31 сол, идеяҳои рушди саноат, туризм, кишоварзӣ, малахкушӣ, кирмакпарварӣ, сайёҳӣ, спорт, футбол доштем? Доштем! Акнун Идеяи Рушди Миллат лозим аст!!!
Ремарк: боре дӯстам, Тоҷиддин Пиров-бонкири маъруфу машҳур, қисса кард, ки аз писарам дархост кардам, то пепсиву кола камтар нӯшад, ки ба саломатиаш зиён дорад. Писари кӯчакам бо табассум гуфт:
-Падарҷон! Инҳо ба мо зиён намерасонанд, зеро мо «Поколение Пепси»-ем, вале ба шумо зарар доранд, чунки шумо «Поколоение Чойи Кабуд» мебошед...
Акуна Матата
Раҳими Ашроф, хабарнигори СССР ва дӯсти ман, ки Ғурури баланди миллӣ дораду ҳатто барои ҳифзи Номуси Миллӣ дар Армияи Советӣ (АС) чанд русу қафқозиро зада, маъюб кардаву худ равонаи зиндон-ДисБат ҳам шуда буд (ман шоҳиди он қазияам!), дирӯз дар Қайроққуми Суғд шиква кард, ки «Писарам ба ман мегӯяд, дадо, Шумо Миллат, миллат гуфта мегардеду ман ҷои кор намеёбам…»
Иддаои аҷиб. Посухи Раҳим ба фарзандаш ин шуд, ки «при чем тут Миллат?» ва ғ. ва ҳ.
Сабаби навишти ин рубрика низ маҳз ана ҳамин баҳси наслҳост:
Акуна Матата ё худ Hakuna Matata (холабеғамӣ).
Шумо 1 ҷавонро дучор омадаед, ки мисли насли миёна ва калонсол дар бораи Миллат фикр ҳам не, ҳарфе мусбӣ зада бошад? Шахсан ман надидаам. Намегӯям нестанд. Вале ман надидаам. Барои насли «Чойи Кабуд»-и ману мо Миллат муқаддас буд. Шояд барои он ки дар импературии шӯравӣ ба сар мебурдему дар Душанбе 72 миллат мезисту бояд фарҳангу тамаддуни Тоҷикиро ҳифз ва муаррифӣ мекардем? Шояд!
Ҳамон Раҳими Ашроф низ дар Армия маҳз ба ҳамин хотир ҷабри 3 соли маҳбасро бо 2 соли аскарӣ замм кардаву кашид, вале Фахр аз Миллатро раҳо накард. Раҳимҳо зиёд буданд дар даврони мо. Ҳамин Раҳимҳо буданд, ки қаблан дар ҷанги граждании соли 1920-30 ва сипас ҶБВ ҷавонмардии Тоҷикро собит сохтанд ва аз Тоҷик дар ҳама ҷангу набардҳои шӯравӣ, сар аз Кубаву Вйетнам то Анголаву Афғонистон, ки АС дар тамоми қораҳо зидди НАТО меҷангиду аз давлатчаҳои хурду бечораи мусалмонии арабу афғону ҳинду корес... пуштибонӣ мекард, имиҷи Миллати Ғурурманд метарошиданд.
Уруспараст будем-арабпараст шудем!
Имрӯз насли ҷавони Пепси-Колаи Тоҷик шарафи худро зери пои дилхоҳ русу араб партофтааст! Уруспарастии мо ҳамто-аналог надорад. Имрӯз дар кадом маҳфили элита нашинӣ, ҳатман аз Русия чун аз қиблаи мақсуд ҳарф мезананд. Аксарияти насли Флэшмобу Фейсу ОК…орзуи зудтар ба даст овардани паспорти русиро доранд. Кор то ҷоест, ки ҳатто кормандони консулгариву сафоратхонаи ин кишварро ришвахор кардаанд. Албатта, на ҳамаро дар назар дорам, вале факт аст, ки бархе тавассути ришваву пора соҳиби штампи «Вид на жительство» мешаванд. Куҷо равонаед, мардум? Ба ғуломии ихтиёрӣ? Гумон доред, ки бо паспорти русиявӣ имтиёз меёбед? Ҳаргиз! Имиҷи миллатро Раҳимвор ҳифз кунед ва бинед, ки паспорти Тоҷикӣ ба шумо кадом имтиёзҳоро хоҳад дод. Фардо, Худое накарда, ҷанг шавад, чун гӯшти қассобӣ-пушечное мясо, шуморо ба ҷанг мепартоянд! Ман медонам чӣ мегӯям. Мо Метавонем!
Русияпарастӣ 1 дарди ба хайр аст, дар баробари арабпарастии насли «Мини-юбкаи мардонапӯшу Ришпараст»-и ҷавон. Насли Фейсу ОК ва ҷонамозу риш дар таҳқири миллати хеш чунон бебозгашт фурӯ рафтаанд, ки падару модари худро кофару габр баровардаву баробари шунидани ҳарфи арабӣ омодаанд, волидайни худро қатл кунанд! Кистанд инҳо? Фарзандони мо!...
Замоне насли «Чойи Кабуд»-и моро ояндаи миллат мегуфтанд ва бо он миллатпарастие, ки мо чунинҳоро тарбият кардаем (сареҳатан раҳо кардаем), вой бар ояндаи ин миллат. Акнун тасаввур кун, хонанда, аз насли Пепсиву Кола чунин модарбезорон зода шуда бошанд, пас «поколение ОК, Фейс, Флэшмобу Ришу Ҷонамоз» 20-30 сол ба баъд киҳоро хоҳанд зод?
Идеяи рушди Миллат лозим!!!
Тасаввур кардан даҳшатангез аст. Аммо ба назар мерасад, дастгоҳи идеологии мо, ки барномаи рушди Миллӣ надорад, парвои моҷаро низ надорад. Ҳукумате, ки дар таркибаш модарбезору миллатқимоб мепарастад, дармондааст, касал аст, бемор аст. Ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, садди ин вирус бояд шуд!
Ин ҳам дарди бахайр аст. Зеро ин валадулмиллалзиноҳоро мо бо чашм дидаву бо ақл мешносем. Аммо моро чӣ бало расида, ки дар дилхоҳ фурсат, ҳини ранҷиш ё нобарории кор…аз Миллат домангир мешавем?
31 сол, идеяҳои рушди саноат, туризм, кишоварзӣ, малахкушӣ, кирмакпарварӣ, сайёҳӣ, спорт, футбол доштем? Доштем! Акнун Идеяи Рушди Миллат лозим аст!!!
Миллат ҳукумат нест, эй мардум! Ҳукумат метавонад шиканад, ҳабс кунад, андоз бандад, бе вазифа гузорад, бе кор монад. Аммо ба таъбири Раҳимҷон «при чем тут миллат!»? Миллат, Ватан, Модарро интихоб намекунанд. Бо Миллат, Ватан, Модар бояд 1 кор кард:
-ФАХР…
Аз нобарорӣ, бекорӣ, мушкилӣ…набояд рӯҳафтода шуд. Тем более, ин ҳамаро набояд бо Миллат омехт. Ислоҳ бояд кард вазъро, талош бояд кард, ки ин ҳама мушкилот рафъ гардад. Кӣ мекунад ин корро? Ман, ту, вай, Мо! Мо кистем? Мо Миллатем! Миллате, ки ба мо ҳусни зеботарин дар қораи осиёро додааст, магар меарзад аз он нолем? Шумо ба атрофи худ назар дӯзед. Дӯхтед? Ана ҳамин ҳамсояҳои дуру наздики чаштангу бӯини қирғизак, ки дорему дидан баробар гиребон гирифтаву астағфируллоҳ гуфтем(д), ҳатто бо Миллати худ Фахр доранд. Онҳо Миллатҳояшонро пешбар, пешгом, пештоз кардаанд. Вале ҳаргиз намегӯянд, «Э. монед Миллат-Миллат гуфтанҳоро…».
Зинда бод Миллати Тоҷик! Мо Метавонем!!!
М.Мубориз, махсус барои СССР
28.09.2015.
PS: Оре, ин матлаб аз архив буд, замоне навишта шуд, ки Раҳими Ашроф, Одинашо Муродов, Меҳрубон Салимшоев, Аслиддин Достиев-нозанинҳои миллатпарвардаи СССР зинда буданду сари кор. Вале магар чизе тағйир ёфтааст, дар тӯли 7 соли ахир? Ақаллан дар зеҳни ману ту, хонандаи ин сутур??? Суол риторикист, албатта...