ХАБАРИ ДОҒ

Ман бо Президентам ифтихор дорам!!!

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

 

В.В.Путин: “Фикр мекунам, он чӣ, ки Эмомалӣ Шарипович гуфт (дар дидори Остона-ред.), куллан дуруст аст!!!”

 Ахиран фазои иттилоотии СНГ, ё худ Давлатҳои Муштаракулманофеъ таркид. Дар тӯли 30 соли мавҷудияти ин созмон нафаре ёфт шуд, ки ҳақиқати ҳолро ба рӯи ҳамтоҳои худ, президентони кишварҳои ҳамсуд бигӯяд! Ва ин нафар Эмомалӣ Раҳмон-Президенти ҶТ гардид.


Воқеан ҳам ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро чанд рӯз пеш аз ин баҳс, Александр Лукашенко «Шахсияти №1 дар қораи СНГ» номид, гумон аст, дигар касе ҷуръат мекард, ин гапҳоро ошкоро ва мухотаб ба Президенти ФР бигӯяд. Зеро Президенти мо воқеан ҳам ҷасур, далер, якрӯ ва ба таъбири мардумӣ «Шери нар» аст!!!

Маҳз ҳамин ҷасорат будӣ, ки кишвари мо соҳиби Сулҳ гардид. Шахсан ман дар 1 пресс-конфронси Абдуллоҳи Нурӣ, дар соли 1999, дар ш. Кӯлоб ширкат доштам, ки ахирӣ сареҳатан мегуфт:

-Ман ҷавонмардам ва ҷавонмардонро дӯст медорам! Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмардтарин нафарест, ки шахсан ман дидаам ва агар ӯ новобаста ба таҳдидҳо ба Хусдеҳи Афғонистон намеомад, гумон аст, ки мо ба сулҳ розӣ мешудем!!!

Моҷарои Хусдеҳро имрӯз ҳама медонем. Ҳатто Аҳмадшоҳи Масъуду Раббонӣ тавассути Кумитаи Амнияти кишвар шахсан ба сарвари давлати мо муроҷиат карданд, ки:

-Наоед!!! Хатар дорад!!!!

Вале Президенти Тоҷикистон, ки ба мо-халқи оддӣ Сулҳ ваъда карда буд, тани танҳо ба Хусдеҳ рафт! Рафт, қумандонҳои гизаларо моту мабҳут кард ва ба Тоҷикистон Сулҳ овард!

Воқеан ҳам Абдуллоҳи Нурӣ 1 бори дигар дар варзишгоҳи Ғарм гуфта буд:

-Вақте мариз шудам, сари бистарам, гӯиё кайҳо мурда бошам, наҳзатиён молу колоямро тарака мекарданд ва ҷанҷолу пархош доштанд. Рӯзе Эмомалӣ Раҳмон ба аёдатам омад, ҳоламро дид ва оҷилан фармон дод, ки маро ба Олмон барои табобат бубаранд ва ин ки ин ҷо истодаам, хизмати Ҷаноби Олист!!!»

 Роҷеъ ба таҳдиду террорҳо, ки дар Бадахшон бар ҷонаш қасд кардаанд, СССР борҳо аз забони шоҳидон навишта буд. Вале барои сарҷамъии миллат ӯ боз ҳам Бадахшон мерафт. Шояд кам касе донад, ки ҳамин Холбаш Холбашевро, ки имрӯз аз ӯ баъзе расонаҳои хориҷӣ «ситамдида» ё худ «великомученник» ва «қаҳрамон» метарошанд, ҳатто баъди оне, ки сӯи сарвари давлати мо тир холӣ кард, Президент бахшид! На танҳо бахшид, ки иҷозат дод, дар сафи нерӯҳои марзбонӣ хизмат кунад ва ҳатто унвони генерал дод. Ва аммо ӯ боз ҳам хиёнат кард ва имрӯз ҷои худашро дар кунҷи зиндон ёфт.

            Роҷеъ ба уфувӣ ё худ бахшояндагии Эмомалӣ Раҳмон танҳо ҳамин факт кофист, ки дар тӯли 30 сол 16 бор Амнистия имзо ва садҳо ҳазор нафарро озод кард, ки ягон президенти ягон давлати дигар, дар ягон давру замон, ин корро накардааст! Ба таҳқиқ ӯ уфув аст, бахшанда аст.

            Вале баргардем, сари моҷарои дар Остона ба вуқуъ пайваста. Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ дар ин дидор аз муносиботи духӯра ва дугуна эрод гирифт. Минҷумла ӯ гуфт, набояд дар собиқаи начандон дур Маскаву Киеву Минску Остонаро чун меҳвари СНГ ба назар мегирифтанд. Зеро Бокуву Еревану Тошканду Бишкеку Душанбе низ аъзои комилҳуқуқи ин созмонанд. Воқеан ҳам он чӣ дар Киев гузашт, мо-ку медонем. Украина мисли Гурҷистон абадан аз Маскав ва СНГ реб рафт. Муносиботи духӯра метавонад, дили кишварҳои Осиёиро низ аз Кремл сард кунад. Гилояи Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Тоҷикистон маҳз бар нафъи Россия аст, на чизи дигар, ки бархе ҳадс мезананд.

Президенти ҶТ ба ҳайси нафаре, ки бештар аз ҳама дар деги сиёсати байналхалқӣ ҷӯшидааст ва собиқаи бештари раҳбарӣ дорад, панди бародарона ба Маскав дод, ки бояд дуруст қабул ва талаққӣ шавад. Ба вежа дар ҳамин шабу рӯзе, ки тамомии Аврупо ва НАТО бо Маскав дар набарданд, Душанбеи расмӣ шарики стротегӣ ва боэътимодтарини Россия мемонад. Зеро бидуни Тоҷикистон ФР дар ягон кишвари дигар Базаи Ҳарбӣ ва Дидбонгоҳи кайҳонии «Окно» надорад ва гумон аст, ки дигар пайдо ҳам кунад.

Воқеан ҳам дар мавриде, ки дигар кишварҳо барои будубоши базаҳои худ ва системаи дидбонгоҳии кайҳонӣ ба давлатҳои дӯсти худ миллиардҳо доллар иҷорапулӣ медиҳанд, Россия бар ивази чанд пули номиналӣ (агар хато накунам 1000 сомонӣ) дар кишвари мо иҷора мешинад. Ин амал агар садоқат бар аҳду дӯстӣ нест, пас чист???

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14.10.2022, дар Остона, аз номи Душанбе не, аз номи аксари кишварҳои ОМ ҳарф зад, ки мехоҳанд онҳоро иззат гузоранд ва ҳурмат кунанд, зеро онҳо дигар республикаҳои узви СССР не, балки кишварҳои мухтор ва алоҳидаанд:

”Мо мехоҳем, ки моро ҳурмат кунанд. Магар мо кадом як бегона ҳастем? Мо ба сармоягузории зиёде эҳтиёҷ надорем. Владимир Владимирович аз шумо хоҳиш, ки дигар сиёсат нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ набошад.”

Президенти Тоҷикистон афзуд:

“Ҳамин (бархӯрди номутаносиб-ред.) сабаби фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Ман фикр мекунам, Шумо нороҳат намешавед. Мо шоҳиди фурӯпошии СССР будем, ман дар толори ҷаласа будам, ки шӯравӣ аз ҳам пошид. Дар он замон, ман узр мехоҳам, мисли ҳоло ба кишварҳои хурд, ба миллатҳои хурд аҳамият намедоданд. Расму анъанаҳояшонро ба инобат намегирифтанд. Кӯмаку дастгирӣ намекарданд, ки пешрафт кунанд.”

Ин 1 ҳушдори дӯстона ва бародарона ба кишварест, ки абарқудрат ҳам бошад, бояд шарикони худро аз даст надиҳад...

Шахсан маро ба навишти ин матлаб акси садои миллати тоҷик ва ҳатто русҳои муқими Тоҷикистон, таҳрик дод, ки флешмоб ташкил кардаву дар сайтҳои интернетӣ аз баромади Президенти худ дар Остона болида, тарафдорӣ карда, менавиштанд:

-Ман бо Президентам ифтихор дорам!!!

Бонуи русе бошад, шахсан ба ман занг зада, бо забони фасеҳи Тоҷикӣ гуфт:

-Ҷаноби Олӣ, просто, Шери Нар аст!!!

Шахсан мо бо Шумоем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои Миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ва Мо Метавонем!!!

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter