Духтури ҷавон, ки соҳиби оилаи обод ва 2 тифли нозанин буд, баробари ба утоқи бемор даромадан, 1 воҳ гуфту дар ҷояш шах шуд:
-Пешаш Хема Малинии зинда, бо либоси сапеди ҳарир, рӯи кати беморхона бе ҳолу бе мадор мехобид!
Садои воҳи духтур духтарро бедор кард. Ӯ 1 ба доктор нигариста, нимхез шуду бе ҳолу мадор ба бистар афтод...
Оре, хонандаи гиромӣ! 1 тири ишқ дар они воҳид синаи 2 танро шикофт!!!
Дигар ҳамааш чун дар киноҳои ҳиндӣ шуд. Саъдулло он қадар мафтуну мадҳуши Суман гардид, ки на сар аз по мешинохту на тан аз пову сар. Шабу рӯз пеши кати Суманаш чашм бар рӯи ӯ менишаст. Суман бо табассуму нозу истиғнои лӯлиёна дилашро лабрезтар аз ишқ мекард. Кор то ҷое расид, ки зани ҷавони духтур аз моҷаро огаҳ шудаву ултимотум гузошт:
-Ё ман, ё ҷӯгии бадбӯят!!!
Вале барои Саъдулло беҳтарин бӯй, хуштарин бӯй, хубтарин бӯй, бӯйи Суманаш будӣ!!!
Занаш фарзандонро гирифту баромада рафт. Дақиқтараш Саъдулло баромада аз хона бар кунҷи кати бемораи дилаш маскан гӯзид... Ва биё ӯро маломат накун, хонанда, ки гуфтаанд:
Ту чӣ донӣ, ки чист лаззати Ишқ,
То бар ту ногаҳон фурӯ н-ояд?!
(Муаллифро ёбед ва китоб баред!)
Овозаи Ишқи Поки Тоҷики ояндадор ва духтури номдортарини ш. Кӯлоб бар гӯши қавми ҷӯгӣ расид. Полвон ном ҷӯгӣ, ки сарвари қабилаи лӯлиҳои маҳаллист (вожд табора), аз моҷаро дарак ёфта, бо духтур ва духтар во хӯрд. Духтуру духтар дар оғӯши ҳамдигар бо гиряи шашқатор гуфтанд, ки танҳо марг онҳоро аз ҳам ҷудо карда метавонаду бас!!!
Полвон-он пири маккор, он ҷӯгии рӯзгордида, он лӯлии лӯлиёнро ҳатто чашмбаста, дид, ки намешавад, ризояташро дод, ки ҷӯгиву Тоҷик ақди никоҳ бубанданд ва Саъдулло тайёриашро бинад, пагоҳ хостгорӣ мераванд...
Саъдулло Икромов пару бол бароварда, барои нахустин бор аз бари маъшуқааш хеста, хона омад. Субҳи дигар чун ба беморхона расид, оҷилан сӯи палатаи маҳбубааш шитофт, вале Суманаш он ҷо набуд...
Худро ба деҳаи ҷӯгиёни н. Восеъ, кӯи Лайлияш расонид. Ва эй кош, ки то ин макон расидан дар роҳ садама мекарду ҷон ба ҷонофарин меспурд. Зеро...
Маълум шуд, ки Суманро ҷӯгиҳо шабона аз беморхона дуздида, оварда, оҷилан ба 1 ҷӯгие издивоҷ карданӣ шудаанд. Сумани Саид гиряҳои зору бешумор мекард, вале магар қавми лӯлӣ раҳму шафқатро медонад? Суман дид, ки намешавад, иҷозат пурсид, қабл аз ҳамхобагӣ бо ин деви сияҳ, ҷӯгии бӯйин, ки баъди Саъдуллои нозанинаш, бадафту баднамуду бадбуйтар менамуд, ақаллан рафта ҳаммом қабул кунад...
...Моҷарои Робиаи Балхӣ пеши фоҷеаи Сумани Саиди ошиқ ҳеҷ аст! Суман ягона роҳи раҳоӣ аз вартаро ёфт: кунҷе чалаки солярка меистод. Тамомии сӯзишвориро бар баданаш молид, ки то ҳатто 1 пора гӯшташ насиби ин қавми бадкеш нашавад, то дасти номаҳрами шавҳари зӯракияш ҳатто бар гӯшту пӯсташ нарасад, то фардо рӯзи қиёмат пеши Саъдуллои нозанини нозвардораш, поку беолоиш пайдо шавад ва...худро оташ зад...
...Саъдулло Икромови солхӯрда, 40 сол аст, ҳар ҷӯгиеро мебинад, дар дилхоҳ гӯшаву канори олам, пешаш соатҳо мешинад, ҳолу аҳволпурсӣ мекунад ва ҳатман аз Суманаш суол мекунад, ки ӯро мешиносанд ё на? 40- сол шуд ӯ худро ҷӯгӣ ҳукм кардааст. Ба хотири миллатситезӣ не, ба хотири Ишқи Поки Сумани лӯлияш. Дар куҷое ҷӯгиеро касе зад, ҳақорат кард, мазаммат намуд, таҳқир сохт, ҳатман пеши он ҷӯгӣ нишаста, ҷои гунаҳкорон узру пӯзиш металабад...ва мепурсад «Суманро мешинохтӣ?»...Ҳатто қалам ба даст гирифта, ба ҷанг бар зидди газетаи дӯстдоштааш-СССР баромад, то аз ҷӯгӣ, аз авлоди маъшуқаи нокомаш пуштибонӣ кунад!
Ростӣ, 1-ум бор аст, ки ҳини навишти матлабе ашк гулӯгирам мекунад. Дигар наметавонам. Бассс!!!
Танҳо мехоҳам дар охир ин Маҷнуни Сонӣ, ин Ромео, ин Фарҳоди Кӯҳканро муаррифӣ кунам. Инак, шинос шавед:
Саиди Тармаи «ҷӯгӣ»...
Ӯ ҳатто насаби маҳбубааш Сумани Саидро, ки ӯро ҳатман дар дунёи авлавӣ интизор аст, бар худ баргузидааст...
Эй Худо ин 2 дилдодаро дар рӯзи ҳашр ба васлат бирасон. Омин ё раббулоламин!!!