ХАБАРИ ДОҒ

Канали Вахш: камбудӣ ҳаст, аммо…

  • Чоршанбе, Окт 26 2022

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби шикоятии шаҳрванд Давлат Ҳабибов, сокини Хатлонзамин, ки ба Шуъбаи умумӣ ва коргузории вазорат ворид гаштаро доир ба шикоят тариқи телефонӣ (+795-247-35-07) ба идораи ҳафтаномаи СССР занг зада, ба воситаи сомона аз масъулони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба вазъи беҳдоштию санитарии канали н.Вахш арзу шикоят намудааст, баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад.

Тибқи супориши роҳбарияти сохторӣ аз тарафи мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии н.Вахш гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси маҳаллаи деҳаи Сохтмон, мудири Бунгоҳи тиббии деҳаи мазкур ва кормандони маркази болозикр минтақаи соҳилии канали н.Вахш, воқеъ дар маҳаллаи Туркманистон (бо номи собиқҳаммоми Туркманистон) аз назар гузаронида шуд. Маълум гардид, ки дар наздикии канал ҳамагӣ 34 адад хоҷагиҳои манзилӣ (хонаҳои истиқоматӣ) ба канали мазкур ҳамшафат буда, хоҷатхона ва ҳаммому таҳоратҷойҳо дар ҳамшафатӣ бо канал вуҷуд надошта, сохта нашудаанд.

Дар ҳамон рӯз мо кушиш кардем бо шаҳрванд Давлат Ҳабибов-муаллифи мақола тариқи телефонӣ дар тамос бошем, вале муяссар нашуд, рақами телефон нодуруст буда, дар асл вуҷуд надорад. Санҷиш нишон дод, ки камбудиҳои дар мақола дарҷ гардида, асоси худро наёфта, тасдиқ карда нашуданд. Масъалаи таъминот бо оби нӯшокӣ дар ноҳия таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дорад. Дар баъзе ҷойҳои канал ифлосиҳо ба қайд гирифта шуданд, ки бартараф намудани онро раиси маҳаллаи мазкур ба уҳдаи худ гирифт.

А.Амирзода,

муовини вазир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter