ХАБАРИ ДОҒ

 

 Сайдалӣ Шерхонов, хонанда ва мухлиси доими СССР аз н. Восеъ ба редаксия СССР занг зада (тел: 98515103), шикоят аз судиҷрочӣ ва собиқ ҳамсараш кард.

   - Аз нофаҳмии зиндагӣ бо ҳамсарам тариқи суд ҷудо шудем. Бо ҳам 1 фарзанд дорем. Суд бо тариқи ҳиссагӣ аз ман алимент муайян кард. Аз соли 2019 ин тараф алимент месупорам, вале маро ҳамсарам аз дидани фарзандам маҳрум кардааст. Гап сари он меравад, ки дар ҳалномаи суд омада шудааст, ки ман ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳуқуқи дидани ӯро дорам. Чанд маротиба ба суди ноҳия муроҷиат намудам, ки ҳуқуқҳои маро поймол насозанд. Аҷибӣ дар он аст, ки агар гоҳо алиментро дертар пардохт кунам, ҳамон лаҳза судиҷрочии ноҳия занг зада ҷанҷол мекунад, аммо дар ҳолати ман хомӯш аст…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter