ХАБАРИ ДОҒ

ДУШАҲРВАНДӢ, ГРИНКОРТ ВА ТАРС…

  • Чоршанбе, Окт 19 2022

Аз СССР: Ин матлаб аккурат 3 сол пеш навишта шуда буд. Хонандаи огаҳ ёд дорад, ки он замон наҳзатиёни шайтонпеша, айёрони дар ФР маскан гузида, камазистҳои калағафси амрикоӣ, даҳҳо ҳазор тоҷики русшудаи паспорти ФР гирифта, зидди газетаи мардумӣ компанияҳо ташкил карданд. Моро ба кадом   гуноҳу ҷурме, ки бадном накарданд ва чӣ дашному сақате, ки нагуфтанд, мо медонему Худо. Хуб... Ин ҳам гузашт!

Вале акнун дидед, ки мо ҳаққ будем? О, куҷо паспорти русиятро пинҳон кардаву ба Тоҷикистон фирор мекунӣ, а, «Шери Майдон»?. Ту 1 бор Тоҷикистони азиз-Модари худатро фурӯхта, бо ифтихор фарзанди ӯгайи Россия шудӣ! Пас, бирав ба ҷанг, ба хизмат, ба ҳимояти ватани дуввумат!!! Ту аз ин ватан рондаву аз унаш ронда шудӣ! Ва акнун дарк кардӣ, ки СССР мисли ту оғиландеша несту даҳсолаҳо ба пешро менигарад?

Ва дар охир: Онҳое, ки грин-корту паспорти Амрико ва шаҳрвандии Аврупоро мегиред, мутмаин бошед, шуморо низ рӯзе не рӯзе, ҳатман повестка додаву ба ҷанг мебаранд. Зеро ҳеҷ кас бидуни ватани худ дар ягон ватани дигар иззату икроме надорад. Ва агар чуни намебуд, Худои Мутаъол Пайғамбарашро бозпас аз ҳиҷрат ба Маккка-Ватани Бобоияш бо нусрат барнамегардонид...

Вале шумо тарсуҳоро садқаи Ватан кунад!!! Мо Метавонем!

 

  Чоршанбе, 20.11.2019. Агар дархости душаҳрвандиву грин-корт ватанфурӯшиву ватанбезорӣ нест, пас чаро амрикоиҳо грин-корти моро намегиранду русҳо ба Тоҷикистон барои «переселение» ё худ кӯчбандӣ намеоянд???

Чанде қабл 1 дӯсти бисёр наздикам занг задаву гуфт: «Сайёф, 1 бало карда, аз Тоҷикистон баро, ки вазъ сол то сол батар шудан дорад. Хатароти рӯзафзуни терроризм, давлати исломӣ, кашмакаши абарқудратҳо, вархӯрди манофеи Русияву Амрико дар минтақа ва ғ. ва ҳ. Осиёи Марказиро ба маркази набардҳо табдил хоҳанд кард…». Ин дӯсти ман соли 5-ум аст, ки тарки ватан кардааст, бо аҳли байташ. Ҳушдорам ҳам медод, ки «медонам патриотӣ, вале ақаллан фикри бачаҳоятро кун…».

Ба ӯ гуфтам ва ба ту ҳам мегӯям хонанда:

-Ман ҳеч куҷо намеравам! Ҷанг шуд, пеши хонаам окоп меканаму меҷангам! Ҳамин иддаои маро Шоираи Раҳимҷон-ҳамкори гиромиям дар Амрико карда буд, ки чун пешниҳодаш карданд, грин-корти Амрикоро ба даст оварад, ки вазъ метавонад дар Тоҷикистон бад шавад, гуфта:

-Худо накунаду, ҷанг шуд, паҳлӯи Сайёфи акам дар окопи пеши хонааш ҷой мегираму тираш медиҳам, то бо душман ҷанг кунад!

 

Байниватанӣ ё беватан?

Русҳо 1 масали халқӣ доранд: «Каламушҳо қаблтар аз ҳама киштии ғарқшударо тарк мекунанд-Крысы первыми покидают тонующий корабль». Имрӯз переселение-кӯчбандиву грин-кортҷӯии тоҷиконро дида, ҳамин мақол пеши назар меояд. Эй, мардум! О, Ватан танҳо барои кайфу сафош нест! Ватан, ки дар хатар монд, онро ҳифз бояд, на тарк!!! Имрӯз, ки дар шароити амну фазои осоишта ба сар мебарему барои «мабодо!» фавҷ-фавҷ рахт бандем, фардо, Худо накунад, балое сар зад, чӣ мекарда бошем? 1 бор фикр кардаед, ки агар Сангаку Файзаливу Лангариву Ёқубу Ғаффору Исматча… дар с.1992 фикри худро кардаву мегурехтанд, ҳоли Тоҷикистон чӣ мешуд? Ин муштзӯрон 1000 бор патриоттар аз аҳли донишу зиёи имрӯзинанд, ки дар сар андешаи «торик-ул-ватанӣ» доранд!

Андешае кардаӣ, хонанда, ки фарзи мисол, сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ва риски ӯ дар с.1992 намешуд, Ватан дар куҷо буд? Магар ӯ имконият надошт, ки мисли дигарон фирор кунад? Дошт! Вале нарафт ва ватанро сохт! Маҳз сохт! Аввал сохт ва баъдан ҳифз кард…

Ин дар ҳоле буд, ки «лже-патриот»-ҳои дигар на танҳо аз пойтахт фирор карданд, ки гурехта рафта, гӯшаҳои ватанро ба ҳамсоягон фурӯхтанд, хостанд, ки бо диёри бобоияшон вориди дигар кишварҳо шаванд. Ин мавзуъро СССР, ки газетаи патриотист, пайгирӣ мекунад ва то он хоинон ҷазои сазовор нагиранд, лаҳзаҳои ногуворашон давом мекунад. Мо Метавонем!

 

33.000 дар 72 моҳ рус шуд!!!

Ва ана ҳамон тарсу-ваҳмакҳо имрӯз низ пайдо шудаву миллатеро гурезонданиянд. Ба далелу арқом таваҷҷӯҳ кун, хонанда. Дар 6 соли ахир беш аз 33.000 нафар ҳуқуқи зист дар Русияро соҳиб шудааст! Ин дар ҳолест, ки 76.000 тоҷикистонӣ дар талаби дарёфти квотаи кӯчии ихтиёрист-добровольное переселение. Куҷо меравад ин мардум? Инҳо унҳое нестанд, ки дар Русия муздурӣ доранд! Муздуре, ки кор кардаву ба аҳли байташ пулу молу манол мефиристад, патриоти асил аст. Онҳо ватан месозанд. Вале инҳо дар фикри гурез аз ватананд!

Ман пешниҳод дорам, ки ҳар нафаре ин мақом-кӯчбандии ихтиёриро бармегузинад, паспорти русӣ мегирад, бояд паспорти тоҷикияш бозхонда шавад. Бигзор равад! Вале ба умеде наравад, ки Ватанро Тоҷикони асил обод мекунанду бозгашта меояд. Ватан, ки ба онҳо имрӯз лозим нест, онҳо низ фардо ба ин Ватан нолозиманд! Ва агар миллионҳо далели шайъиву шаръии сапедсози тасмими худро оваранд ҳам, ман шахсан ба ягон тани онҳо эътимод надорам. Зеро патриот бояд дар ватану бо ватан бошад! Грин-корт, паспорти ФР ва «кӯчбандии ихтиёрӣ-переселение» хиёнат ба ватан асту бас. Тамом вас-салом!

Ин дар ҳолест, ки сарватмардону вазирону кабироне, ки пулу молу сарвату давлати хешро тавассути ширкатҳои оф-шор ба берун мекашанд, 2 карат хиёнаткортар ҳатто аз онҳоеянд, ки ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мепайванданд. Зеро агар охириҳо танҳо ҷони худро зери риск қарор диҳанд, пас инҳо сармояи Ватанро рабудаву Давлати моро таҳти риски муфлисӣ гузоштан доранд. Яъне инҳо ба фардои Тоҷикистон бовар надоранд ва бояд ликвид шаванд!

Сахт гуфтам? Мо Метавонем!

СМ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter