ХАБАРИ ДОҒ

Дезертирҳои рус дар бораи Тоҷикистон: «Интернети суст ва мардуми меҳмоннавоз»

  • Чоршанбе, Окт 19 2022

 21.09.2022. Пас аз эълон шудани мобилизатсия дар Федератсия Руссия, аз рӯи омори матбуоти рус, дар 10 рӯзи пас аз эълон шудани мобилизатсия, наздики 200 ҳазор нафар шаҳрвандони ФР ба Тоҷикистон гурехта, аксарият ин кишварро ҳамчун пули транзитӣ ба Узбекистону Ҳиндустон истифода мебаранд. Дар ҷамъ, тибқи омори расмӣ, дар 10 рӯзи аввали октбяр беш аз 1 млн рус аз ФР гурехтааст...

Воқеан ҳам 2 ҳафтаи ахир теъдоди шаҳрвандони рус, ки бо аҳли оилаашон омадаанд, на танҳо дар ш.Душанбе, балки дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Бохтари Шаҳритусу Ҳисор низ хеле зиёд шуд. Бо омадани русҳо нархи меҳмонхонаву осоишгоҳҳо ва хонаҳои иҷораву кироя гарон шуда, дар банкоматҳо  пули нақд хеле зуд ба охир мерасид. Русҳо то тавонистанд корти бонкҳои тоҷикиро боз намуда, пулҳои худро аз сурат-ҳисоби бонкҳои русӣ ба кортҳои тоҷикӣ интиқол доданд.

Чаро русҳо маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб карданд? Чӣ чиз барои онҳо дар кишвари мо писанд омад ё баръакс? Назари онҳо вобаста ба мобилизатсия чист ва оё онҳо худро фирорӣ-дезертир эҳсос мекунанд ё не? Ин буд чанд суоле, ки хабарнигорони мо дар кӯчаҳои пойтахт ба онҳо доданд.

 

Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад?

05.10.2022. Соат ба вақти Душанбе 14:25 дақиқа.  Сараввал мо ба назди меҳмонхонаи “Ватан”, воқеъ дар к. Ш. Ҳусейнзода омада, матлабамонро ба кормандони меҳмонхона баён доштем. Маъмури меҳмонхона, 1 зани бисёр хушмуомила моро хуш қабул намуда, иброз дошт, дар ҳақиқат 1 ҳафта пеш аз давлати Русия меҳмонони зиёде омадаанд.

   - Ҳатто, аз сабаби камии ҷойи хоб 1 қисми онҳоро ба хонаҳоямон бурдем, обу иззат кардем, бо ҷойи хоб таъмин намудем. Бовар кунед, 3 – 4  нафарашон дар хона ҷой нашуданд ва онҳоро дар ошхонаамон хобондем. Ҳамин хел 2 шабро дар хонаи мо рӯз карданд ва бо ҳамин,  намедонам чаро, бору бандашонро ғун дошта рафтанд-гуфт зани маъмур.

Дар назди меҳмонхонаи “Душанбе” бо Александри 47 сола, зода ва истиқоматкунандаи ш.Уляновск ҳамсӯҳбат шудем.

   - Мо 3 нафар аз Русия тавассути тайёра ба Кӯлоб ва аз фурудгоҳи ш.Кӯлоб ба воситаи сабукрав то ба шаҳри Душанбе  омадем. Аз фурудгоҳи  ш.Кӯлоб то Душанбе аз 3 нафари мо 1.200 сомонӣ гирифтанд. Аз ҳар кадомамон 400 сомонӣ, иброз дошт Александр.

Э, Офарин таксистҳои кӯлобӣ! Гургро дар обмурӣ  қапидед- дия.

    Антон, ки дар паҳлӯи Александр менишаст, низ зодаи Уляновск буда,  37 сола мебошад. Аз Тоҷикистон пурсонаш шудем. Ӯ гуфт:

    - Ман бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадам. Дар бораи Душанбе шунида будам, вале акнун Душанберо бо чашми сар дидам. Чи хел зебою ороста, гулгашту хиёбонҳои дилкашу дилрабо. Махсусан, шабонгоҳ фаввораҳо бо 100 ранг ҷило медиҳанд. Биноҳои осмонбус, ки бо тарҳу намои шарқиёна бунёд ёфтаанд, ҳусни шаҳрро чи қадар зебо гардонидаанд. Муомилаю муносибати мардумаш чӣ қадар самимист, ки кас аз сӯҳбаташон дил канда наметавонад. Агар ба худ ягон ҷойи кори муносиб пайдо кунам, дилам мехоҳад ҳаминҷо бимонам, илова намуд Антон.

 

Ба ҷанги Укроин намеравам!

Сӯҳбати мо бо Александр дар бораи сабабҳои омаданашон ба Тоҷикистон сурат гирифт. Ва ба ӯ суол кардем, ки аксар мардум шуморо дезертир мегуянд, назари шумо ба ин гуфтаҳо чист?

 -  Ҳар кас ҳар хел ақида ва фаҳмиш дорад. Масалан, ман ба он роҳе, ки Путин рафта истодааст, рафтан намехоҳам ва зидди ақидаҳои ӯ мебошам. Ман Ватанамро  дӯст медорам ва онро намепартоям. Агар касе ба хоки ватани ман ҳуҷум кунад, омодаам ба муҳофизати халқу миллатам бархезам. Вале ман ҳеҷ вақт барои куштани халқи Украина ба даст яроқ намегирам. Бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадаам. Боду ҳавояш, зебоию тараққиёташ, аз ҳама хуб мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавозаш. Вале масъалаи ҷойи кори хуб ёфтан  барои ин мардум мушкилоти рақами 1 ба ҳисоб меравад, афзуд Александр.

 

Фирори фирориҳо аз даст Интернет...

06.10.2022. Соат бо вақти Душанбе 12:30 дақиқа. Рейди мухбирони газетаи мардумии СССР дар х.Рӯдакии пойтахт, дар назди чойхонаи “Роҳат” ва дафтари марказии “Амонатбонк” ва “Ориёнбонк” идома ёфт. Дар ҳақиқат чойхонаи “Роҳат” 1 ҳафтаи ахир хеле серодам буд, зеро русҳо аксаран ба хотири хӯрокҳои миллӣ ва нархҳои арзон маҳз ин чойхонаро интихоб кардаанд. Маълум аст, ки бонкҳо низ дар ин рӯзҳо макони асосии муроҷиати “меҳмонон” шуда буданд.

Дар тӯли беш аз 3 соат ба мо муяссар шуд бо беш аз 10 шаҳрванди фирории ФР суҳбат кунем. Ба посухи мо дар бораи он, ки чи бештар писандашон омад, ҳамагӣ мегуфтанд, ки обу ҳаво ва меваҳои шаҳдбори тоҷик онҳоро афсун кардааст. Бадтарин чизе, ки онҳоро нороҳат намудааст ин суръати интернети сангпуштмонанди тоҷик аст, ки воқаен яке аз сабабҳои зуд рафтани онҳо шудааст. Шояд барои ин месазад аз Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ изҳори сиспо намуд, ки моро аз дарди сари зиёдатӣ дар арафаи мавсими зимистони нав халос кард?!

Воқеан ҳам, вақте суръати сусти Интернет дезертирҳоро мегурезонад, пас вой бар “даҳсолаи рушди сайёҳӣ ва туризм”. Ким, Кто, Кӣ дар асри 21 ба кишваре меояд, ки интернеташ суръати сангпуштӣ дорад???

Дар бораи мобилизатсия ва дезертир будани худ аксарият посух надоданд. Танҳо мегуфтанд: “Это плохо и без комментариев...”. Касе худро хоин эҳсос намекард, вале барои дифои Ватан низ намехост бархезад. Версияи видеоии ин гузоришро метавонед аз саҳфаи Ютубии мо - СССР ТВ тамошо кунед.

 

Дидгоҳи русҳо иваз шуд?

Албатта, эълони мобилизатсия ба навъе ба фоидаи мо низ шуд, зеро аксарияти ин фирориҳо то имрӯз на Тоҷикистонро мешинохтанду на дида буданд, доираи фаҳмиши онҳо дар ҳамон доираи муҳоҷирони меҳнатӣ буду халос. Акнун онҳо шахсан диданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чи кишварест ва шояд ин сафар нигоҳи онҳоро пеш аз ҳама нисбат ба шаҳрвандони кории мо иваз намуд. Зеро ба гуфтаи консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбурги Федератсия Россия устод Зафар Саидзода тоҷик фақат муҳоҷири корӣ нест, тоҷик ресторатор аст, олим аст, ҳунарманд аст, шоиру нависанда, аст, варзишкор асту сиёсатмадор!

Ҷамила Ҳусейнова,

Хайрулло Мадисоев, СССР

А.Собир, суратгир

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter