ХАБАРИ ДОҒ

Фикри нафақахӯронро кӣ мекунад?

  • Чоршанбе, Окт 19 2022

 

Ҳоҷӣ Нуров, хонандаи ҳамешагии СССР, сокини х.С.Шерозии ш. Душанбе ба идора занг зада (2365820), ба раҳбарияти Шабакаҳои барқи ш.Душанбе пешниҳод намуд, ки ба нафақахӯрону солхӯрдагоне, ки телефони мобилӣ надоранд, бо тилфони хонагӣ занг зада, аз қатъу васл шудани қувваи барқ хабар диҳад.

   - Пеш аз қатъ шудани барқ ба телефонҳои мобилӣ СМС-паёмак меояд, ки сари вақт маблағи барқро пардохт кунед. Ин хуб аст, лекин аксарият сокинони солхӯрда телефони мобилӣ надоранд, пас онҳо аз куҷо хабардор мешаванд, ки маблағ чӣ қадар шудаасту кай бояд пардохт кард? Бигузор кормандони шабакаҳои барқи ш. Душанбе ба сокиноне, ки телефони мобилӣ надоранд, ба телефони хонагӣ занг зада, огаҳ кунанд, ки кай ва кадом соат қувваи барқ қатъ мешавад. Махсус ман шахси бемор, раваду дар нисфи шаб саломатии ман бад гардаду ҳамзамон барқ қатъ шавад, ман чӣ кор бояд кунам?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter