ХАБАРИ ДОҒ

08.10.2022.Генерали армия Сергей Суровикин сарфармондеҳи Қушунҳои ФР дар Украина таъин гардид. Сар аз 09.10.2022 бомбабаорони шадиди нуқтаҳои хизматрасонӣ, сӯзишворӣ, электроэнергӣ, стансияи ТЕС ва фармондеҳиву базаҳои низомии укроиниҳо дар дохили Украина бо шумули Киев ва вилоёти наздик ба Полша шуруъ шуд. Коршиносон мегӯянд, ҳамлаҳои ракетаҳои дурзан ва истифода аз қӯшунҳои ҳарбӣ-кайҳонӣ-ҳавоӣ кори дасти Суровикин аст. Нафаре, ки ҳамагӣ 5 сол пеш фармондеҳи қушунҳои ФР дар Сурия таъин гардид ва бадтарин падидаи асри 21-ДИИШро дар тӯли ҳамагӣ чанд моҳ маҳву несту нобуд сохт...

Вале чаро мо дар бораи Суровикин менависем? Зеро ӯ дар ҷанг ва сулҳи Тоҷикон дар солҳои 1992-1997 дасти тамом дошт. Ба гуфтаи шоҳидон агар Суровикин намешуд, боевикҳои саркаши Фронти халқӣ, ки ҳар як шоҳу вазир худро мегумошт, инфрасохтори шаҳри Кӯлоб, платсдарми ҳукумати конституониро валангор мекарданд...

 

Таваллуди №1

Сергей Владимирович Суровикин, ки худро «кӯлобӣ» мехонад, зеро солҳои тӯлонӣ фармондеҳи полки Дивизияи 201 мустақар дар шаҳри бостонии Кӯлоб буд, ҳанӯз дар соли 1991, рӯзҳои ГКЧП аз худ дарак дод. Бо амри Дмитрий Тимофеевич Язов, вазири мудофиаи СССР, ки ҳомили ГКЧП буд, Суровикин ба Маскав баталйони низомияшро кашид. Дар ҳайъати баталони капитан Суровикини 25-сола, 20 БМП ва 1 БРДМ (мошинҳои зиреҳпӯш) буд. Мардуми шӯрида, ки тарафгирони Елтсин ва зидди СССР буданд, садди роҳаш шуданд. Суровикин аввал пеши мардум баромада, талаб кард, ки парканда шаванд ва аз таппончаи худ 2 тир ба ҳаво зад. Вале табаддулотгарон, ки он замон худро қаҳрамон мехонданду ҳоло ҳама пушаймонанд, ба мошинҳои зиреҳпӯш ҳуҷум карда, 2 машинаро сӯхтанд. Суровикин ягона фарондеҳе шуд, ки сӯи мардум тир кушод ва аз болои чанд «нео-қаҳрамон», ки худро дар роҳ партофта, садди роҳ мегаштанд, гузашт. Бар асари ин амалкард 3 нафар (Дмитрий КомарИля Кричевский ва Владимир Усов ) ҷон дод. Аввал онҳоро қаҳрамон хонданд. Ҳоло дар ФР ба ишон туф меандозанд. Зимнан, ҳар «қаҳрамоние», ки мекунед, ба ояндаи дур назар андохта кунед, хонандаи ман!

Баъди ГКЧП Суровикин барои ин куштор ҳабс шуд. Вале баъдан бо рутбаи болотар озод гашт. Зеро ӯ фармон иҷро мекард! Ва медонед, кӣ ӯро озод кард? Оре, аккурат, Елтсини бадмаст, ки ун бечораҳоро ба таки танк тела дода буд. Елтсин баъди 200 гр задан, нидо дармедиҳад: «Майор Суровикн озод карда шавад!!!». Бо ҳамин капитан Суровикн бо унвони майор ба озодӣ баромад...

 

Таваллуди №2

Дар соли 1995, ҳини донишомӯзӣ дар Академияи низомии ба номи М.В.Фрунзе, Суровикин боз ба суд кашида мешавад. Ӯро барои фурӯши ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ бо банди 17, қ. 1.  218 УК РСФСР ба зиндон мекашанд. Вале баъди чанд моҳ бегуноҳияш собит ва озод мешавад. Баъдар бадбинонаш ӯро «силоҳфурӯш» мехонданд. Инро дида, Суровикин аз сари нав делояшро худаш талаб мекунад, ки прокуратураи ҳарбӣ бозбинӣ кунад. Дар натиҷа пурра ва комилан ин айбнома аз парвандааш вардошта мешавад.

 

Таваллуди №3

Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки ДИИШ ё худ ба ном Далвтаи Исломии Ироқу Шом моли ҳалоли қудратҳои ғарбист. Ин давлати сунъии исломбадномкун, то соли 2017 озод амал мекард ва НАТО (нахандед) солҳои тӯлонӣ ин гурӯҳи террориститро «барҳам зада наметавонист». Ин аст, ки Россия ба кӯмаки Башор Асад ба Сурия рафт. Фармондеҳи Армияи русӣ дар ин моҷаро маҳз Суровикин таъин шуд ва мушакҳои русӣ аз баҳри Хазар (Каспий) ва Сиёҳ ситодҳои ДИИШро нишон гирифтанд. Ҳавопаймоҳи русӣ низ ба кор даромаданд ва дар байни чанд моҳ аз ДИИШ на пай монду на ҳайдар. Дар ин ғалаба Суровикин дасти тамом дошт ва ин аст, ки Путин В.В. дар таърихи 28 декабри 2017 шахсан ба ӯ унвони Қаҳрамони Россия ва ордени «Золотая Звезда» дод... Ин дар ҳолест, ки парвандаи қаҳрамони мо ин ҷо низ бе «приключение» намонд ва  HumanRightsWatch 1 ниҳоди байналхалқии ҳифзи ҳуқуқ, ӯро дар бомбабаорони аҳолии осоишта дар озодсозии Идлиб-маркази ДИИШ гунаҳкор хонд...

 

Таваллуди №001

Вале тавре гуфтем, моро ба навишти ин матлаб маҳз «кӯлобӣ» будани ин лашкаршкаш водор кард. Тавре мардуми маҳаллӣ мегӯяд, агар Суровикин намешуд, шаҳри бостонии Кӯлоб хароб мегардид. Аз соли 1995 то соли 2002 ӯ дар Дивизияи 201-ум, бештар дар полки мустақар дар ш. Кӯлоб хизмат кардааст. Маҳз бо дастгирии ӯ гурӯҳҳои Қурбони Чол, ки замоне саркаш шудаву зидди ҳокимияти маҳаллӣ, ки он даврон раисияш бар дӯши Раҳмоналӣ Амиров буд, шӯриданд. Фаромӯшхотир нестем ва медонем, чӣ рӯзҳои сияҳе он ҳангом Кӯлобро печида буд. Ҳар кӯча қумандон дошту ҳар хиёбон штаб ва ҳар хонавода генералу маршал. Ба шаҳодати муосирин, бо даъвати Амиров, Суровикин тонку тӯпашро бароварда, инфрасохторҳои шаҳрро ҳимоят карда, аз ҳукумати маҳаллӣ пуштибонӣ намуд. Кор то ҷое расид, ки қариб дар майдони Равшани Кӯлоб миёни худи размандагони Фронти халқӣ хунрезӣ мешуд. Маҳз бо миёнчигарии Суровикин ин моҷаро хомӯш шуд ва қумандонҳо хатои худро фаҳмида, аз хархаша ва саркашӣ рӯ гардониданд.

Журналистони маҳаллии Кӯлоб то ҳанӯз аз ин марди шариф чун аз қумандони сахтгир, вале нармдил ба некӣ ёд мекунанд. Яке аз ин рӯзноманигорони шоҳиди ҳодисоти он солҳо Сироҷиддин Иззатуллоев, сардабири Дайджест-Пресс дар шумораи ахирии ин газета роҷеъ ба корномаи Суровикин дар ҷанги гражданӣ ва хомӯш сохтани таниш миёни қумандонҳои саркаши саҳроӣ бисёр матлаби ҷолибе нашр кардааст. Ҳар чӣ буд ё не, Суровикинро имрӯз мардуми Кӯлоб ба некӣ ёд мекунанд ва аз ӯ чун аз марди асили «кӯлобӣ», ки ба доди мардуми оддӣ мерасид, сипосгузорӣ менамоянд.

 

Таваллуди №4

 Суровикин Сергей Владимирович аз 16.08.2021 соҳиби унвони генерали армия гашта, дар муҳосира ва асорати сарбозони ВСУ (Укроин) дар Луганск даст дошт. Ӯ аз 08.10.2022 бо фармони Вазорати Мудофиаи ФР сарфармондеҳи гурӯҳи муташаккили қисмҳои низомӣ дар ҷанги Украина таъин гардид.

Дар байни генералитети Россия ва НАТО бо тахаллуси «Генерал Армагеддон» маъруф аст. Армагеддон дар қиссаҳои аҳди қадим «ба маънои охирон ҷанг миёни қувваҳои бадиву некӣ дар олам омадааст»...

Ва аз ҳама охир. Мо дар ин ҷанг тарафдори ягон тараф нестем. Зеро тарафгири сулҳем ва умеду орзу дорем, ки ҷанг миёни 2 халқи славянӣ ҳарчӣ зудтар ба охир мерасад. Мо танҳо дар бораи нафаре қисса кардем, ки дар ҷанги граждании мо низ ширкат дошт. Мо Метавонем!

Муҳаммади Мубориз

Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter