Исматулло Собирӣ, собиқ корманди газетаи мардумӣ, ки ҳоло дар муҳоҷират аст, ба редаксия занг зада (тел: 8372385556), гуфт, ки ҷавонони тоҷике, ки барои кор ба Россия меоянд, набояд фирефтаи духтарони рус шуда, аз зану фарзанд ва хонаводаи хеш рӯй гардонанд.
- Мехоҳам тавассути газетаи дӯстдоштании СССР ба саъми ҷавононе, ки бори аввал ба Россия меоянд, 1 чизро расонам. Вақте муҳоҷир мешаведу духтарҳои зебои русро мебинед ё ин, ки тавассути телефон шинос мешавед, асло дар қаҳвахонаю тарабхона шиштанро орзу накунед. Зеро онҳо бо пешхизматҳо қаблан нақшаи шуморо бо чанд рубли русӣ кашидаанд. 1 рафиқи наздикам гуфт, ки ман бо духтаре дар қаҳвахона во хӯрдам, ҳамагӣ ба 9000 рубл хӯрок хӯрда будем, аммо пешхизмат расиди сохтаи 35000 рублро ба ман дод. Хулоса қариб, ки депорт (ҳатто зиндон ҳам мумкин) мекарданд, вале бо рафиқони шиносам корро ҳал кардем. Бо чунин қаллобӣ аксар ҷавонони ноогоҳ рӯбарӯ мешаванд. Эҳтиёт бошед!